Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 –уми ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки акнун аз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ 30 сол сипарӣ мегардад.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтарин рӯйдоди таърихии миллати тоҷик мебошад, ки ин санаи муборакро рӯзи истироҳат эълон намудаанд. Бори нахуст Тоҷикистонро ҷаҳониён тавассути ин Конститутсия, ки онро бахтномаи миллат метавон гуфт ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шинохтанд. Дар тӯли ин 30 соли мавҷудият Конститутсия собит сохт, ки миллати бофарҳанги тоҷик дар он замони бениҳоят ҳассос тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди ҷомеа ва ҳаёти осоиштаро таъмин менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат аст, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон инъикос ёфтааст. Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз конститутсияҳое мебошад, ки ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътибори бештар дода, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар мадди аввал мегузорад. Аз рӯйи нишондоди коршиносони САҲА Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 5 Конститутсияи демократии дунё ҷой дорад. Боби дуюми Конститутсия, ки яке аз бобҳои калонтарин мебошад ба ин масъала бахшида шудааст.

Бо шарофати Қонуни асосии кишвар дар ҷумҳурӣ тамоми табақаҳои аҳолӣ новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил ва молу мулк (моддаи 17) дар ҳама самтҳои мақомоти идораи давлатӣ фаъолона иштирок мекунанд. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон пеш аз ин чор маротиба - солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 Конститутсия қабул шудааст. Конститутсияи амалкунанда аз Конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои меъёри ҳуқуқи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аҳамияти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди давлатдории миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи худ ба халқи Тоҷикистон аз 12.12.1992 таъкид намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки: “Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав-давлати демократии ҳуқуқбунёд замима гузоштан лозим аст ”.

Зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсия, пеш аз ҳама, меъёрҳое ба мадди назар гирифта шудаанд, ки тавонанд дар вазъи мураккаби ҷумҳурӣ манфиатҳои миллии ҷомеаи навини Тоҷикистонро инъикос намуда, Истиқлолияти давлатиро ҳукми конститутсионӣ бахшанд. Ягонагӣ ва тамомияти арзии кишварро таъмин намоянд ва дар қатори дигар масъалаҳои муҳим - барои ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ва субъекти комилҳуқуқ ворид гаштани Тоҷикистон мусоидат намуд.

Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст 10.12.1948 дар заминаи “Устувонаи Куруш”- “Эъломияи ҳуқуқи башар” қабул гардид, ки иҷрои он барои давлатҳои аъзои СММ ҳатмӣ мебошад.

Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои “Эъломияи ҳуқуқи башар” сарчашма гирифтааст. Қайд кардан зарур аст, ки бо талаботи замон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26.09.1999, 22.06.2003, 22.05.2016) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Ба ҳамаи шаҳрвандони кишвар лозим аст, ки барои сохтани ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд меъёрҳои Конститутсиониро риоя намоянд ва дар бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Аз ҷониби шаҳрвандон иҷро нагардидани ҳуқуқу уҳдадориҳо ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ оварда мерасонад, бинобар ин ба мо лозим аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро донем, зеро мувофиқи моддаи 42-и Конститутсия надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Имрӯз мо ҷавонони саодатманди кишвар ифтихор аз он дорем , ки дар фазои орому осудаи Ватан умр ба сар бурда, шукронаи сулҳу субот ва Ваҳдати миллии кишварро мекунем. Бинобар ин моро зарур аст, ки ба қадри осоиштагӣ, Ваҳдату ягонагӣ ва Истиқлоли кишвар расида, мувофиқи бобу моддаҳое, ки дар Конститутсия оварда шудааст, амал намоем ва кӯшиш кунем, ки номи Ватани азизамон Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ боло бардорем.

Ҷононаи Бобохон,
омӯзгори Коллеҷи технологӣ- фарматсевтии Тоҷикистон

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон