Раҷабзода Файзиддин Муҳаммадӣ,,
муовини директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии
Тоҷикистон оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ.
Як зумра олимоне, ки зодаву парвардаи ноҳияи Ёвон мебошанд, бо таълифоту навовариҳои худ дар тавсеаи риштаҳои гуногуни илми ватанӣ саҳми арзанда доранд. Ин ҷо дар бораи он пӯяндагони ҷодаи маърифат, ки дар соҳаҳои гуногуни илм таҳқиқоти арзишманде анҷом додаанд барои хонанда маълумоти мухтасаре манзур намоем. (Ёдрас мешавем, ки маълумоти пешниҳодгардида иқтибос аз китоби “Ахтари иқболи Ёвон” (2016) мебошад ва дар он дастовардҳои 8 соли охири олимони ҳамдиёри мо дарҷ нагардидааст).
Раҳимзода Хуррам- академики Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоӣ, доктори илмҳои педагогӣ (2002), профессор (2005), узви вобастаи Академияи илмҳои педагогии Россия, узви ифтихории Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон.
Соли таваллудаш 1938, зодаи деҳаи Калфи Сабади деҳоти Ситораи Сурх. Хатмкардаи факултети Филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1961).
Фаъолияти корӣ: ходими хурди илмии ИТИИПТ (1962-1965), дотсенти кафедраи Педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1993-2002), мудири шуъбаи Педагогикаи ПРМ, аз соли 2006 ходими пешбари илмии ҳамин Пажӯҳишгоҳ.
Муаллифи китобҳои “Анъанаҳои миллии тоҷикӣ дар тарбияи ахлоқии ҷавонон” (1993), “Одоби оиладорӣ” (китоби дарсӣ, 1997), “Оила ва ҷомеа”, (1999), “Таърихи дин” (2000), “Тарзи ҳаёти солим” (2002), “Маърифати оиладорӣ” (2004), “Анъанаҳои халқи тоҷик ва мақоми онҳо дар омода намудани ҷавонон ба оиладорӣ”, “Бунёди оилаи солим” (2008) ва беш аз 200 мақола. Дорандаи медалҳои “Хизмати шоён” (1989) ва “Хизмати шоиста” (2002).
Исмоилов Асомиддин Исмоилович - академики Академияи илмҳои табиии Россия (1997), профессори фалсафа ва иҷтимоиёт (2006), ходими хизматнишондодаи Мактаби олии Федератсияи Россия, узви Академияи илмҳои табиии Россия (аз соли 1995), ноиби президенти Ассотсиатсияи равоншиносони соҳаи варзиши Федератсияи Россия (1998), Устоди варзиш оид ба футбол (1969).
Соли таваллудаш 1949, зодаи шаҳраки Ёвон. Хатмкардаи Донишкади тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов (1972) ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов (1984).
Фаъолияти корӣ: аспиранти Институти марказии тарбияи ҷисмонии Иттиҳоди Шӯравӣ (1976-1979, ш.Москва), ассистенти кафедраи Фалсафа ва назарияи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов (1972-1976), муаллими калони ҳамин Донишкада (1979-1980), муаллими калони кафедраи Фалсафа, иҷтимоиёт ва назарияи Донишгоҳи давлатии марказии тарбияи ҷисмонии Россия (1980-1984) дотсент ва баъдан профессори ҳамин кафедра (1984-1994), проректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи мазкур (1994-2003). Ҳоло, бо вуҷуди дар синни нафақа буданаш, дар ҳамон Донишгоҳ ба донишҷӯён дарс мегӯяд.
Муаллифи монографияҳои “Социология физической культуры и спорта” (бо шариктаълиф, 1996), “Основы теории спортивной деятельности” (1996) беш аз 200 китоб, фишурда, дастурҳои таълимию методӣ ва мақолаҳои илмӣ.
Сафаралиев Бозор Сафаралиевич - доктори илмҳои педагогӣ (1998), профессор (2011, Москва), узви Академияи илмҳои табиии Россия (аз соли 2012).
Соли таваллудаш 1956, зодаи шаҳраки Ёвон. Хатмкардаи Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П.Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ (1977) ва Донишгоҳи давлатии фарҳанги Москва (1982).
Фаъолияти корӣ: роҳбари бадеии толори фарҳангии ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов (1977-1978), ассистенти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (1982-1986), аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишкадаи давлатии фарҳанги Москва (1986-1989), сардори Раёсати муассисаҳои маданӣ-равшаннамоии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1989-1993), докторанти Донишкадаи давлатии фарҳанги Москва (1993-1998), директори Институти илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998-2001), котиби илмии Раёсати фарҳанги бадеии мардум, фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва захираҳои иттилоотии Вазорати маорифи Федератсияи Россия (2001-2004), профессори кафедраи Фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, илмҳои гуманитарӣ, идоракунӣ ва ҳуқуқи Шарқи Донишкадаи иқтисоди Қазон (2004-2005, ш.Уфа), сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Академияи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Челябинск (2005-2010), аз соли 2010 то инҷониб профессори кафедраи Фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Челябински Федератсияи Россия.
Муаллифи 6 монография, аз он ҷумла “Истоки просвещения. К истории таджикского народа” (дар ду қисм, 1996, 1997), “Из истории духовной культуры таджикского народа” (2011), “Социально-культурная жизнь в Таджикистане” (2016), “Духовная культура женшин востока: мифы и реалии” (2016), 5 дастури медотӣ, 13 дастури таълимӣ, 11 мақола дар маҷаллаҳое, ки аз тарафи Комиссияи олии аттестатсионии Россия эътироф гардидаанд ва наздики 70 мақолаи илмӣ, ки дар матбуоти русиву тоҷикӣ ба табъ расидаанд.
