Қисми таълим яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими коллеҷ маҳсуб ёфта, фаъолияташро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва Оинномаи коллеҷ ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст. Қисми таълим идоракунии умумии раванди таълимро амалӣ сохта, фаъолияти таълимии кафедраҳо ва факултетҳои коллеҷро мувофиқа месозад.
- дар якҷоягӣ бо кафедраҳои тахассусӣ стандарт ва нақшаҳои таълимии навро бо назардошти тақозои замон коркард менамояд;
- иқтибос аз нақшаҳои таълимиро тафтиш намуда ба системаи барномавии таълим ворид месозад ва тақсимоти онро дар кафедраҳо зери назорат қарор медиҳад;
- ҳаҷми сарбории таълимии аз тарафи кафедра тартибдодашударо дида баромада ба низомномаи сарборӣ мувофиқ будани онро назорат менамояд;
- корҳои хатмкунӣ, лоиҳаҳо ва корҳои курсиро барои бо солҳои қаблӣ такрор нашудан тафтиш намуда онҳоро зери назорат қарор медиҳад;
- оиди тартиб додани комиссияҳои аттестатсионии давлатӣ корҳои заруриро ташкил менамояд;
- давомоти донишҷӯён ва дарсазхудкунии онҳоро зери назорат қарор дода баҳри бартараф намудани камбудиҳо саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим:
- муайян сохтани самтҳои афзалиятноки баландбардории сифати таҳсилот ва такмили ихтисоси кадрҳои коллеҷ;
- таҳияи лоиҳаи талаботи ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳияи барномаҳои таълимии фаннӣ (силлабусҳо, маҷмӯи саволу ҷавобҳои тестӣ (санҷишӣ), саволу ҷавобҳои рейтингӣ);
- ба низом даровардани номгӯи ихтисосҳо тибқи равияи коллеҷ, таъмин намудан бо маводҳои таълимӣ, барномаҳо ва назорат намудани иҷроиши онҳо;
- таҳлил намудани таркиби фанҳои таълимӣ, манзур намудани пешниҳодот доир ба ворид кардани тағйироту иловаҳо ба нақшаҳои таълимии амалкунанда;
- таҳлилу натиҷагирии сатҳи донишазбаркунии донишҷӯён;
- омӯзиш, натиҷагирӣ ва назорати ҷараёни таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ, омӯзгорӣ, пешаздипломии донишҷӯён;
- тартиб додани реҷаи ҷараёни таълим ва ҷадвали дарсҳо;
- таҳлил кардани натиҷаҳои аттестатсияи давлатии ҷамъбастии хатмкунандагон (ҳимояи рисолаҳои тахассусии хатм);
- банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ;
- таҳияи тавсияҳо доир ба такмилдиҳии раванди таълим;
- назорат намудани раванди банақшагирӣ, ҳисобу китоб ва иҷроиши сарбориҳои таълимӣ ва илмӣ-методии омӯзгорони коллеҷ.