Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню
ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ НЕКИ ШОИР МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГӢ-ФАРМАТСЕВТИИ ТОҶИКИСТОН

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муассиса имрӯз дар кафедраи гуманитарии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо мақсади гиромидошти хотираи неки шоири ширинкалом, тараннумгари ғояҳои олии инсонпарварӣ-сулҳу дӯстӣ, рафоқат ва якдилии халқҳои ҷаҳон, фарзанди қаҳрамони миллат устод Мирзо Турсунзода Конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ намоиши театрикунонидашудаи донишҷӯёни Коллеҷ, ки лаҳзаҳои ҷаззобу хотирмон ва таърихии ҳаёти ибратомӯз ва осори пурарзиши устод Мирзо Турсунзодаро инъикос намуд, басо рангину дилнишин буд. Намоиши лаҳзаҳо, иҷрои нақшҳо аз достонҳои шоир, қироати порчаҳо аз достонҳои "Ҷони ширин, "Сайёҳи ҳинд" ва инъикоси дигар лаҳзаҳои ҳаёти ин фарзонафарзанди миллати тоҷик аз ҷониби донишҷӯён басо ҳунармандона ва самимӣ буд.

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон