
Сулҳия Изатуллоева - омӯзгори Коллеҷи технологӣ- фарматсевтии Тоҷикистон
Забони мо сарвати мо ва боигарии маънавии миллати мост
Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар афканем, мебинем, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврвҳои таърихӣ пайраҳаҳои пурпечу тобро тай намуда, бо нерӯю қудрат ва тавоноии худ то ба замони мо омада расидааст. Дар тай намудани ин роҳи пупечутоб асолат ва шевогию равонии худро аз даст надода, ҳифз кардааст. Ҳамзамон дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллат ҳамеша пайи тоза нигоҳ доштани забони миллӣ, ҳуввияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз забон ва миллати худ дифоъ намудаанд.
Замоне буд, ки сангарҳои сунъии сиёсии замона садди инкишоф ва азамату партавфишонии хуршеди оламгири забони тоҷикӣ гашта, чун абри тираву тор пеши роҳи рушноиро гирифта буд. Хушбахтона забони тоҷикӣ ҳамеша қудрати ҳифз ва нигоҳдории истиқлолият ва ҳуввиятро дошт. Бо тулуи хуршеди Истиқлолият забони тоҷикӣ ҷавҳари маънавиро эҳё намуд ва бо ноил гардидан ба мақоми забони давлатӣ, ба иборае нафаси тоза кашид.
Рисолати дифоъ аз забону миллатро дар охирҳои асри 20 ва аввали асри 21 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар душ гирифтанд. Дар радифи ҳифзи дигар арзишҳои миллӣ, дар поянда ва бегазанд мондани забони тоҷикӣ саҳми Пешвои миллат хеле бузург аст. Эмомалӣ Раҳмон чун ҳомие барои ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо саҳми мондагор дорад.
Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои наҳустини фаъолият ҳамчун фазанди фарзонаи ин миллат ҳифзу густариши забони тоҷикиро дар мадди аввал гузошт. Аз ҷумла чораандешиҳо барои рушду густариши забони миллӣ ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” ва таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот, “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016”, “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” таҳия ва қабул гардид. Ҳар сол 5-октябр таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба расмият даромад.
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат азамати забони модарии тоҷикӣ ҳамчун ба Модар-сарчашмаи ҳамешазиндаи ҳаёт арҷгузорӣ карда шуда, мақому мартабаи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Ҳоло забони тоҷикӣ бо лаҳни гуворои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои сатҳи сиёсиву фарҳангии башарӣ садо медиҳад.
Боиси фараҳмандӣ ва сарбаландии тоҷикон аст, ки Тоҷикистони моро тамаддунҳои пешрафтаи муосири олами башарӣ, ба ҳайси як ҷумҳурии ҷавону соҳибистиқлол ва мутамаддини дорои неъмати бебаҳои сулҳу субот ва соҳибқудрат мешиносанд.
Азамату ҷалоле, ки Оли Сомон ва давлати Сомониён дошт, маҳз аз баракати забони тоҷикӣ буд, ки илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон ва симои маънавии халқи тоҷикро бо ҳама шоистагӣ муаррифӣ кард. Зеро он аз қадимулайём дар ҷаҳон густариши васеъ дошта, забони фарҳангу адаб, савдову тиҷорат ва муоширату гуфтушуниди дипломатии давлатдорони Осиёи Марказӣ буд.
Пешвои миллат бо асарҳои бунёдии худ «Тоҷикон дар оинаи таъриҳ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат — ҳастии миллат» боз даҳҳо асару мақолаҳои дигар дар бораи дину аҳлоқ, маънавиёт ва сиёсату иқтисодиёт ба дили хонанда — аз олиму сиёсатмадор то деҳқону коргар роҳ ёфта, рисолати роҳнамоӣ ба фардои дурахшонро касб кардаанд.
Ягон Паёме нест, ки Пешвои миллат дар бораи забон ва мақоми он, арҷ ва эҳтироми забони ноби тоҷикӣ сухан накарда бошад. Ин мароми Пешвои миллат имрӯз дар ҷомеа ба сифати сиёсати давлатӣ шинохта шудааст.Ба масъалаи забон рӯй овардани Пешвои миллат бесабаб нест. Чунон ки ишора намудаанд: «Бақои тоҷик, забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳифозаи худ нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир кардааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ, навишта ва эҷод шудаанд».
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардидани номҳои асили миллӣ, таърихӣ ва қадимаи Суғд, Хатлон, Бохтар, Истаравшан, Рашт, Сайҳуну Ҷайҳун на танҳо ба гузаштаи пурифтихори мо ишора доранд, балки ҷиҳати эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули худогоҳиву худшиносии миллии мардуми мо нақши муассир гузоштанд.
Барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, яъне забони модарӣ падару модарон , омӯзгорон ва аҳли ҷомеа бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст.
Забони мо сарвати мо ва боигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар кадоми мо - соҳибони ин забон мебошад.аз и
Забони модарии ман! Забони илму фарҳанг ва давлату давлатдории тоҷикон!
Туро чун модар, чун Ватан дӯст медорам! Чунки аз ту сухан гуфтан омӯхтам, андешаву таҳаммул омӯхтам, бурдбориву устуворӣ омӯхтам.
Забони модарии ман!
Ту дар байни забонҳои дунё барои пойдорӣ ва пешрафту ҳастии худ чӣ қадарҳо мубориза бурдӣ! Туро ба рӯди куҳӣ шабоҳат медиҳам.Чунки монанди он аз сангу сангпора, хасу хокрӯба наҳаросида, аз қаъри куҳдоман ҷорӣ шуда, роҳи худро ёфтӣ.
Забони модарии ман! Туро чун забони ҳамдилӣ, забони сулҳофар, забони шеъру тарона дӯст дорам!
Муҳаббати ту муҳаббати Модари бузургвор, муҳаббати Ватан, муҳаббати обу хоки диёр аст!
Рӯди кӯҳие равона
Бо тарона,
Бо фасона.
Аз фарози кӯҳсорон
Бо шитобе ӯ равона.
Гоҳ-гоҳе пеши роҳаш санг гирад,
Гоҳ-гоҳе пеши роҳаш нанг гирад,
Гоҳ хасу хошок ояд
Пеши роҳашро бигирад.
То бисозад банд пеши роҳи ӯ,
То дигар созад раҳу пайроҳи ӯ.
Лек гарчӣ санг ояд,
Ҳам ба вақте нанг ояд.
Аз фишори сангу нангу хоку хас,
Бо ғирев аз соҳили худ берун ояд.
Аз алам бар шохаҳо тақсим шавад
Гоҳ бо худ, гоҳ зи худ берун шавад.
Гарчи зери регу хок аст роҳи ӯ,
Боз меояд садои поки ӯ.
Бо тарона,
Бо фасона,
Бо чағона...
Бори дигар Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳозирини гиромӣ!




