Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ба хотири истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Истиқлолият-неъмати бебаҳо" баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин чорабинии сиёсӣ муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналхалқӣ Раҷабзода Файзиддин, омӯзгори калони кафедраи гуманитарӣ Воҳидов Нехматхон, сармутахассиси шуъбаи таълим Сатторова Меҳринисо, ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" Ҷононаи Бобохон, омӯзгори фанни таърих Насриддинова Маҳина бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво дар мавзӯи Истиқлолият баромад карданд.
Конфронси мазкур дар тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, дарки ҳуввияти миллӣ, донистани арзиши баланд ва қадру қиммати бебаҳои Истиқлолияти давлатии кишвар аҳамияти махсус дошт.