Раҳимов Зикрулло Ашурович - доктори илмҳои иқтисодӣ (2004).
Соли таваллудаш 1944, зодаи собиқ деҳаи Оби Туғи ҳудуди деҳоти Обшорон. Хатмкардаи факултети Иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1970).
Фаъолияти корӣ: ассистенти кафедраи Омори Донишгоҳи мазкур (1970-1972), аспиранти ҳамин Донишгоҳ (1972-1975), муаллими калони кафедраи болозикр (1975-1984), дотсент, мудири кафедраи Ташкили коркарди мошини ахбори Донишгоҳи зикршуда (1984-2004), мудири кафедраи Молияи Донишгоҳи мазкур (2004-2010), аз соли 2010 то инҷониб профессори ҳамин кафедра.
Муаллифи зиёда аз 100 маводи илмию методӣ, аз он ҷумла китобҳои дарсии “Молия, муомилоти пул ва қарз” (2011), “Молияи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ” (2012), “Молия” (2012), васоити таълимии “Молияи корхона ва технологияи нави иттилоотӣ” (2012), “Низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт” (2012) ва ғайраҳо.
Иброҳимов Холназар Исломович - доктори илмҳои техникӣ (2009).
Соли таваллудаш 1960, зодаи деҳаи Меҳристони деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (1986).
Фаъолияти корӣ: лаборанти калон, сипас ассистенти кафедраи Технология ва дастгоҳҳои коркарди пахтаи Донишгоҳи мазкур (1986-1990), аспиранти Донишкадаи бофандагӣ ва саноати Узбекистон ба номи Ю.Охунбобоев (1990-1993), муаллими калони кафедраи Технология ва дастгоҳҳои коркарди пахтаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (1994-2005), дотсенти кафедраи мазкур (2005-2011), директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб (2011-2013), аз соли 2014 то имрӯз декани факултети Технология ва дизайни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Муаллифи 15 дастури методӣ, зиёда аз 190 мақолаи илмӣ, 1 монография, 13 ихтироот, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ. Дорандаи нишони сарисинагии “Ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Буриев Эмомалӣ Бозорович - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2010).
Соли таваллудаш 1968, зодаи деҳаи Ғарави деҳоти Даҳана. Хатмкардаи факултети Таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1993).
Фаъолияти корӣ: аспиранти Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-1998), ходими хурди илмии Институти мазкур (1993-1996), ходими калони илмӣ, сипас мудири шуъбаи Давлат ва ҳуқуқи Институти мазкур (1998-2005), муовини директор оид ба илми Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005-2011), аз соли 2011 то ҳоло мудири шуъбаи Таърихи давлат ва ҳуқуқи Интститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муаллифи 4 монография: “Действие мусульманского права в дореволюционном Таджикистане (VIII-начало XX вв.)” (1999),“Становление и развитие институтов государственности (досоветский период)” (2008), ”Судебные институты таджикской государственности” (2010), “Правовой статус должностных лиц и государственных органов досоветского Таджикистана” (2006); 7 китоби дарсӣ: “Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон (барои донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ)” (2000, 2007,2011, 2013, 2014), “История государства и права Таджикистана” (часть 1-4, 2007, 2016), “Таърихи афкори сиёсию ҳуқуқӣ” (2007, 2016), ”Масоили назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат” (2003), “Тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (бо шариктаълиф, 2006), “Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ” (бо шариктаълиф, 2006, 2009, 2012), “Конститутсияи Тоҷикистон: пайдоиш ва рушд” (бо шариктаълиф, 2014).
Маҳмадова Меҳрӣ Файзалиевна - доктори илмҳои фалсафа (2015).
Соли таваллудаш 1960, зодаи деҳаи Меҳристони деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи факултети Филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1981).
Фаъолияти корӣ: омӯзгори МТМУ №15-и ноҳияи Ёвон (1981-1982), аспиранти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1983-1990), омӯзгори МТМУ №1-и ноҳияи Ёвон (1990-1993), муҳаррири маҷаллаи “Иқтисодиёт”-и Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993-1996), омӯзгори кафедраи Фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1996-2000, соли 1999 рисолаи номзадиашро ҳимоя кардааст), дотсенти кафедраи Таърихи фалсафаи Донишгоҳи мазкур (2000-2003), декани факултети Фалсафаи Донишгоҳи мазкур (2003-2007), рухсатии эҷодӣ (2007-2009), дотсенти кафедраи Онтология ва назарияи маърифати Донишгоҳи мазкур (2009-2012), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи мазкур (2012-2013), аз соли 2014 то инҷониб дотсенти ҳамин кафедра, ҳамзамон, аз соли 2000-ум то ҳоло ходими калони илмии шуъбаи Таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2015 рисолаи докториашро дар мавзӯи “Таълимоти фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикии Ҳофиз” ҳимоя кардааст.
Муаллифи китобҳои “Ишқ дар фаҳмиши ибни Сино” (тезисҳои маърӯзаҳои конференсияҳои байналмилалии илмӣ, 2005), “Фалсафаи худшиносии ориёӣ//Тамаддуни ориёӣ ва худшиносии миллӣ” (2008), “Хафиз Шерази. История таджикской философии (с древнейших времен до XV в.), в трех томах” (2013), “Философияи Ҳофиз” (2014), “Таълимоти ахлоқии Ҳофиз” (2016); барномаҳои мавзӯъҳои лексионӣ ва машғулиятҳои семинарии “Гегелшиносӣ” (2002), “Сотсиология” (2006), “Методологияи илм” (2011); монографияҳо ва мақолаҳои зиёди илмӣ.
Шаропов Фаррух Сафолбекович - доктори илмҳои табиатшиносӣ (2015).
Соли таваллудаш 1976, зодаи деҳаи Утагани деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи факултети Кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1988).
Фаъолияти корӣ: аспиранти Пажӯҳишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999-2002), ходими калон (2003-2005) ва ходими пешбари илмии ҳамин Пажӯҳишгоҳ (2005-2012, ҳамзамон, солҳои 2000-2012- ассистенти кафедраи Кимиёи биоорганика ва физкалоидии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино), дар як вақт соли 2007 дар Донишгоҳи Бохуми Ҷумҳурии Федералии Олмон корҳои тадқиқотӣ анҷом дода, соли 2008 дар таҳияи Барномаи дастаҷамъӣ оид ба манъи силоҳи кимиёвӣ дар шаҳри Гаагаи Нидерландия иштирок намудааст. Рисолаи докториашро дар Донишгоҳи Ҳелденберги Олмон ҳимоя кардааст (2015). Аз соли 2015 то инҷониб дар Донишгоҳи “Осиёи Марказӣ”-и шаҳри Ҳелденберги Олмон фаъолият дорад.
Муаллифи зиёда аз 100 мақолаву фишурдаҳои илмӣ ва дастурҳои методӣ.Дорандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон (2006) ва мукофоти “Tehno Prize Center Azia” (2012).
Раҷабов Тағоймурод Бобоқулович - доктори илмҳои педагогӣ (2019), профессор.
Соли таваллудаш 1954, зодаи деҳаи Чароғчии деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи факултети Математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1976).
Фаъолияти корияш дар ҳамин Донишгоҳ ҷараён дорад: омӯзгори кафедраи Методикаи таълими математика (1976-1979), аспиранти Донишгоҳи мазкур (1979-1982), ассистенти кафедраи мазкур (1982-1989), муаллими калони ҳамон кафедра (1989-1991), дотсенти кафедраи зикргардида (1991-2007), аз соли 2007 мудири кафедраи Методикаи таълими ибтидоӣ.
Муаллифи китобҳои “Такрори математикаи мактабӣ”, қисмҳои 1,2 (1988), “Корҳои контролӣ аз математикаи элементарӣ ва методикаи таълими математика” (1994), “Арифметика” (бо шариктаълифон, 1999), “Математика” (китоби дарсӣ, 2002), “Маводи дидактикӣ аз математика барои синфҳои 5-9” (2010) ва беш 130 мақолаи илмӣ.
Холов Маҳмадулло Холмаҳмадович - номзади илмҳои филологӣ (1978), дотсент (1980).
Соли таваллудаш 1931, зодаи шаҳраки Ёвон. Хатмкардаи собиқ Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ваҳдат (1953) ва факултети Филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1959).
Фаъолияти корӣ: омӯзгори факултети Филологияи тоҷики Донишгоҳи мазкур (1959-1961), омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №80-и ноҳияи Рӯдакӣ (1961-1968), аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1968-1972), дотсенти факултети Филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1972-1985). Айни ҳол нафақахӯр, дар ноҳияи Рӯдакӣ истиқомат дорад.
Муаллифи китоби “Лексияи романи “Дохунда”-и С.Айнӣ” (бо шариктаълиф) ва зиёда аз 150 фишурдаву мақолаҳои илмиву адабӣ.
Утаганов Алиқул (1945-2016)- номзади илми географияи иқтисодӣ, дотсент (1978).
Зодаи деҳаи Пахтакори деҳоти Норин. Хатмкардаи факултети Географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1966).
Фаъолияти корӣ: ходими илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967-1969), котиби ҳизби коммунистии собиқ хоҷагии “Ёвон-4” (1970-1972), ассистенти кафедраи Географияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1972-1976), аспиранти Донишгоҳи мазкур (1976-1978), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи Географияи иқтисодии Донишгоҳи мазкур ва сипас мудири ҳамин кафедра (1978-1988), ноиби президенти Ҷамъияти географҳои Тоҷикистон (1988-1991), президенти Ҷамъияти географҳои Тоҷикистон (1991-1994, ҳамзамон, узви Ҷамъияти географҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ), дотсенти кафедраи Географияи иқтисодии Донишгоҳи болозикр (1995-2004), аз соли 2004 то замони ба нафақа баромаданаш мудири кафедраи Иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи мазкур.
Муаллифи беш аз 50 китоб, дастурҳои методӣ ва таълифоти илмӣ, аз ҷумла: “Перспективы развития Явано-Обикиикской долины” (1974), “Токпарварии лалмикорӣ” (1977), “Боғҳои куҳӣ ва доманакуҳ” (1980), “Иқтисодиёти ҷаҳон” (дастури методӣ, бо шариктаълифон, 2004) ва ғ.
Бобоназарова Ойниҳол - номзади илми ҳуқуқшиносӣ (1983).
Соли таваллудаш 1948, зодаи шаҳраки Ёвон. Хатмкардаи факултети Ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1971).
Фаъолияти корӣ: ассистенти факултети мазкур (1971-1972), аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1972-1975), дотсенти кафедраи Назарияи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1984-1989), декани факултети Ҳуқуқшиносии Донишгоҳи мазкур (1989-1994), мушовир-ҳуқуқшиноси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ҳамзамон, сардори Раёсати Хазинаи Институти ҷомеаи кушоди Фонди “Сорос” (1996-2007). Айни замон сарвари Фонди “Перспектива +”, узви Ташкилоти байналмилалии “Занҳои лидер” (марказаш дар шаҳри Парижи Фаронса).
Дорандаи ҷоизаҳои “Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” (2013), “Зани шуҷоатманди ҷаҳон” (дар қатори 10 нафар занони қудратманди ҷаҳон, 2014. Ин Ҷоиза аз тарафи Вазорати корҳои хориҷиии Амрико супорида мешавад).
Муаллифи зиёда аз 200 дастури методӣ, васоити таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ.
Мусоев Зайниддин - номзади илми география (1984), дотсент (1985). Олими яхшинос.
Соли таваллудаш 1943, зодаи деҳаи Оби Ошиқи ҳудуди деҳоти Ситораи Сурх. Хатмкардаи факултети Географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1965).
Фаъолияти корӣ: омӯзгори МТМУ №3-и ноҳияи А.Ҷомӣ (1965-1966), аспиранти Пажӯҳишгоҳи географияи Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (1971-1974), ассистент, сипас муаллими калони кафедраи Географияи табиии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1974-1984), дотсент ва баъдан мудири ҳамин кафедра (1985-1991), декани факултети Географияи Донишгоҳи мазкур (1991-1996), сардори Шуъбаи таълимии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (1997-2000), мудири Шуъбаи аттестатсия, аккредетатсия ва иҷозатномадиҳии идораи Аттестатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000-2004), декани факултети Географияи Донишгоҳи зикршуда (2004-2005), ноиби аввали ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов (2006-2009), дотсенти кафедраи Фанҳои табиии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010-2011), аз соли 2011 то инҷониб дотсенти кафедраи Географияи табиии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ.
Муаллифи 13 монография, китобҳои “Каталог ледников Таджикистана (бассейный рек Оби Висхарвий, Оби Курговат и Дараи Психарв)” (1980), “Ледники Таджикистана” (1992), “Заминшиносии умумӣ” (2004, 2016), “Табиатшиносӣ” (барои синфи 1, 2015), “Географияи табиӣ” (барои синфи 6, 2016) ва 70 мақолаи илмию методӣ.
Ҳасанов Сироҷиддин (1946-2002) - номзади илмҳои педагогӣ (1985), дотсент (1988).
Зодаи деҳаи Даҳанаи деҳоти Даҳана. Хатмкардаи факултети Физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1969).
Фаъолияти меҳнатияш дар Донишгоҳи мазкур ҷараён гирифтааст: ассистенти кафедраи Методикаи таълими математика (1969-1971), ассистент ва муаллими калони ҳамин кафедра (1972-1988), дотсент ва мудири кафедраи Методикаи таълими математика (1988-1997).
Муаллифи китобҳо ва дастурҳои методии “Практикум аз лимит, ҳосила ва татбиқи функсияҳо” (бо шариктаълиф, 1977), “Муодила ва нобаробариҳои тригонометрӣ” (бо шариктаълиф, 1989),“Функсияи бисёртағйирёбанда дар машғулиятҳои факултативӣ” (1989), “Такрори математикаи мактабӣ” (бо шариктаълифон, 1990), “Корҳои мустақилона аз тригонометрия” (бо шариктаълифон, 1995), “Арифметика” (бо шариктаълифон, 1999) ва беш аз 50 мақола ва фишурдаҳои илмиву методӣ ва дастурҳои таълимӣ.
Қараев Худоёр Хушвахтович - номзади илмҳои физика ва математика (1993), дотсент (2000).
Соли таваллудаш 1955, зодаи деҳаи Бош Қайнари деҳоти Норин. Хатмкардаи факултети Математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1976).
Фаъолияти корӣ: омӯзгори МТМУ №13-и ноҳияи Рӯдакӣ (1976-1981), ассистенти кафедраи Таҳлили Математикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ (1981-1985), аспиранти Пажӯҳишгоҳи риёзиёти Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (1985-1988, шуъбаи Сибир), муаллими калон, сипас дотсенти кафедраи Таҳлили Математикаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ (1988-1996), муовини декани факултети Таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи иқтисод ва молияи Тоҷикистон (1996-1998), декани факултети мазкур (1998-2004), декани факултети Таҳсилоти ғоибонаи зуданҷоми Донишкадаи мазкур (2004-2006), дотсенти кафедраи Математикаи олии ҳамин Донишкада (2006-2010), мудири кафедраи Технологияи информатсионӣ ва логистикаи Донишкадаи зикршуда (2010-2011), дотсенти кафедраи Математика дар иқтисодиёти Донишкадаи мазкур (2011-2013), мудири кафедраи Риёзиёт дар иқтисодиёти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (2013-2014), аз соли 2014 то инҷониб декани факултети Соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи мазкур.
Муаллифи китоби дарсии “Алгебра барои синфҳои 10 ва 11” (бо шариктаълиф, 2002), зиёда аз 500 фишурда, дастурҳои методӣ ва мақолаҳои илмӣ.
Ашуров Сироҷиддин Ғуломович - номзади илми химия (1996), дотсент (2003), полковники милитсия.
Соли таваллудаш 1958, зодаи деҳаи Чормағзаки деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи факултети Химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1982).
Фаъолияти корӣ: лаборант, корманди хурд, сипас корманди калони илмии кафедраи Химияи органикии Донишгоҳи мазкур (1982-1991), аспиранти ҳамин Донишгоҳ (1991-1994), муаллими калони кафедраи зикршуда ва ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети Химияи Донишгоҳи мазкур (1994-2003), дотсенти кафедраи Фанҳои муҳандисию техникии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003-2010), сардори ҳамин кафедра (2010-2013), аз соли 2013 то ҳоло дотсенти кафедраи мазкур.
Муаллифи китоби таълимии “Номенклатураи пайвастагиҳои органикӣ.(барои донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)” (бо шариктаълиф, 2015), 44 мақола ва дастурҳои таълимию методӣ.
Бобоев Хуҷаназар Эшимович - номзади илми химия (1996).
Соли таваллудаш 1966, зодаи деҳаи Урта Қайнари деҳоти Норин. Хатмкардаи факултети Химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1993).
Фаъолияти корӣ: лаборант, сипас ходими калони илмӣ ва мудири Лабораторияи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва партовҳои саноатии Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1988-2010), мудири Лаборатория дар муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии металлургия”-и КВД ТАЛКО (Ширкати алюминии Тоҷик, 2010- 2013), аз соли 2013 то ҳоло муовини директор оид ба корҳои илмии Пажӯҳишгоҳи мазкур.
Муаллифи 2 монография: “Коркарди комплексии аргилитҳои кони Чашмасанг” (2016) ва “Коркарди комплексии маъданҳои гилхокдор ва партовҳои саноатии истеҳсоли алюминий”, 5 патенти ихтироотӣ оид ба технологияи коркарди партовҳои истеҳсолии алюминий ва маъданҳои маҳаллии гилхокдор ва беш аз 100 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ.
Буриев Қурбоналӣ Бозорович - номзади илми таърих (2000).
Соли таваллудаш 1964, зодаи деҳаи Ғарави деҳоти Даҳана. Хатмкардаи факултети Китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (1985) ва Донишкадаи фарҳанги Москва (1988).
Фаъолияти корӣ: муаллими кафедраи Библиографияшиносӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода (1988-1994), аспиранти Институти таърих, археология ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994-1997), ходими хурди илмии Шуъбаи таърихи асрҳои миёнаи Институти мазкур (1997-1999), мудири Шуъбаи илмӣ ва методӣ-библиографии Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагона (1999-2000), назоратчӣ, роҳбари гурӯҳи кории CARE International (2001-2008), назоратчии Ташкилоти байналмилалии MISSION EAST дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд (феврал-марти 2009), назоратчии Барномаи тадқиқоти иҷтимоии “Хониши босифат”-и UNISEF(март-майи 2009), директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009-2015), аз соли 2015 то инҷониб директори генералии Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб- Хонаи китоби Тоҷикистон”.
Муаллифи китобу барномаҳо ва монографияҳои “Ҳисоби хоҷагӣ дар хоҷагии халқ” (1989), “Библиография дар аҳди Сомониён” (1999), “Библиографияи адабиёти кишоварзӣ” (2000), “Библиография земледельческой культуры таджикского народа” (2000), “Возникновение и развитие сельскохозяйственной библиографии” (2000), “История сельского хозяйства Таджикистана” (2002), “История возникновения и развития сельскохозяйственной библиографии” (2010), “Библиографияи адабиёти кишоварзӣ” (2011), “Библиографияи адабиёти табиатшиносӣ ва техникӣ” (2011), “Библиографияи кишоварзии тоҷик” (2011), “Таърихи библиографияи кишоварзӣ” (2011), “История таджикской библиографии” (2014), инчунин, зиёда 200 мақолаи илмиву тадқиқотӣ ва муҳаррири 22 асари илмиву оммавӣ.
Раҷабов Фахриддин Сайфиддинович - номзади илмҳои физика-математика (2002), дотсент (2007).
Соли таваллудаш 1971, зодаи деҳаи Чашмасори деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи факултети Саноатӣ-омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1994).
Фаъолияти корӣ: ассистенти кафедраи Физикаи таҷрибавии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (1994-1997), аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1995-1998), мудири лабораторияи кафедраи Техникаи гармои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (1997-2001), муаллими калони кафедраи Физика ва фанҳои техникии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (2002-2007), мудири кафедраи Физика ва фанҳои муҳандисии ҳамин Донишгоҳ (2007-2011), ҷонишини декани факултети Тайёрии фундаменталӣ ва маҳфилҳои фаннии Донишгоҳи мазкур (2011-2012), дотсенти кафедраи Технологияи информатсионӣ ва логистикаи Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон (2012-2013), аз соли 2013 то ҳоло мудири кафедраи Моделсозии математикӣ ва иттилоотии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон. Айни замон рӯи рисолаи докторӣ дар мавзӯи “Методҳои самарабахши фанҳои дақиқу табиатшиносӣ дар низоми кредитии таҳсилот дар макотиби олӣ” кор карда истодааст.
Муаллифи 4 дастури методӣ оиди иҷрои корҳои озмоишӣ, 6 дастури таълимӣ, 25 маҷмӯи курси лексияҳо аз фанҳои соҳаи моделсозӣ ва технология ва зиёда аз 55 мақолаи илмӣ.
Хушаев Юлчӣ Имомиддинович (1971-2003)- номзади илмҳои иқтисодӣ.
Зодаи деҳаи Урта Қайнари деҳоти Норин. Хатмкардаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (1996).
Фаъолияти корӣ: ходими илмии Донишкадаи мазкур (1996-1999), ҷонишини декани факултети Андоз ва андозбандии ҳамин Донишкада (2000-2003).
Қурбонова Муқаддас Завайдовна - номзади илми химия (2004).
Соли таваллудаш 1975, зодаи маҳаллаи С.Шерозии шаҳраки Ёвон. Хатмкардаи факултети Химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1997).
Фаъолияти корӣ: ходими илмии Пажӯҳишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипас лаборант ва ассистенти кафедраи Усулҳои тадриси кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1997-2005), аспиранти шуъбаи ғоибонаи Пажӯҳишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1998-2001),аз соли 2005 то ҳоло муаллими калони кафедраи Усулҳои тадриси кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Роҳбари “Ҷамъияти илмии донишҷӯён”-и Донишгоҳи мазкур.
Муаллифи 1 монография, 3 дастури методӣ ва беш аз 40 мақолаи илмӣ.
Акрамов Убайд Ҳасенович - номзади илми биология (2005), дотсент (2011).
Соли таваллудаш 1971, зодаи деҳаи Озодии деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи факултети Боғдорӣ ва сабзавоткории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (1997).
Фаъолияти корӣ: ассистенти кафедраи Физиологияи растанӣ ва биотехнологияи кишоварзии Донишгоҳи мазкур (1997-1998), аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи мазкур (1998-2001), муовини сардори Раёсати илм, техника ва стандартҳои Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2004), муовини сардори Раёсати мониторинги экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004-2007), сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007-2008), сардори Шуъбаи мониторинг, илм ва таблиғоти экологии Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшавандаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008-2011), муовини сардори Муассисаи мазкур (2011-2013), аз соли 2014 то ҳоло муовини сардори Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо роҳбарии ӯ Низомномаи нави Китоби Сурхи Тоҷикистон омода гардида, оид ба ҳолати экологии ҳудудҳои табии махсусмуҳофизатшаванда 7 филми мустанад наворбардорӣ карда шудааст.
Муаллифи 4 дастурамали методӣ доир ба мавзӯъҳои ҳифзи муҳити зист ва олами ҳайвоноту парандагон, 16 дастурамал дар мавзӯъҳои зикргардида, китобҳо ва фишурдаҳои илмии “Тартиби бақайдгирии олами ҳайвоноти нодир дар табиати ёбоӣ” (2011), “Солномаи табиат” (2012), “Нақши мониторинги биологӣ дар таъмини устувори гуногунии биологӣ” (2013), “Усулҳои аз табиат дошта гирифтани олами ҳайвоноти нодир” (2014), “Дарахтони зудинкишофёбанда ва нақши онҳо дар пешгирии таназзулёбии муҳити зист” (2014) ва 10 мақолаи илмӣ.
Раҳмонов Қиёмиддин Аслонхонович (1971-2011)- номзади илмҳои техникӣ (2006), дотсент (2009).
Зодаи деҳаи Ширинчашмаи деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи факултети Технологияи мошинсозии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (1994).
Фаъолияти корияш дар ҳамин Донишгоҳ ҷараён дошт: асистенти кафедраи Технологияи масолеҳи конструксионӣ (1994-2006), муовини декани факултети Механикаю технология (2006-2007), мудири кафедраи Технология, мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсолоти полиграфӣ (2007-2009), мудири кафедраи Нақшакашии муҳандисӣ (2009-2011).
Муаллифи 18 рисолаву мақолаҳои илмӣ ва 5 дастури методӣ. Дорандаи 1 патенти Авруосиёӣ оид ба коркарди хуллаҳои алюминӣ.
Каримова Идигул - номзади илми биология (2009).
Соли таваллудаш 1978, зодаи деҳаи Дастгираки Поёни деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи факултети Биология ва химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (2000).
Фаъолияти корӣ: аспиранти Институти физиологияи растании Академияи илмҳои Тоҷикистон (2001-2004), аз соли 2005 то ҳоло ассистенти кафедраи Биологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.
Муаллифи 1 монография, 24 мақола ва фишурдаҳои илмӣ.
Шарипов Мирзобек Мирзоевич - номзади илмҳои педагогӣ (2009), дотсент (2012).
Соли таваллудаш 1966, зодаи деҳаи Фурқати деҳоти Ситораи Сурх. Хатмкардаи факултети Биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1992).
Фаъолияти корияш дар ҳамин Донишгоҳ ҷараён дорад: ассистенти кафедраи Методикаи таълими биология ва химия (1993-1994), аспиранти Донишгоҳи мазкур (1994-1997), раиси созмони ҷавонони Донишгоҳ (1997-1998), муаллими калони кафедраи Методикаи таълими биология (1999-2002), муовини декан оид ба таълими факултети Биология (2002-2003), муовини ректори Донишгоҳ доир ба тарбия (2003-2005), муаллими калони кафедраи Методикаи таълими биология (2005-2010), муовини декани факултети Биология (2010-2013), аз соли 2013 то имрӯз мудири кафедраи Биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология.
Муаллифи китоби “Асосҳои методикаи таълими биология” (2008), 10 дастури методӣ ва 35 мақолаи илмию тадқиқотӣ.
Тураев Сабур Садриддинович - номзади илмҳои техникӣ (2010), дотсент(2015).
Соли таваллудаш 1982, зодаи деҳаи Чароғчии деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи факултети Химияи технологӣ ва металлургии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (2004).
Фаъолияти корӣ: аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005-2007), ассистенти кафедраи Кимиёи татбиқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2007-2011), ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии металлургияи назди КВД “ТАЛКО” (Ширкати алюминии тоҷик, 2011-2013), сардори озмоишгоҳи Корхонаи нафттозакунии қитъаи Айнӣ (ҶСП “Ҳасан ва К.”, н.Рӯдакӣ, 2013-2014), сардори озмоишгоҳи Корхонаи ҶСП “Тагоб” (2014-2015), ходими калони илмии Институти маъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (январ-сентябри 2015), аз соли 2015 то ҳоло дотсенти кафедраи Сохтмони гидротехникии Донишгоҳи давлатии Данғара.
Муаллифи китоби (дастури методии) “Технологияи истеҳсоли семент аз маъданҳои маҳаллӣ” ва беш аз 20 таълифоти илмӣ.
Ғафуров Парвиз Ҷурахонович - номзади илмҳои иқтисодӣ (2011), дотсент (2015).
Соли тавллудаш 1981, зодаи деҳаи Навкорами деҳоти ба номи Г.Юсуфова. Хатмкардаи факултети Баҳисобгирии иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2003, дипломи аъло).
Фаъолияти корӣ: мудири Озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии факултети мазкур (2003-2007), аспиранти Институти математикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004-2007), ассистенти кафедраи Информатикаи амалии Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон (2007-2009), муаллими калони ҳамин кафедра (2009-2010), муаллими калони кафедраи Математика ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҳамзамон, коршинос оид ба моделсозии макроиқтисодӣ ва дурнамо дар Ширкати консолтингии SOFREKO-и Фаронса (2010-2012), мудири кафедраи Система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишкадаи мазкур (2012-2015), аз соли 2015 то ҳоло дотсенти ҳамин кафедра ва ҳамзамон, коршинос оид ба моделсозии иқтисодӣ ва дурнамо дар Ширкати консолтингии LUIS BERGER-и Фаронса.
Муаллифи зиёда аз 45 мақолаи илмӣ ва васоити таълимию методӣ.
Намозов Тошқул Бӯриевич - номзади илмҳои педагогӣ (2012), дотсент (2012).
Соли таваллудаш 1961, зодаи деҳаи Қашқараҳаи деҳоти Обшорон. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов (1982) ва факултети Таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1997).
Фаъолияти корӣ: омӯзгори МТМУ №24-и ноҳияи Ёвон (1982-1986), омӯзгори МТМУ №26-и ноҳияи Ёвон (1986-1988), ассистенти кафедраи Тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ (1989-1993), муаллими калони кафедраи мазкур (1993-2005), унвонҷӯи Донишгоҳи мазкур (2006-2009), аз соли 2005 то ҳоло мудири кафедраи зикргардида. Устоди варзиш (1982), Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон (2006).
Муаллифи 1 монография, китобҳои “Қоидаҳои гӯштини миллӣ” (2009), “Қоидаҳои гӯштингирӣ” (2012), рисолаи “Асосҳои иҷтимоӣ-педагогии тарзи ҳаёти солим барои хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2012), “Барномаи таълимӣ оид ба фанни тарбияи ҷисмонӣ барои мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2001, 2009, 2012), “Силлабуси корӣ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ барои 4 кредит” (2009), “Силлабуси корӣ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ барои 6 кредит” (2012), “Маҷмӯаи таълими методӣ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ” (2016) ва зиёда аз 70 мақола оид ба варзиш.
Музаффаров Бадриддин Сангалиевич - номзади илмҳои иқтисодӣ (2013), дотсент (2015).
Соли таваллудаш 1977, зодаи деҳаи Чароғчии деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи факултети Иқтисодӣ ва муҳандисии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (1999) ва факултети Ҳуқуқшиносии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (2007).
Фаъолияти корӣ: афсари калони Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001-2002), муҳосиби ҶСШК “Тоҷиккимсохтмон” (2002-2005, н.Ёвон), афсари калони Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат (2005-2007), муовини директори генералии ҶДММ “Комплекс Токфеникс” (2007-2008,н.Ёвон), директори генералии Ҷамъияти мазкур, ҳамзамон, унвонҷӯи Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (2008-2011), ходими хурди илмӣ, сипас ходими илмӣ, ходими калони илмӣ ва мудири Шуъбаи иқтисодиёти гуногуннизом дар КАС-и Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (2012-2015), аз соли 2015 то ҳоло мудири кафедраи Таҳлили иқтисодии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
Муаллифи 2 монография, 23 дастури методӣ ва мақолаҳои илмӣ.
Раҳимов Наврӯз Муродович - номзади илми биология (2014).
Соли таваллудаш 1984, зодаи деҳаи Чароғчии деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи факултети Биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2006).
Фаъолияти корӣ: аспиранти Институти ботаника, физиология ва генетикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007-2009), ходими хурди илмии озмоишгоҳи генетикаи Институти мазкур (2010-2013), ходими илмии ҳаминИнститут (2013-2014), аз соли 2014 то инҷониб мудири кафедраи Геоэкологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ.
Муаллифи зиёда аз 30 таълифоти илмӣ. Дорандаи Дипломи “Олими ҷавон” (2010).
Тилабов Ёрибек Эмомназарович - номзади илмҳои иқтисодӣ (2015).
Соли таваллудаш 1984, зодаи деҳаи Ҳасании деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи факултети Иқтисодии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (2006).
Фаъолияти корияш дар ҳамин Донишкада ҷараён дорад: ассистенти кафедраи Молия (2006-2009), муаллими калони кафедраи Идораи давлатӣ ва маҳаллӣ (2009-2012), муаллими калони кафедраи Иқтисод ва идора (2012-2015), муовини декан оид таълими факултети Менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ (2015-2016), аз моҳи майи 2016 то ҳоло сардори Шуъбаи илм ва инноватсия.
Муаллифи 1 монография, беш аз 20 мақола ва дастурҳои илмию методӣ.
Гулмуродов Исомиддин Сафарович - номзади илми фармасевтӣ (дорусозӣ) (2016).
Соли таваллудаш 1983, зодаи деҳаи Чормағзаки деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов. Хатмкардаи факултети Фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (2006).
Фаъолияти корӣ: ассистенти кафедраи Технологияи фармасевтии Донишгоҳи мазкур (2006-2010), аспиранти Донишгоҳи миллии фармасевтии шаҳри Харкови Ҷумҳурии Украина (2010-2013), аз соли 2013 то инҷониб муаллими калони кафедраи Фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.
Муаллифи “Барномаи таълимӣ барои донишҷӯёни курси 5-уми ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” (2015), “Барномаи таълимӣ барои фанни биотехнология” (2016), 1 патент барои малҳами “Исопол” (2016, Ҷумҳурии Украина) ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ.
Қодиров Анвар Саидқулович - Номзади илмҳои техникӣ (2016).
Соли таваллудаш 1983, зодаи деҳаи Шота Рутавелии деҳоти Ситораи Сурх. Хатмкардаи факултети Химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав (2006).
Фаъолияти корӣ: аспиранти Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006-2009), ходими илмии Институти мазкур (2009-2012), донишомӯзи курси такмили ихтисос дар Донишгоҳи Йоҳанес Кетлери шаҳри Линзи давлати Австрия (2012-2013), аз соли 2013 то ҳоло ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муаллифи китобҳои “Экологияи умумӣ” (2010), “Истифодаи технологияи обёрикунии қатрагӣ” (бо шариктаълифон, 2015), “Общая экология” (бо шариктаълифон, 2012) ва 36 мақолаи илмӣ, ки дар матбуоти ватанию хориҷӣ ба табъ расидаанд.
Шарифзода Шарифбек Мурод - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2016), мушовири адлияи дараҷаи I.
Соли таваллудаш 1975, зодаи деҳаи Ғарави деҳоти Даҳана. Хатмкардаи Литсейи касбии техникии ноҳияи Ёвон (1994), факултети Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавоти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур (2000), факултети Ҳуқуқшиносии Донишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон (2003) ва факултети Ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2013).
Фаъолияти корӣ: муҳаррири Идораи барномаҳои сиёсӣ-криминалии Телевизиони “Тоҷикистон” (2000-2003), дастурдиҳандаи калони Шуъба оид ба корҳои таълимии Муассисаи ЯС 3/6-и Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (апрел-августи 2006), муаллими калони кафедраи Ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи Вазорати корҳои дохилии мамлакат (2006-2007), нозири бахши ташкилию нозиротӣ ва робитаҳои берунии Раёсати ташкилию нозиротии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007-2008), ваколатдори калони фаврии Шуъбаи пешгирии коррупсияи Агентии мазкур (2008-2009), ваколатдори калони фаврӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шуъбаи мазкур (2009-2010), нозири калони Шуъбаи 2-юми Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии мазкур (2010-2013), прокурори Раёсати ташкили кор ва қабули шаҳрвандони Прокуратураи генералии мамлакат (2013-2014), ёрдамчии калони прокурори шаҳри Ҳисор (2014-2015), муаллими калони кафедраи Фанҳои гуманитарии Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2015-2016), аз моҳи апрели соли 2016 то инҷониб сардори Шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионии ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният. Ҳамзамон, солҳои 2003-2008- муаллими калони (ҳамкори берунии) кафедраи Фанҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи иқтисоди Тоҷикистон; аз соли 2008 то имрӯз муаллими калони (ҳамкори берунии) кафедраи Ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи фанҳои Ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва курси махсуси “Пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия”.
Муаллифи рисолаи “Ҷанбаъҳои ҳуқуқии ҷиноӣ, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз рӯи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”, беш аз 300 мақолаи илмию бадеӣ, очеркҳо ва барномаҳои телевизионӣ.
Бобоалиева Зебунисо Пирмуродовна - номзади илмҳои филологӣ (2016).
Соли таваллудаш 1984, зодаи деҳаи Бустон-2-и деҳоти ба номи Г.Юсуфова. Хатмкардаи факултети Забонҳои шарқи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода (2008, дипломи аъло).
Фаъолияти корӣ: ассистенти кафедраи Адабиёти тоҷики Донишкадаи мазкур(2008-2010), аспиранти шуъбаи рӯзонаи ҳамин Донишкада (2010-2014, семоҳисоли 2014- таҳсил дар курси кутоҳмуддати Донишгоҳи забонҳои хориҷӣ ва англисии шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон, дипломи аъло), ассистенти кафедраиНазария ва амалияи тарҷумаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода (2014-2016), аз моҳи июли соли 2016 муаллими калони кафедраи мазкур.
Муаллифи рисолаи “Творчество Чингиза Айтматова в контексте таджикско-кыргызско литературных связей (проблемы перевода)”, зиёда 20 мақолаи илмӣ-публитсистӣ ва ҳикояҳои бадеӣ (чанде аз таълифоташ ба забонҳои хориҷӣ дар мамолики Эрон, Ҳиндустон ва Қирғизистон чоп шудаанд).