Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню
ДАРСИ КУШОД, МАЛАКА, МАҲОРАТ, ДОНИШ

Роҳбарияти Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ба масъалаҳои такмили маҳорати педагогӣ, малакаҳои касбии омӯзгорон ва дар ин замина ба самти донишазхудкунии донишҷӯён таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда, пайваста раванди баргузории дарсҳои кушод аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷрибаро назорат менамояд.

Омӯзгори фанни химия аз кафедраи фанҳои табиӣ - риёзии Коллеҷ - Садриддинов Муҳаммад бо вуҷуди ҷавон буданашон дониши хуб ва таҷрибаи шоиста аз фанни химия доранд.

Омӯзгори мазкур ҳамеша дарсҳои худро дар озмоишгоҳ бо истифода аз воситаҳои аёнӣ, технологияи муосир ва таҷрибаҳои амалӣ гузаронида, кӯшиш менамояд, ки аз дарси ӯ донишҷӯён дониши зарурӣ ва малакаҳои амалиро аз худ намоянд.

Лаҳзаҳо аз дарси кушоди омӯзгори фанни химия -Садриддинов Муҳаммад дар мавзӯи "Реаксияҳои химиявӣ"

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон