АКРАМОВ АКМАЛҶОН ҲАСЕНОВИЧ – 08.09.1988 дар деҳаи Озодии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.
Якуми сентябри соли 1996 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, ба номи Зебуниссои ноҳияи Ёвон ба синфи якум рафта, ин муассисаро соли 2006 хатм намудааст. Соли таҳсили 2006 ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2011 ин онро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатияшро соли 2011 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба номи Зебуниссои ноҳияи Ёвон ба ҳайси омӯзгори фанни ҳуқуқ ва таърих оғоз намудааст. Аз 1-уми феврали соли 2019 то соли 2021 ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ба номи Зебуниссо фаъолият карда, аз соли 2021 тариқи гузариш ба вазифаи директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон таъин гардидааст.
Аз соли 2023 ба ҳайси сардори Бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор ба мутахассисони ҷавони Коллеҷи технологӣ- фарматсевтии Тоҷикистон таъин гардидааст. Аз 1-уми феврали соли 2024 тариқи гузариш сардори шуъбаи таълими Коллеҷи мазкур таъйин, то инҷониб дар ҳамин вазифа фаъолияти меҳнатияшро идома дода истодааст.
Акрамов А. Ҳ. корҳои илмӣ-эҷодиро аз соли 2015 оғоз намуда, соли 2015 дар мавзуъҳои “Ҷинояткории наврасон ва роҳҳаи пешгирии он”, “Мафҳум ва моҳияти таърихии Конститутсия”, соли 2017 дар мавзуъҳои “Истифодаи методи интерактивӣ (фаъол) дар дарсҳои таърих ва ҳуқуқ (дастури методӣ)”, “Умри миллат ба забон вобаста аст”, “Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ (даъвати дувоздаҳум) ба мо истиқлолияти комил овард”, соли 2018 дар мавзуъҳои “Боздид аз оромгоҳи “Тулфоншаҳидӣ”, “Қонуни нави танзим кадом маъракаҳоро манъ ва маҳдуд мекунад?”, “Масъулияти падару модар дар тарбияи насли ояндасоз”, “Қасди худкушӣ амали номатлуб аст”, соли 2019 дар мавзуи “Истифодаи интернет дар рафти таълим”, соли 2020 дар мавзуи “Конститутсия – ҳуҷҷати таърихии тақдирсоз” ва боз чандин мақолаҳои дигар дар рӯзномаи “Сӯбҳи Ёвон” ба чоп расонидааст.
Акрамов А. Ҳ. зимни фаъолияти пурсамар ва меҳнати софдилонаи худ ба чунин мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст: соли 2021 ИФТИХОРНОМА-и директори МД “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳунии Тоҷикистон” Тоҷиниссо Маҳмадова, Солҳои 2021-2022 СИПОСНОМА-и раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед, Соли 2022 СИПОСНОМА-и раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қ. А., соли ИФТИХОРНОМА-и Сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ, соли 2022 СИПОСНОМА-и раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ёвон Абдуллоев Қурбоналӣ, соли 2023 СИПОСНОМА-и раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ, соли 2024 СИПОСНОМА-и директори МХТ “Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон” Иззатов Субҳиддин.