Дар замони муосир афзоиши талаботи аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба моддаҳои нави психотропӣ ва дар ин замина зиёд гардидани ҳолатҳои бе таъйиноти табиби соҳа истеъмол намудани дорувориҳои дар таркибашон маводи нашъадордошта зиёд мушоҳида мегардад. Истифодаи маводҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ боиси содир шудани дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби истифодабарандагон мегардад.
Мубориза ва пешгирии аҳолӣ ҷиҳати пешгирии истифодабарии маводҳои нашъдор ва моддаҳои психотропӣ на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, балки вазифаи ҷонии аҳолӣ, шаҳрвандон, табибон ва муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни донишҷӯён, пешгирии истифодаи маводи мухаддир ва оқибатҳои нохуши он дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон конференсияи илмӣ баргузор гардида, аз ҷониби омӯзгорону кормандон доир ба мавзӯи нашъамандӣ ва оқибатҳои маргбори он, бемориҳои сироятӣ ва зарари маводҳои психотропӣ ба организми инсон маърӯзаҳо ироа гардиданд.