- Чорабиниҳои фарҳангӣ
- Намоишҳо : 19
Дар саҳни Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, сардорони раёсатҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳамчунин муовинони раисони ноҳияҳои Ёвон ва Кӯшониён, роҳбарону намояндагони сохторҳои дахлдори давлатӣ, омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони муассисаҳои таълимии ноҳия даври ноҳиявии Фестивали вилоятии “Либоси миллӣ — нишонаи тамаддун ва фарҳанги миллӣ” баргузор гардид.
Хондан ...- Намоишҳо : 4
Имрӯз дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон маҷлиси васеи падару модарони донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҷлис муовини раиси ноҳияи Ёвон Саёҳат Абдуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Меъроҷи Абдулҳаким иштирок ва дар мавзуи таълиму тарбия, риояи арзишҳо ва суннатҳои миллӣ, пешгирии фарзандон аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, фирефта шудан ба ақидаҳои ифротии ҳизбу ҳаракатҳои эктремистию террористӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ суханронӣ карданд.
Директори Коллеҷ Субҳиддин Иззатов зимни суханронии худ аз ҷумла зикр намуд, ки “Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон соли 2018 ба фаъолият шурӯъ карда, то имрӯз зиёда аз 1400 нафар донишҷӯёнро соҳиби касбу ҳунар намудааст, ки имрӯз онҳо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз кишвар кору фаъолият доранд.
Дар давоми ҳамин муддати кӯтоҳ, коллеҷи мо дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми сазоворро касб намуда, тайи се соли охир ба гирифтани ҷойҳои 1-ум ва 2-юм сазовор гардид, ки ин аз натиҷаи заҳматҳои омӯзгорон ва донишҷӯён шаҳодат медиҳад. Донишҷӯёни коллеҷ ҳамасола дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Масалан, соли гузашта 5 нафар шогирдони мо дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ (аз рӯйи фанҳои дақиқ) ширкат варзида, 4 нафари онҳо соҳиби ҷойи 1-ум ва 1 нафар соҳиби ҷойи сеюм, инчунин, 1 нафари дигар дар олимпиада аз фанни таърих сазовори ҷойи сеюм гардиданд, ки ин дар тамоми ҷумҳурӣ дастоварди беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Хондан ...- Намоишҳо : 53
Имрӯз дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо мақсади дарёфти донишҷӯёни болаёқату донишманд даври аввали Олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои гуманитарӣ баргузор карда шуд. Зимни ифтитоҳи ин чорабинии маърифатӣ директори муассиса Изатов Субҳиддин қайд кард, ки дар муассиса барои донишазхудкунӣ ва маърифатандӯзии донишҷӯён тамоми шароитҳо муҳайё буда, беҳтарин омӯзгорон дар гурӯҳҳои олимпӣ барои ба даврҳои минбаъдаи Олимпиадаҳои фаннӣ омода намудани донишҷӯён садоқатмадона заҳмат мекашанд.
Хондан ...- Намоишҳо : 49
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои омӯзгорӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, таъмини донишҷӯён бо адабиётҳои таълимӣ, фаъолияти комиссияи интиқол ва барқарор дар давраи таътили тобистона, вазъи омодагии муассиса ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ва дигар масъалаҳои зарурии раванди таълиму тарбия баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки ба омӯзгорони унвонҷӯ шурӯъ аз моҳи январи соли 2026 иловапулӣ дар ҳаҷми 10 фоиз (дар оғози соли нави таҳсил музди меҳнати омӯзгорон 30 фоиз зиёд гарид) пардохт карда шавад.
Хондан ...





