Таълим аз фаъолияти омӯзгор ва донишҷӯ иборат мебошад. Донишҷӯ дар зери роҳбарии омӯзгор дониш, маҳорат ва малака пайдо намуда, ташаккул меёбад, ки ин ба афрӯхтани нури маърифат ва ахлоқи маънавии ӯ мадад мерасонад.
Донишҷӯ маҳз тавассути омӯзиш соҳиби ақидаю эътиқоди дуруст гашта, нисбати касби интихобкардаи худ шавқу ҳавас пайдо менамояд. Дар рафти дарс донишҷӯён тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ ва иқтисодӣ мегиранд. Майл пайдо кардани донишҷӯ ба касби интихобкардаи худ вақте пайдо мешавад, ки дар ҷараёни дарс омӯзгор нозукиҳои касбро бо методу усулҳои муосир дар қалби шогирдонаш ҷой дода тавонад.
Бо мақсади тавсияи ҳамин раванд дар Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон “Дарсҳои кушоди таълимӣ” ба роҳ монда, аз тарафи устодони пуртаҷриба гузаронида мешаванд.
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидасанаи санаи 27.10.2023 аз тарафи омӯзгори кафедраи умумитиббии Коллеҷ Раҳимова Шамсиниссо дарси намунавии таълимӣ (дарси кушод) аз фанни кори ҳамширагӣ дар момоӣ ва бемориҳои занона дар мавзӯи “Бемории ВНМО ва роҳҳои пешгирии он” гузаронида шуд. Дарсро омӯзгор бо истифодаи технологияи муосир ва усулҳои фаъоли таълим ба роҳ монд. Дарс дар курси 3-и гуруҳи 2133 ихтисоси “Кори табобатӣ” буд. Дар дарс донишҷӯён ниҳоят фаъол буданд ва тавонистанд, ки ба саволҳои омӯзгор ҷавоби муфассал диҳанд.
Аз натиҷаи машғулият маълум гардид, ки омӯзгор метавонад, бо роҳу усулҳои гуногуни таълим ва технологияи инноватсионӣ завқи донишомӯзии таълимгирандагонро бедор намояд ва чароғи маърифатро дар дили онҳо нурафшон гардонад.
Сардори бахши таҷрибаомӯзӣ
ва кор бо мутахассисони ҷавон
Акрамов А. Ҳ.