Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

izatov-subhiddin

Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ПИРӮЗӢ ВА УСТУВОРИИ МИЛЛАТ

Тоҷикон аз гузаштаҳои дур ва дар давраҳои гуногуни таърих ҳамеша дар муборизаҳо, дигаргунсозиҳову бархўрдҳои таърих аз худ шаҳомату матонат, пойдорӣ ва доноӣ нишон дода, аз имтиҳони вақту замонҳои пурпечутоб, аз вартаҳои ҳалокатбор сарбаландона берун баромадаанд.

Вақте, ки аз таҷрибаи арзишманди таърихии ваҳдатгароӣ ва мубориза барои озодӣ ва истиқлол дар асри 20, дар як давраи бисёр мураккаби сарнавишти миллати тоҷик мегўем, бешубҳа хидматҳои барҷастаи барумандтарин фарзандони Ватан- Садриддин Айнӣ, Бобољон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Шириншоҳ Шоҳтемур ва даҳҳои дигар, ки қисмати халқи хешро дар марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ ба маҷрои худшиносии миллӣ, ваҳдати ҳамагонӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон равона сохтанд, пеши назар меоянд. Ҳар яки онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва илмиву фарҳангии Тоҷикистон дар қарни 20 мақоми шоиста доранд.

Инсонҳо бисёр вақ барои расидан ба зиндагии хушу хуррам ва роҳатбахш гузаштаи пуразиятро фаромуш намекунанд. Мо имрўз саҳифаҳои китоби таърихи Истиқлолияти Тоҷикистони азизро варақ мезанем, рўзгори гузаштаро пеши назар меорем, гузаштаву имрўзро як каме муқоиса мекунем. Ба ёд меорем, ки халқи тоҷик дар солҳои 90-уми садаи 20, дар як давраи бисёр мураккаб, дар марҳилаи ниҳоят ҳассос ва сарнавиштсози таърихи миллат қарор дошт.

9-уми сентябри соли 1991 дар сарнавишти миллати тоҷик муҳимтарин рўйдоди таърихӣ ба амал омад. Тоҷикистон истиқлол ёфт. Истиқлол мебоист масъулияти ҳамватанони моро ҷиҳати истеҳком бахшидани пояҳои рукнҳои давлати мустақил зиёд мекард. Зеро Истиқлоли давлатӣ мафҳуми басо мураккабу пушидаест ва аркони гуногунеро дар бар мегирад, монанди Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, забонӣ, ҳуқуқию иттилоотӣ ва ғайра. Танҳо дар сурати ба камол расидани рукнҳо ва аслҳои мазкур Истиқлоли давлатии комил ба даст меояд.

Мутаасифона, дар ин давра дар ҷомеа ашхоси манфиатхоҳ, қувваҳои сиёсие зуҳур карданд, ки ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразнокашонро аз манфиатҳои умумимилӣ боло гузошта, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

16 – уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, баробари баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16 – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи бисёр мураккаби таърихи муосири тоҷик, дар шароити печидаи муноқишаҳои дохилӣ дар раъси давлати Тоҷикистон шахсияте қарор гирифт, ки тавонист бо шуҷоату мардонагӣ, бо сиёсати хирадмандона халқи тоҷикро аз коми оташ бираҳонад, аз вартаи нобудӣ берун кашад. Ин шахс фарзанди фарзона ва наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар Иҷлосияи мазкур бо Қарори Шўрои Олӣ ва дар асоси моддаи 109 уми Конститусияи Ҷумњурии Тоҷикистон вакили халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Сарнавишт бар шонаҳои ин фарзанди баруманду фозили миллат, ояндаи давлати миллӣ - давлати тоҷиконро тахрезӣ намуд ва ба сўи аҳдофи умумимиллӣ, сулҳу суббот ва Ваҳдату ҳамбастагӣ қадамҳои нахустин гузошта шуд. Баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба сарҷамъии мардуми бепаноҳ ва ҳифзи тамомияти арзишҳои миллӣ, инчунин, рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлол- Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ қабул гардид.

Баргузории Иҷлосияи 16 уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъбири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “гардиши куллиеро дар ҳаёти кишвар ба вуҷуд овард”. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба сари мизи мақоми олии мамлакат нишастан дар таърихи 12 уми декабри соли 1992 ба халқ муроҷиат карданд:

“Тамоми донишу таљрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар як оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас лозим шавад ҷон нисор мекунам”

Воқеан, ҳануз аз соли 1993 Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои ба ҷои зисти пештара баргардониданӣ фирориён – хоса аз Афғонистон, ҷобаҷо намудани онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди моддию маишӣ таваҷҷўҳи бештаре зоҳир намуданд. Дар ин замина аксари кулли гурезагони иҷборӣ ба маҳаллаи зисти доимиашон баргардонида, амнияти онҳоро таъмин сохтанд.

Дар баробари андешидани тадбирҳои мушаххас баҳри таъмини сулҳу оромӣ ва баҳамории мардуми парешони тоҷик, ҳамчунин Сарвари давлат талош ба он намуданд, ки низоми давлатдориро мукаммал намуда, Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати дорои Истиқлоли давлатӣ дар арсаи олам муаррифӣ намоянд. Дар он замон қабул ва эълон намудани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон басо муҳим ва саривақтӣ буд. Ҳамин тавр ҳам шуда ва соли 1994 Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва аввалин маротиба 7 сентяри соли 1994 мутантан садо дод. Суруди миллӣ ифодагари соҳибдавлатии миллати тоҷик аст. Рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Суруди миллӣ ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодор дар роҳи пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.

Бо азму талош ва кўшишу заҳматҳои Сарвари оқилу тавоно ва дурашдеши Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо дарназардошти манфиатҳои халқ, таъмини волоияти қонун, ҳивзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва якпорчагии Ватан ҳамчунин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Маҳз ҳамин Конститутсия сохти давлатдориро муайян намуд ва дар асоси он тоҷикон таҳти сарварию роҳнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон нахустин гомҳои хешро баҳри бунёди давлати навин, расидан ба ормонҳои миллӣ ва таъмини рушди босубот гузоштанд.

Таърих баёнгари он аст, ки дар тамоми давраҳо барқарории сулҳ ва оштии миллӣ беҳтарин неъмат ва муқадас буда, ободиву созандагиро дар ҷомеа таъмин мекунад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар мамлакат дар таърихи 27-июни соли 1997 дурустии ин андешаро исбот намуд. Бо азму талош ва хиради азаллии фарзанди содиқи Ватан, абармарди сулҳовару ҷоннисори таърихи навини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми солҳои 90 уми қарни 20 ба Тоҷикистони соҳибистиқлол офтобӣ хушбахтию осудагӣ тулўъ кард, дар кишвар сулҳу сафо, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкорию созандагӣ пойдор гардид.

Имрўз давлати тоҷикон иқтидори бузурги мудофиавӣ, назорати иҷрои қонунҳо, маҳв ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, мубориза бар зиди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, корупсия, нашъамандӣ, нашъаљалобӣ ва ҷиноятҳои муташакилӣ фаромиллӣ дорад. Истиқлолияти давлатӣ дар воқеъ барои фаъолияти босамари сохторҳои қудратӣ, низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот низ шароит ва имконияти муосиру мутобиқ фароҳам овард.

Маҳз дар ин даврон роҳҳои муосир ва нақбу пулҳо бунёд гардида, пайванди доимии Тоҷикистонро бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва калонтарин бандарҳо ва уқёнусҳои дунё таъмин намуд. Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои транзитии Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Бунёди нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон ва Хатлон ба эҳёи шохаҳои бузурги Абрешим мусоидат карда, дар самти ба ҳам пайвастани минтақаҳои мамлакат, бунёду шукуфоии Тоҷикистони воҳид нақши муассир гузошт. Дар давраи соҳибистиқлолӣ даҳҳо лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ гардиданд. Ин тадбирҳо имкон фароҳам оварданд, ки Тоҷикистон дар як давраи кўтоҳи таърихӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, дар татбиқи яке аз чаҳор ҳадафи стратегии мамлакат муваффақ гардад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла Роҳи оҳани Қўрғонтеппа-Кўлоб, Душанбе –Хатлон, роҳи мошингарди Кўлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум, Душанбе –Хуҷанд- Чаноқ, шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ўзбекистон ва садҳо километр роҳҳои дигари дохилӣ бунёду навсозӣ ва таъмиру таҷдид карда шуданд.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаи Тоҷикистонро ба сатҳи баланди рушду тараққиёт расонид.

Натиҷаи ҷаҳду талошҳои шабонарӯзӣ ва ҳамин дастовардҳо аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъйи солҳои Истиқлолияти Тоҷикистон бо унвону мукофотҳои сершумори байналмиллалӣ ва давлатӣ сарфароз гардидааст. Халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат эътироф намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳити мардумӣ ҳамчун падидаи худӣ, ҳамчун бахше аз худи мардум, ҳамчун порае аз пайкари халқ пазируфта ва маҳбуби пиру барнои Меҳан гардидааст. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба Роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти Пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ Пешвои миллат будан.

Воқеан, шахсиятҳои фавқулода бузург дар байни мардум ба қудрати миллӣ мубаддал мешаванд. Корнамоиҳову фаъолияти густурдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро дар мамлакат ба лидери умумимиллӣ табдил доданд ва ба унвони олитарини бовари мардум - Пешвои миллат сазовор гардиданд. Зеро Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз барҷастатарин ва дурахшонтарин чеҳраҳое мебошанд, ки оғоз аз рӯзҳои нахустини Сардори давлат интихоб шуданашон дар Анҷумани таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадамҳои устувор дар маснади роҳбарии хирадмандонаю соҳибистеъдод паёмҳои миллии тоҷиконро дар олами мутамаддин интишор доданд, ватани азизи хеш, Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибтамаддунро бо камоли шоистагиву сарбаландӣ муаррифӣ намуданд. Ин ҳақиқати таърих аст.

Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон