9 апрел омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон ғолибон ва иштирокчиёни даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои гуманитарӣ, ки бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардида буд бо тантанаву шукӯҳи хоса истиқбол гирифтанд.
Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯи Коллеҷ Назарова Фирӯза Дилшодовна аз фанни таърих сазовори мақоми сеюм гардида, бо медал, диплом ва тӯҳфаи хотириви Кумита қадрдонӣ карда шуд.
Аз ҷониби маъмурияти Коллеҷ ба Назарова Фирӯза ба маблағи 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд.