
Сатторова Меҳриниссо, омӯзгори Коллеҷи технологӣ - фарматсевтии Тоҷикистон
Иштирок варзидан дар озмуни ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” дар ҳаёти ман саҳифаи наверо боз намуд. Ин иқдом барои ман баробари қадам гузоштан ба остонаи боз як соҳаи нави илм, ошноии воқеӣ бо таърихи миллати тоҷик, омӯхтану сабақ гирифтан аз мактаби қаҳрамонии фарзонафарзанди миллати тоҷик-Бобоҷон Ғафуров гардид. Ҳар кӣ дар арсаи ин озмун қадам гузоштааст, лаззати шино намудан дар баҳри беканори маърифати ниёгон, парвоз дар осмони ифтихор аз таъриху тамаддун ва қаҳрамониҳои фарзандони миллати хеш даст додааст.
Махсусан, омӯхтани ҳаёту фаъолияти фарзанди Қаҳрамони миллат, кору пайкори Бобоҷон Ғафуров баҳри наҷоти шаъну эътибор, мавқеъ ва номи тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ барои дар ниҳоди хеш бедор намудани эҳсоси саршори ватандӯстӣ, муҳаббату садоқат ба арзишҳои муқаддаси милливу ватандорӣ худ як мактаби бузурги худшиносист.
Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ходими намоёни сиёсиву давлатӣ, бузургтарин олими шарқшиноси сатҳи ҷаҳонӣ, муаррифгари таърихи пурифтихору рангини миллати соҳибтамаддуни тоҷик- академик Бобоҷон Ғафуров барои ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гардидан барои халқу Ватани хеш хизматҳои басо бузург карда, дар пойдории ному шарафи миллати тоҷик саҳми шоистае гузоштааст.
Бояд қайд кард, ки хизматҳои олими маъруфи ховаршинос- аллома Бобоҷон Ғафуров барои халқу ватан басо доманадор ва бисёрсоҳа буда дар кадом соҳае , ки фаъолият намудааст, аз худ нақши мондагоре боқӣ гузошта, хизматҳои қаҳрамонона кардааст.
Муҳимтарин соҳаҳое, ки барои расидан ба қуллаи баланди қаҳрамонӣ барои ин чеҳраи мондагор роҳ кушодааст, ин аввалан, хизматҳои шоистаи ӯ дар соҳаи публитсистикаи тоҷик, баъдан саҳми арзанда ва заҳматҳои пурарзиши ӯ дар фаъолияти сиёсиву давлатӣ ва ниҳоят, аз ҳама нуқтаи баланди хизмати шоистааш барои халқу ватан дар фаъолияти илмии ӯ зоҳир гардида, заминаҳои қаҳрамони миллат гардидани ӯро фароҳам овардааст
ХИЗМАТҲОИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР СОҲАИ ПУБЛИТСИСТИКА
Дар соҳаи публитсистика Бобоҷон Ғафуров бо хизматҳои шоистаи худ нуфуз, эътибор ва муҳимияти ин соҳаи пурмасулият ва созандаи давлат ва ҷомеаро ба авҷи камолот расонда, ба ин васила обрӯи миллати тоҷикро бо доштани чунин фарзанди фарзона баланд бардоштааст.
--ҳанӯз аз аввалин қадамҳои худ дар матбуот бо мақолаву навиштаҳои танқидӣ нотарсона тамоми камбудиву норасоиҳои ҷомеаро ошкоро зери танқид гирифта, дар решакан ва бартараф намудани нуқсонҳои замон мусоидат менамуд.
--Бобоҷон Ғафуров аввалин тоҷикест, ки соҳиби таҳсилоти олии касби рӯзноманигорӣ шудааст. Ҳанӯз соли 1931 кордониву ҳушёрӣ, донишу малака ва сифатҳои шоистаи публитсистиву сиёсии Бобоҷон Ғафуровро ба инобат гирифта, давлат ва Ҳукумат ӯро ба бонуфузтарин мактаби олии вақт- Институти Иттифоқи Коммунистии рӯзноманигории шаҳри Москва мефиристад. Ин муассисаи олиро Бобоҷон Ғафуров соли 1935 хатм намуда бошад ҳам, дар давоми солҳои донишҷӯйӣ дар бонуфузтарин рӯзномаҳои давлатии он замон- “Известия “ ва “Правда” фаъолият намудааст
--бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров соли 1937 мактаби дусолаи омода намудани рӯзноманигорони касбӣ ва муҳаррирони рӯзномаҳои маҳаллӣ таъсис дода шуд;
--бо талошҳои бевоситаи Бобоҷон Ғафуров соли 1938 нашри ду маҷаллаи бонуфуз, ки дар он вақт барои ҷумҳурии навбунёди Тоҷикистон мисли обу ҳаво зарур буд, яке “Коммунисти Тоҷикистон” ва дигаре “Корманди ҳизбӣ” ба роҳ монда шуд .
Бобоҷон Ғафуров фаъолияти публистистии худро густариш дода, бо мақолаҳои танқидии хеш баҳри ошкор намудани камибудиву норасоиҳои замон дар саҳифаҳои рӯзномаҳои “Овози тоҷик” ва “Бедории тоҷик” ҳаҷвномаҳои тезутунд менавишт. Аз ҷумла, мақолаҳои ҳаҷвии ӯ бо унвони “Омад-омади автобуси Хуҷанд”, “Хиёнаткорони Исфисор”, “Аз дафтари се ҷинояткор”, “Аз ҳаёти се мунофиқи номдор” ошкоро баён кардани баъзе нуқсонҳои ҷомеаи ҳамонвақта буд, ки дар он замон чопи чунин мақолаҳо ба ҷони муаллиф хатар дошт.
Ин далелҳо танҳо қатрае аз баҳри хизматҳои Бобоҷон Ғафуров дар равнақи соҳаи публитсистикаи тоҷик мебошад.
ХИЗМАТҲОИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ФАЪОЛИЯТИ СИЁСӢ, ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ
Бобоҷон Ғафуров ба ҳаёти пурҷӯшу хуруши сиёсиву ҷамъиятӣ ҳанӯз аз соли 1922 бо фаъолият намудан дар ташкилоти бонуфузи ҷавонон ворид гардидааст. Баъдан донишу қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва истеъдоди роҳбарияш ба ӯ имконият фарҳам овард, ки солҳои 1926 то 1928 аввал ба сифати мудири шуъбаи кор бо мактаббачагон ва мудири шуъбаи фарҳанг, сипас, котиби Кумитаи ноҳиявии комсомоли Хуҷанд шуда кор кунад. Маҳз дар ҳамин давра ҷаҳду талош ва заҳматҳои Бобоҷон Ғафуровро дар роҳи сохтмони ҷомеаи нав, таҳлилҳои воқеъбинонаи давр ба инобат гирифта, ӯро барои такмили маҳорати касбии ходими ҷамъиятӣ ба курси дусолаи ҳуқуқшиносӣ ба шаҳри Самарқанд мефиристанд. Пас аз хатми он Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун корманди ҷавону умедбахш ба ихтиёри Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба шаҳри Сталинобод мефиристанд. Дар давоми солҳои зиёд Бобоҷон Ғафуров бо дониши баланди сиёсӣ ва маҳорату малакаи ташкилотчигӣ дар вазифаҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ кор кардааст.
