Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

Маркази бақайдгирӣ ва машварати хадамотест, ки дастовардҳои донишҷӯёнро оид ба тамоми шаклҳои фаъолияти таълимии ӯ дар давраи таҳсил ба қайд мегирад. Ба зиммаи хадамоти мазкур ташкили тамоми намудҳои назорати натиҷаҳои донишандӯзӣ ва муайян кардани рейтинги академии донишҷӯ гузошта мешавад.

Маркази бақайдгирӣ ва машварат дар низоми кредитии таҳсилот яке аз сохторҳои асосии коллеҷ ба шумор рафта, фаъолияти таълимии донишҷӯён дар давраи таҳсил ба он алоқаи зич дорад. Айни ҳол фаъолияти шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ пурра автомати кунонида шудааст.

jovidon

Файзалиев Ҷовидон Қурбоналиевич 15 феврали соли 1992 дар ноҳияи Ёвон тавваллуд шудааст.

Соли 2014 Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистонро бо ихтисоси “Иқтисодиёти ҷаҳон” дар зинаи бакалавр хатм намуда, аз соли 2019 ҳуҷҷатҳои худро дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи магистратура идомаи таҳсил намуда, соли 2021 хатм намуд.

Солҳои 2014-2016 фаъолияти худро ба ҳайси мудири шуъбаи таблиғотӣ ва Кумитаи ичроияи ташвиқотии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон оғоз намуда, соли 2017 – 2018 ҳамчун сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ноҳияи Ёвон фаъолият кардааст.

Аз соли 2018 то инҷониб ба ҳайси сардори маркази бақайдгири ва машваратӣ дар ҶДММ “Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон” фаъолият менамояд.

Ҳангоми автоматикунонии раванди таълим дар базаи маълумотҳо барои ҳар як донишҷӯ маълумоти саҳеҳ ҷойгир карда мешавад ва ҳар як донишҷӯ рамзи худро дорад. Автоматикунонии раванди таълим имкон медиҳад, ки омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба фаъолияти худ, раванди таълим ва натиҷаҳои он ба тавассути технологияи иттилоотӣ маълумоти пурра гиранд.

Донишҷӯён ва омӯзгорон баъди гирифтани маълумот натиҷаи фаъолияти худро таҳлил намуда, фаъолияти минбаъдаи худро мукаммал мегардонанд.

Автоматикунонии раванди таълим дар низоми кредитии таҳсилот дар баланд бардоштани сатҳу сифати тайёркунии мутахассисони оянда саҳми калон мегузорад. Рӯйхати фанҳои интихобии донишҷӯён дар соли таҳсил барои муаррифӣ, натиҷаи имтиҳонҳои фосилавӣ (рейтинги 1 ва 2) ва ҷамъбастӣ аз тарафи маркази бақайдгирӣ ва машварат ба садорати факултети коллеҷ ирсол карда мешавад.


Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон