Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню
ЭҲТИРОМИ ҚОНУН - ГАРАВИ СОЛИМИИ ҶОМЕА

07.05.2025 дар маҷлисгоҳи Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии вохӯрии ёрдамчии прокурори ноҳияи Ёвон, мушовири адлияи дараҷаи III Султонзода Баҳодур бо омӯзгорону кормандони муассиса дар мавзуи ташреҳи тағйиру иловаҳои воридгардида ба кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷинояткории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи нерӯи барқ баргузор гардид.

Қайд гардид, ки ҳадаф аз ворид кардани тағйироту иловаҳо пешгирии талафоти неруи барқ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.

Ёрдамчии прокурор ба саволҳои ҳозирин ҷавоб гуфта, қайд кард, ки эҳтироми қонун ин гарави солимӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад.

Директори коллеҷ Субҳиддин Иззатов ба ёрдамчии прокурори ноҳия барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуда, аз ҷомеаи кормандон даъват ба амал овард, то ҳамчун қишри зиёии аҳолӣ дар баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни мардум оид ба мавзуи матраҳгардида саҳмгузор бошанд.

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон