Раҷабзода Файзиддин Маҳмадӣ
6 декабри соли 1966 ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар МТМУ 10-и ноҳияи Ёвон гирифтааст
Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад (1991).
Дар вазифаҳои зерин кор кардааст: омӯзгори фанҳои забону адабиёти тоҷик ва матни классикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 10, 1, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ва Гимназияи хонандагони лаёқатманди ноҳияи Ёвон (1991-2009), сармутахассиси Бахши фарҳанги ноҳияи Ёвон (2009-2011), мутахассиси пешбари Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон (2011-2012), мудири Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон (2012-2013), сармутахассиси Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон (2013-2019), мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон (2019-2022).
Аз 2 феврали соли 2022 ба вазифаи муовини директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ таъйин гардидааст.
Намунаи ашъораш дар маҷмӯаҳои дастҷамъонаи «Армуғони ғазал» (2012), «Дурдонаҳои Ёвон» (2014), “Кохи паймон” (2017), “Суханварони водии Ҳисор” (2021) ва очерку мақолаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ба табъ расидаанд.
То имрӯз 5 китобаш аз чоп баромадааст (мураттиби маҷмӯаи «Дурдонаҳои Ёвон» (2014), муаллифи китобҳои «Зафармандон» (2015) ва «Ахтари иқболи Ёвон» (2016), мутарҷими китобҳои “Бемории худро дӯст дор”-и нависандаи рус Синелников В.В. (2023) ва “Қудрати зеҳн дар асри XXI”-и нависандаи амрикоӣ Ҷон Кехо (2023).
Як боби маҷаллаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Археологическая карта Таджикистана. Яванский район”-ро тарҷума ва ба нашр омода кардааст.
Дар нашри 7 китоб ҳамчун муҳаррир (“Гулхор”, 2018- Каримхон Мирзоев, “Рози ниҳон”, 2019- Сайфиддин Имомӣ, “Эътимоди халқ кафолати пирӯзии мост”, 2019- С.Абдуллоева, “Ҳамтақдирон”, 2020- Холмурод Мирзобеков, “Гавҳаре аз умқи дарё”, 2020- Саёҳат Абдуллоева, “Хотираҳо”, 2021- Қутбиддин Сафархолов, “Машъалафрӯзи ҷодаи илм”, 2022- Саёҳат Абдуллоева) ва дар чопи 1 китоб ба сифати мусаҳҳеҳ (“Ёвон - Ориён”, 2012. Убайдуллоҳи Ширин) иштирок кардааст.