Моҳи июни соли 1946 истеъдоди роҳбарӣ, кордонию ташкилотчигӣ ва дигар сифатҳои барҷастаи Бобоҷон Ғафуровро ба инобат гирифта, ӯро котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон интихоб намуданд. Дар адои ин вазифаи басо пурмасъулият ва заҳматталаб низ Бобоҷон Ғафуров барои равнақу пешравӣ ва тараққиёти иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, маориф, фарҳанг ва болоравии мақоми Ҷумҳурӣ дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ нақши басо бузург гузошт. Даҳ соли сарварии ин фарзанди асили миллат марҳилаи рушду тараққиёти босуръат ва баландравии сатҳи иқтисодию, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Таҳти сарварии Бобоҷон Ғафуров дар ҷумҳурӣ раванди аз навбарқароркунии хоҷагии мамлакат ба анҷом расида, сохтмони муассисаҳои калони саноатӣ, аз худкунии заминҳои бекорхобида, рушди хоҷагии кишоварзӣ, махсусан, пахтакорӣ, сохтмони роҳҳо, нерӯгоҳҳои обӣ-барқӣ, пешрафти рӯзафзуни соҳаи маориф ва илму фарҳанг, ташкили нахустин Донишгоҳи давлатӣ, Академияи илмҳо ва садҳо комёбиҳои дигар дар мамлакат ба даст омадааст.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Бобоҷон Ғафуров дар баробари заҳмати сангини роҳбари аввали ҷумҳурӣ будан ба фаъолияти илмӣ низ таваҷҷуҳи зиёд намуда, пайваста таҳқиқу баррасии таърихи халқи тоҷик ва дигар масоили мубрами рӯзро идома дода, дар ин солҳо чандин мақолаҳои таҳқиқию таҳлилӣ, гузоришҳо ва маърӯзаҳои илмӣ таҳия намуда, ҳамзамон роҳбарии илмии аспирантҳову унвонҷӯёни зиёдеро ба зимма дошт. Рушду нумӯи илм, таъсису ташкили муассисаҳои илмӣ- татқиқотӣ, даъват намудани олимони шинохта ба ҷумҳурӣ, ғамхорӣ нисбат ба олимону эҷодкорон, интихоб ва таъминоти самтҳо ва мавзӯъҳои пажуҳишӣ, ҳамеша дар мадди назари Бобоҷон Ғафуров қарор дошт.
Дар баробари ин Бобоҷон Ғафуров дар назди худ мақсад гузошт, ки доир ба таърихи миллати тоҷик асари мукаммале таълиф намояд. Аз ин рӯ , ба сарчашмаҳои таърихӣ, мероси хаттӣ, дастоварҳои илми бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, ба таҳқиқоти ховаршиносони шуравию хориҷӣ ва дигар асноду далелҳои муътамад рӯ оварда, соли 1947 китоби “Таърихи мухтасари халқи тоҷик”-ро нашр намуд. Бо ин татқиқоти бунёдии худ Бобоҷон Ғафуров пайдоиш ва ташаккули тоҷиконро ҳамчун этноси мустақил, мардуми бумӣ, миллати асил ва дорои тамаддуни решагӣ ва анъанаву суннатҳои арзишманди фарҳангию таърихӣ исбот намуд. Дере нагузашта ин китоб дар маркази Иттиҳоди Шӯравӣ се маротиба пайи ҳам-солҳои 1949, 1952 ва соли 1955 ба забони русӣ тарҷума ва нашр карда шуд.
Моҳи июни соли 1956 Бобоҷон Ғафуров аз вазифаи Котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба вазифаи пурмасъулияти директори Институти Шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин шуд ва дар кутоҳтарин муддат бо кордониву масъулият дар ин самт низ корҳои бузургеро анҷом дода, олими тавоно, ташкилотчии моҳир ва фарзанди асили миллати тоҷик будани худро исбот намуд. Ӯ бо камоли кордонӣ дар кутоҳтарин муддат илми ба буҳрон дучоршудаи ховаршиносии Шӯравиро аз нав эҳё карда ба мактаби пешрафтатарини шарқшиносии ҷаҳон табдил дод. Дар инраванд хизматщояш аз инщо иборатанд: аввалан ӯ
--самҳо ва мавзӯъҳои татқиқотӣ ва ҳамкориҳои Институтро ба марказҳои илмии ҷаҳонӣ ва олимони шинохта ба куллӣ тағйир дод; баъдан
--китобхона ва нашриёти марказии “Адабиёти Шарқ”-ро таъсис дод; инчунин
--нашри маҷаллаҳои бонуфузи “Шарқи муосир”, “Осиё ва Африқои имрӯз”, “Шарқшиносии Шӯравӣ” ва “Халқҳои Осиё ва Африқо”-ро ба роҳ монд.
--Маҳз бо ибтикори ин фарзанди асили миллат нашри силсилаи китобҳои “Осори хаттии Шарқ” ва “Осиёи Марказӣ дар маъхаз ва асноди асри 19 ва ибтидои асри 20” шурӯъ гардид.
--дар соли 1965 бо ташаббуси бевоситаи Бобоҷон Ғафуров таҳқиқоти бунёдии “Таърихи халқи тоҷик” дар се ҷилду панҷ китоб дар шаҳри Москва аз чоп баромад.
--дастоварди беназири олими шинохта, фарзанди сазовори миллати тоҷик Бобоҷон Ғафуров ин идомаи таҳқиқ ва пажуҳиши таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад. Ин муҳаққиқи барҷаста натиҷаҳои корҳои илмиву таҳқиқотии худро ҷамъбаст намуда, китоби арзишманду пурқимати хеш – “Тоҷикон”-ро бо унвони “Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна”-ро соли 1972 дар шаҳри Москва бо забони русӣ ба нашр мерасонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бисёрсоҳаи академик Бобоҷон Ғафуров махсусан ба фаъолияти илмии ин олими ховаршиноси тоҷик баҳои баланд дода таъкид мекунад, ки “Фарзанди фарзонаи миллат” ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳонӣ гардонидани он сарф кардааст”.
Аз ин хотир, 8-уми сентябри соли 1997 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарзанди баруманди миллати тоҷик, олими барҷаста, таърихнигори беҳамто, академик Бобоҷон Ғафуров барои хизматҳои арзанда дар роҳи шинохти таърихии миллати тоҷик, инъикоиси воқеабинонаи асолати таърихии тоҷикон, пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва муаррифии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ унвони Олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон”- ро шиносномаи миллат номидааст. Зеро ин асари мондагори академик Бобоҷон Ғафуров пояи бунёдии омӯзиши таърихи халқи тоҷикро ташкил дода, ба муаррифии халқи тоҷик ва таърихи пурифтихори он мусоидат менамояд. Зеро Бобоҷон Ғафуров бо ин асари пурқимат ҳамчун олими тавоно ва таърихнигори беназир пайдоиш ва ташаккули тоҷиконро ҳамчун этноси мустақил, мардуми бумӣ, миллати асил ва дорои тамаддуни решагӣ ва анъанаву суннатҳои арзишманди фарҳангию таърихӣ исбот намуд.
Президенти мамлакат таъкид месозад, ки шоҳасари безаволи Бобоҷон Ғафуров - “Тоҷикон” шиносномаи миллат буда, дар ташакули ҳисси худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии тоҷикон хизмати шоиста кардааст. Худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ аз огаҳӣ доштан аз таърихи гузаштаи халқ, ва ошноӣ бо корнамои фарзандоне, ки дар роҳи расидан ба озодиву истиқлолият ва таҳкими пойдории давлатдории миллат талош кардаанд, сарчашма мегирад.
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар радифи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”-и Садриддин Айнӣ ба он олимоне, ки ҳақиқати таърихиро инкор ва таърихро таҳриф намуда, мавҷудияти халқи тамаддунсози тоҷикро эътироф намекарданд ва ақидаҳои ғаразнок паҳн менамуданд, ҷавоби қатъии илман асоснок додааст. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат ин асари безаволро вобаста ба арзиши илмию рисолати таърихиву сиёсии он “Шиномномаи миллат” номидааст.
Иқтибосеро аз китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – “Чеҳраҳои мондагор” овардан хеле бамаврид аст.
“Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат такони ҷиддие гардид. Маҳз аз ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан - «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рўйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст. Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тўфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Бешак, як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо гузаштаи пурифтихор ва мероси таърихӣ аст. Ҷомеа то хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад. Омўхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки он барои имрўз ва шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ - хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира – сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян созад»




