- Намоишҳо : 0
Устод Қамаров Саттор- омӯзгори калони кафедраи фанҳои табиӣ-риёзии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ба донишҷӯёни муассиса аз фанни химияи гайриорганикӣ дарс медиҳад.
Устод дар баробари дониши қавӣ, нутқи фасеҳ, муносибати хуб, масъулияти бузург дар назди шогирдони хеш доштан, ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки дарс ва машғулиятҳои амалиро бо истифода аз воситаҳои иттилоотии муосир ва усулҳои самарабахшии таълим доир намуда, дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён саҳми худро гузорад.
Хондан ...- Намоишҳо : 1
Бо мақсади иҷрои дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.12.2025, №09/2406 ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор карда шуд.
Хондан ...- Конференсияи илмӣ-назариявӣ
- Намоишҳо : 2
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо Коллеҷҳои технологӣ -фарматсевтӣ ва тиббии ноҳия бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳони мубориза бар зидди ВНМО Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони НАСЛИ СОЛИМ- ҶОМЕАИ СОЛИМ баргузор карда шуд.
Баъд аз суханронии маърузачиён байни иштирокчиён саволу ҷавоб оид ба ВНМО ташкил гардида, шахсоне ки ба саволҳо посухҳои дуруст пешниҳод намуданд бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Хондан ...- Намоишҳо : 26
Имрӯз аз ҷониби донишҷӯёни Коллеҷҳои технологӣ -фарматсевтӣ ва тиббии ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳони мубориза бар зидди ВНМО дар маркази ноҳия аксияи таблиғотӣ таҳти унвони "Ба муқобили бемориҳои сироятӣ мубориза мебарем" баргузор карда шуд.
Дар доираи аксияи мазкур аз ҷониби донишҷӯён ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ оид ба роҳҳои пешгирии ин беморӣ тақсим карда шуд.
Хондан ...- Чорабиниҳои фарҳангӣ
- Намоишҳо : 32
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мушаххас ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарият ва кормандони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносии муассиса Конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Парчами ному нанги мо" баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ донишҷӯён бо намоиши театрӣ ва қироати шеърҳо ва порчаҳои насрӣ дар ситоиши Парчам ҳамчун як арзиши муқаддаси миллӣ ба Конференсия ҳусни оғоз бахшиданд. Дар қисмати расмии он омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ Воҳидов Неъматхон, Собитзода Суманбону, Ҷононаи Бобохон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Хондан ...





