Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ "ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"  ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГӢ-ФАРМАТСЕВТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Имрӯз дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо мақсади амалигардонии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз O2.01.2025 N 710 "Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии "Илм -фурӯғи маърифат" ҷиҳати тақвияти нерӯи зеҳнӣ, ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён, рушди илмҳои табиӣ, техникӣ, дақиқ ва риёзӣ даври аввали озмуни мазкур дар сатҳи баланд доир карда шуд .

Лозим ба ёдоварист, ки дар муассиса ҷиҳати дастгирии довталабон тамоми шароитҳои моддиву маънавӣ-як китобхона бо теъдоди зиёди осори пурарзиши илмию тахассусӣ, таърихию бадеӣ, як китобхонаи электронӣ бо фарогирии даҳҳо ҳазор нусха адабиёти илмиву бадеӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз муҳайё карда шудааст.

Директори муассиса - Иззатов Субҳиддин зимни суханронӣ қайд намуд, ки бо мақсади ҳавасманд гардонидани донишҷӯёни лаёқатманд, ки дар озмуну олимпиадаҳо соҳиби ҷоиза мегарданд, роҳбарияти муассиса дастгириҳои моддиву маънавиро ба нақша гирифтааст

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон