Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

izatov-subhiddin

Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон гувоҳ аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи ниҳоят мураккаби таърихӣ, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва таъмини якпорчагии мамлакат ташкил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ тавонист ба як ташкилоти бонуфузи сиёсӣ, такягоҳи боэътимод, ҳизби ормонҳои миллӣ ва до­рои сохтори муназзаму мураттаби ташкилӣ табдил ёбад. Маҳз ҳамин авомил сабаб шуд, ки аксари мардум ғояҳои сиёсию иҷтимоии онро дастгирӣ карданд. ҲХДТ тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи Барномаи худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзо­яш ва дастгирии бештари қишрҳои дигари солимфикри ҷомеа дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва гузаронидани ис­лоҳоти сиёсию иқтисодӣ талош варзида, дар ташкили сохторҳои нави давлатӣ саҳ­ми намоён гузошт.

Пӯшида нест, ки меҳвари фаъолияти ҳар як ташкилот ё ҳаракати сиёсӣ ин фаъолияти ғоявии он мебошад. Ҳар як ҳизб ғояи худро дорад, ки бо шаклу усул ва васоиту роҳҳои гуногун кӯшиш менамояд, онро амалӣ созад. ҲХДТ таҳти роҳбарии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути татбиқи иҷрои хостаҳои доманадору пурсамари худ исбот намуд, ки дар низоми сиёсии ҷоме­аи Тоҷикистон ба яке аз омилҳои муҳими таъсиррасонии сиёсӣ ва неруи пешбари ҷомеаи навини тоҷикон табдил ёфтааст.

Агар ба саҳифаҳои рангини баргузории анҷуманҳои ҳизб назар афканем, мушаххас мешавад, ки Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таърихи 13-уми декабри соли 2014 баргузор гар­дидааст ва дар он муҳимтарин масоили ҷомеа мавриди баррасии амиқ қарор гирифтаанд.

Тавре Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман иброз доштаанд: «Ҳизби мо ба сифати неруи муқтадири сиёсии мамлакат барои воқеан ҳам амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озо­дии сухан, матбуот ва эътиқод, интихобо­ти шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳам чун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷа ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ ме­кунанд».

Ҳамин тариқ, итминонамон комил аст, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти пурсамару чашмраси ҲХДТ ва назари чанде аз олимону коршиносони соҳа имрўзҳо метавон хулоса кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси му­аззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурбинонаи худ бештару пештар аз ҷониби қишрҳои мухталифи ҷомеа дастгирии амиқ меёбад, зеро он ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ.

Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон