Муассис
Акбар Асадулло 15 феврали соли 1981 таваллуд шудааст. Соли 2002 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос, соли 2007 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак.М.С.Осимиро бо ихтисоси сохтмончӣ ва соли 2013 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст.
Директори силсилакорхонаҳои "Ғаюр Семент", ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва узви Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад.
Директор
Изатов Субҳиддин Икромиддинович 1 январи соли 1995 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2019 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси “Журналист” хатм намудааст.
Дар вазифаҳои зерин кору фаъолият намудааст: нозири шуъбаи кадрҳо дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон (2016-2018), муовини директори Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон оид ба тарбия (аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи ноябри соли 2021).
Аз моҳи ноябри соли 2021 ба вазифаи директори Коллеҷи технологӣ - фарматсевтии Тоҷикистон таъйин гардидааст.
Почтаи электронӣ: izatov-2017@mail.ru
Телефон: (83141) 2-12-29
Муовини директор оид ба корҳои таълим
Раҳимов Фазлиддин Шамсиддинович 30 ноябри соли 1981 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Соли 2008 Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро хатм кардааст.
Раҳимов Фазлиддин Шамсиддинович дар ҷойҳои зерин кору фаъолият кардааст: механик таъмиргар дар ҶДММ Заводи пахтаи ба номи У. Қобилов (2008-2012), сардори баст дар ҶДММ ХИМА Текстил (2012-2018), сардори шуъбаи таълим дар ҶДММ Коллеҷи технологӣ фарматсевтии Тоҷикистон (2018-2024)
Аз 1 феврали соли 2024 ба вазифаи муовини директор оид ба корҳои таълим таъйин гардидааст.
Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ
Раҷабзода Файзиддин Маҳмадӣ
6 декабри соли 1966 ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар МТМУ 10-и ноҳияи Ёвон гирифтааст
Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад (1991).
Дар вазифаҳои зерин кор кардааст: омӯзгори фанҳои забону адабиёти тоҷик ва матни классикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 10, 1, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ва Гимназияи хонандагони лаёқатманди ноҳияи Ёвон (1991-2009), сармутахассиси Бахши фарҳанги ноҳияи Ёвон (2009-2011), мутахассиси пешбари Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон (2011-2012), мудири Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон (2012-2013), сармутахассиси Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон (2013-2019), мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон (2019-2022).
Аз 2 феврали соли 2022 ба вазифаи муовини директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ таъйин гардидааст.
Намунаи ашъораш дар маҷмӯаҳои дастҷамъонаи «Армуғони ғазал» (2012), «Дурдонаҳои Ёвон» (2014), “Кохи паймон” (2017), “Суханварони водии Ҳисор” (2021) ва очерку мақолаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ба табъ расидаанд.
То имрӯз 5 китобаш аз чоп баромадааст (мураттиби маҷмӯаи «Дурдонаҳои Ёвон» (2014), муаллифи китобҳои «Зафармандон» (2015) ва «Ахтари иқболи Ёвон» (2016), мутарҷими китобҳои “Бемории худро дӯст дор”-и нависандаи рус Синелников В.В. (2023) ва “Қудрати зеҳн дар асри XXI”-и нависандаи амрикоӣ Ҷон Кехо (2023).
Як боби маҷаллаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Археологическая карта Таджикистана. Яванский район”-ро тарҷума ва ба нашр омода кардааст.
Дар нашри 7 китоб ҳамчун муҳаррир (“Гулхор”, 2018- Каримхон Мирзоев, “Рози ниҳон”, 2019- Сайфиддин Имомӣ, “Эътимоди халқ кафолати пирӯзии мост”, 2019- С.Абдуллоева, “Ҳамтақдирон”, 2020- Холмурод Мирзобеков, “Гавҳаре аз умқи дарё”, 2020- Саёҳат Абдуллоева, “Хотираҳо”, 2021- Қутбиддин Сафархолов, “Машъалафрӯзи ҷодаи илм”, 2022- Саёҳат Абдуллоева) ва дар чопи 1 китоб ба сифати мусаҳҳеҳ (“Ёвон - Ориён”, 2012. Убайдуллоҳи Ширин) иштирок кардааст.
Муовини директор оид ба корҳои тарбия
Ибрагимов Муҳаммадҷон Исломович 06.02.1995 дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар мактаби №1-и ноҳияи Ёвон гирифтааст.
Хатмкардаи факултети фалсафа, ихтисоси менеҷменти сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад (соли 2016)
Дар вазифаҳои зерин кор кардааст: омӯзгори фанҳои фалсафа ва сиёсатшиносии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон (2016-2017), омӯзгори фанҳои фалсафа ва сиёсатшиносии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон (2018-2019), танзимгар, муовини декани факултети технологӣ-фарматсевтии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон (2019-2021).
Аз 1 ноябри соли 2021 ба вазифаи муовини директор оид ба корҳои тарбия таъйин гардидааст.
Декани факултети технологӣ-фарматсевти
Катахонов Абдукарим Маҳмадрасулович 14 сентябри соли 1973 дар деҳаи Гулибодоми ноҳияи Ёвон таввалуд шудааст. Соли 1990 мактаби миёнаи №12-и ноҳияи Ёвон ва соли 1995 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осимиро бо ихтисоси муҳандиси корхонаҳои электрохимиявӣ хатм кардааст.
Фаъолияти корияшро ба ҳайси ассистенти кафедраи Технологияи корхонаҳои электрохимиявии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммадҷон Осими оғоз кардааст (солҳои 1995-1997), солҳои 1997-1998 ҳамчун сардори бахш дар Заводи оҳакбарории ноҳияи Ёвон, солҳои 1998-2008- омӯзгори фанни химияи МТМУ №48- ноҳияи Ёвон, солҳои 2008-2018- сардори шуъбаи кадрҳои ШХДМ ШВКД-и ноҳияи Ёвон, солҳои 2018-2020- сардори таҳлилгоҳи химиявии заводи ТАЛКО “Криолит” кор кардааст.
Аз соли 2020 дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон фаъолият дорад: солҳои 2020-2021- омӯзгори фани химия, солҳои 2021-2023- мудири кафедраи Табиӣ-риёзӣ.
Аз январ соли 2023 то инҷониб вазифаи декани факултети технологӣ-фарматсевтии Коллеҷро ба зимма дорад.