Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

Дар таърихи ҳар як миллат санаҳои таърихие ҳастанд, ки бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд. Яке аз чунин санаҳо барои таърихи халқи тоҷик 14 октябри соли 1924 мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз дар натиҷаи тақсимоти миллӣ- маъмурии Осиёи Миёна Ҷумҳурии Шурави Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Албатта, ин тақсимот бенуқс набуд, махсусан нисбати халқи тоҷик беадолатиҳои зиёде карда шуд. Вале он падидаи олиасосе буд, ки аз оғози эҳёи давлатдории тоҷикон шаҳодат медод.Халқи тоҷик баъди ҳазорсолаҳо аниқтараш, баъди давлати Сомониён аз нав соҳиби давлати милии худ гашт. Ҳамин мухторияти маҳдуд буд, ки барои тафаккури озодандешӣ ва истиқлолиятхоҳии воқеӣ заминаи қавӣ гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 –уми ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки акнун аз ин рӯйдоди муҳими таърихӣ 30 сол сипарӣ мегардад.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтарин рӯйдоди таърихии миллати тоҷик мебошад, ки ин санаи муборакро рӯзи истироҳат эълон намудаанд. Бори нахуст Тоҷикистонро ҷаҳониён тавассути ин Конститутсия, ки онро бахтномаи миллат метавон гуфт ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шинохтанд. Дар тӯли ин 30 соли мавҷудият Конститутсия собит сохт, ки миллати бофарҳанги тоҷик дар он замони бениҳоят ҳассос тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди ҷомеа ва ҳаёти осоиштаро таъмин менамояд.

Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил ва демократӣ ташаккул ёфта, дар он ҳама асосҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҳувият ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошанд. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ собитқадамона сиёсати таҳкими давлатдории миллиро пайваста пеш бурда истодаанд. Давлатдории миллӣ дар навбати худ дар асоси забон ва фарҳанги миллӣ, иқтисодиёти миллӣ ва сиёсати миллатмеҳвар, ҳувияти ташаккулёфтаи миллӣ амалӣ мегардад. Дар ин радиф забони миллӣ шоҳсутуни давлатдории миллӣ буда, дар пойдор ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад.

Ҳамасола 5-уми октябр дар Ватани мо Рӯзи забони давлатиро таҷлил менамоянд, ки он яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо ба ҳисоб меравад. Забон таҳкурсие аст, ки бинои ахлоқ, фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллат дар асоси он эъмор мегардад. Аз ин рӯ, забони тоҷикӣ ҷавҳари ҳувият ва тафаккури милли тоҷикон маҳсуб ёфта, танҳо тавассути забон мо метавонем хотираи таърихии мардумро ҳифз намоем ва ҳамбастагиии худро бо мероси ҳазорсолаи маънавии миллати худ эҳсос кунем.

Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Дар таърихи афкори сиёсӣ андешаҳо дар мавриди хислат, мазмун, таркиб ва хусусиятҳои истиқлолият гуногунанд. Аммо ҷиҳатҳои умумие вуҷуд доранд, ки таълимоти донишмандонро ба ҳам наздик менамоянд. Аксари донишмандон истиқлолияти кишварро дар ду навъи асосӣ: истиқлолияти дохилӣ ва истиқлолияти хориҷӣ тасниф намудаанд. Ба истиқлолияти дохилӣ ғояҳои халқ, конститутсия, қонун, парламент ва ғайраҳоро мансуб медонистанд. Яъне, мавҷудияти чунин институтҳои ҷамъиятию сиёсиро шарти зарурии воқеияти истиқлолият ҳисоб мекарданд.

Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчуни зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халадор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонид. Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд, ки ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон