Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

Воҳидов Неъматхон - омӯзгори калони фанни таърихи Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон

Дар таърихи ҳар як миллат санаҳои таърихие ҳастанд, ки бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд. Яке аз чунин санаҳо барои таърихи халқи тоҷик 14 октябри соли 1924 мебошад. Маҳз дар ҳамин рӯз дар натиҷаи тақсимоти миллӣ- маъмурии Осиёи Миёна Ҷумҳурии Шурави Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Албатта, ин тақсимот бенуқс набуд, махсусан нисбати халқи тоҷик беадолатиҳои зиёде карда шуд. Вале он падидаи олиасосе буд, ки аз оғози эҳёи давлатдории тоҷикон шаҳодат медод.Халқи тоҷик баъди ҳазорсолаҳо аниқтараш, баъди давлати Сомониён аз нав соҳиби давлати милии худ гашт. Ҳамин мухторияти маҳдуд буд, ки барои тафаккури озодандешӣ ва истиқлолиятхоҳии воқеӣ заминаи қавӣ гузошт.

Масъалаи дар Осиёи Миёна гузаронидани тақсимоти миллӣ-маъмурӣ аз ҷониби Ҳизби комунистии болшевикон ҳанӯз аз оғози солҳои 20-уми қарни ХХ пешниҳод гардида буд. Соли 1920 дар ҳудуди Осиёи Миёна се давлат: Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалисти Туркистон, Ҷумҳурии Халқии Хива ва Ҷумҳурии Халқии Бухоро вуҷуд дошт. Вале ин ҷумҳуриҳо ҷумҳуриҳои миллӣ набуданд, балки ҷумҳуриҳои гуногун-миллӣ, яъне сермиллат буданд, номи онҳо ифодакунандаи номи ягон миллат набуд.Узбакҳо, тоҷикон, қирғизҳову туркманҳо дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ Сотсиалисти Туркистон, тоҷикон, узбакҳо ва туркманҳо дар Ҷумҳурии Халқии Бухоро, узбакҳову туркманҳо дар Ҷумҳурии Халқии Хива асрҳои зиёд боз якҷоя, паҳлу ба паҳлу зиндагӣ мекарданд. Дар лаҳзаҳои хурсандиву азодорӣ бо ҳам буданд. Ягонто аз ин халқҳо ҳанӯз ба дараҷаи миллат ташаккул наёфта буданд. Тоҷикон худро аз рӯи маҳал бу- хороӣ, самарқандӣ, хуҷандӣ, намангонӣ, кӯлобӣ ва ғайра фарқ мекарданд. Мардуми туркнажод бошад ҳанӯз нишонаҳои қавмӣ қабилавиро мисли лақайҳо, қарлуқҳо, қунғуротҳо, барлосҳо, манғитҳо ва ғайра нигоҳ медошт. Яъне он марҳила ба замоне мувофиқ омад, ки ҳанӯз худшиносии милии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон ташаккул наёфта буду,туркпарастӣ тантана мекард.

Дар баробари ин дар оғози солҳои 20 асри ХХ дар Ҷумҳурии Халқии Бухоро ва Ҷумҳурии Халқии Хива ҷанги шаҳрвандӣ давом дошт ва чунин шароит барои гузаронидани тақсимот имконият мавҷуд набуд.

Баъди ба охир расидани ҷанги шаҳрвандӣ имконияти гузаро-нидани тақсимоти миллӣ маъмурӣ ба амал омад. Дар аввал оид ба тақсимоти миллӣ маъмури таклифи таъсиси се давлат дар назар буд. ”Дар Туркистон зарурати тартиб додани харитаи Туркистонро ботақсим намудан ба Узбакия, Қирғизия ва Туркмания тавсия ме-кард пешвои пролетариати ҷаҳон В.И.Ленин. Яъне аз аввали пешниҳоди масъала нисбати тоҷикон ба беадолатӣ роҳ дида шуда буд. Ин беадолати тодараҷае буд, ки ҳатто тоҷиконро ҳамчун халқият намеҳисобиданд. Дар оғози асри ХХ пантуркизм хеле реша давонида буд. Пантуркистон даъво мекарданд, ки тоҷикони Бухорову Самарқанд ва дигар минтақаҳои Туркистон туркнажоданду забони аслияшон туркист.Онҳо фақат бо таъсири забони форсӣ, ки забони қонунгузорӣ, идораҳои ҳукуматӣ ва забони таҳсил дар мактабҳо буд, инчунин бо адабиёти форсӣ, забони туркии худро гумкардаанду тоҷикзабон шудаанд.Шумораи тоҷикон низ кам нишон дода мешуд.Чуноне, ки профессор Ҳ.Пирумшоев менависад: “Дар арафаи тақсимо-и ҳудудию миллӣ дар Осиёи Миёна шумораи тоҷикон 1,5 миллион нафарро ташкил медоданд.Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Мухтри Шуравии Сотсиалисти Туркистон 600 ҳазор нафар, дар Ҷумҳурии Халқии Бухоро 800 ҳазор сукунат доштанд .Бино ба нишондоди баъзе аз муаррихон дар Ҷумҳурии Мухтори Шурави Сотсиалистии Туркистон 47.3 фоиз ва дар Ҷумҳурии Халқии Бухоро 52,3 фоиз тоҷикон буданд. Вале мутаассифона дар як муддати кутоҳ аксарияти тоҷикони Самарқанду Бухоро бо роҳҳои гуногун узбак гузаронида шуданд. Яке аз чунин лаҳзаҳоро олими ши-нохтаи тоҷик Муҳаммадҷон Шукуров дар асараш “Хуросон аст,инҷо”чунин меоварад. Шабона мутассадиаёни ба рӯи хатгири ба хонаашон омада аз ӯ миллаташро мепурсанд.Кампири бечораи аз сиёсат бехабар худашро тоҷик мегӯяд.Ба ӯ мегӯянд,ки агар дар Бухоро зиндагӣ кардан хоҳад, бояд миллати худро узбак нависонад, агар тоҷик нависад, ӯро ба Масчо мефиристананд. Он вақт Масчо гуфта минтақаҳои кӯҳистонро дар назар доштанд. Кампири бечора, ки як умр дар шаҳр зиндагӣ карда буд, узбакбуданро аз зиндагӣ дар кӯҳистон афзалтар донист.

Бадбахтии дигари халқи тоҷик он буд, ки гурӯҳе аз дониш-мандони номӣ, ашхоси соҳибмартаба ба монанди Абдуқодири Фит-рат, Абдулвоҳиди Мунзим, К.Бектош, Файзулло Хоҷаев, Абдулло Раҳимбоев барои мансаб ва вазифа шуда худро узбак нависондаву тоҷикбуданашонро инкор мекарданд. Аксари онҳо баъдан аз карда пушаймон шуда ақидаашонро дигар намуданд, вале аллакай дершуда буд. Дар баробари ин, шахсиятҳои сарсупурдаи миллат буданд, ки аз ягон хавфу хатари ба ҷонашон дошта натарсида корҳои зиёдеро амалӣ намуданд. Фарзандони соҳибхираду равшанзамири тоҷик Садриддин Айнӣ, Абдулқосим Лоҳутӣ, Саидризо Ализода, Шириншоҳ Шотемур, Чинор Имомов, шарқшиносони машҳури рус В. В. Бартолд, А.А.Семёнов, М.С.Андреев таърихи қадима доштани халқи тоҷик ва мардуми аслии Осиёи Миёна будани онҳоро исбот менамуданд.

Дар натиҷаи тақсимот Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиа-листии Тоҷикистон аз ҳисоби як қатор ноҳияҳои Туркистон ва Бухоро таъсис ёфт. Ҳудуди маъмурии он 12 волостҳои Самарқанд уездҳои Хуҷанд ва қариб тамоми Бухорои Шарқӣ , вилоятҳои Ғарм, Ҳисор, Кулоб, Қурғонтеппа ва қисми Сариосиёро дар бар мегирифт. Инчунин бо қарори Раёсати (Президиуми) Комитети иҷ-роияи умумииттифоқ аз 2 январи соли 2025 ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳудуди Помир бо ун-вони маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳамроҳ ҳу шуд.

Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин раванд чунин баҳо додааст “ Соли 1924 дар ҳудуди Осиёи Миёна ҷумҳу-риҳои сотсиолистии Ӯзбекистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии худ-мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбе-кистон ташкил ёфтанд. Ҷумҳурии худмухтор ва соли 1929 Ҷумҳу-рии Шӯравии Сосиолистии Тоҷикистон дар муборизаи шадид бо ҳама гуна бадхоҳони халқи тоҷик ва миллатгароёни ҷараёнҳои гуногун ташкил ёфт.

Ин воқеаи муҳими сиёсӣ дар ҳаёти халқи тоҷик то дараҷае натиҷаи худогоҳӣ ва худшиносии миллии рӯшанфикрони онвақтаи тоҷик ҳам буд.”

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон