Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

Таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ қисмати муҳими барномаи таълимии омодасозии мутахассисони ҷавони миёнаи касбӣ аст. Тибқи Стандарти давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои миёнаи касбӣ гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ҳамчун талаботи зарурӣ ва ҳатмӣ қабул шудааст. Ва аз ин хотир раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён қисми таркибии барномаи асосии таълими таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ҳисоб меравад. Ба ғайр аз ин таҷрибаомӯзӣ ҳамчун ҷузъи муҳими иҷро намудани талаботи нақшаи таълимӣ аз рӯйи самт (ё ихтисос)- ҳои амалкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ муқаррар карда шуда, бевосита дар давоми соли таҳсил ташкил ва гузаронида мешавад. Дар асоси Оиннома ва Низомномаи коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон бахши таҷрибаомӯзӣ фаъолият менамояд. Он аз ду воҳиди корӣ- сардор ва сармутахассис иборат мебошад. Бахши таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар асоси нақшаи таълимии муассиса ба роҳ монда, аз рафти баргузории онҳо назорат мебарад. Вазифаҳои асосии бахш дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён мебошад. Дар ибтидои ҳар соли таҳсил нақшаи гузаронидани таҷрибаомӯзии гурӯҳҳо тартиб дода мешавад, ки дар асоси он донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Сардори бахши таҷрибаомӯзи

Shodiev

Шодиев Раҷабмурод Абдуллоевич 25 ноябри соли 1964 дар шаҳраки Ёвон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1972 ба собиқ мактаби миёнаи ба номи В.И.Ленин (ҳоло МТМУ №75, ба номи Муҳаммад Бобиев) рафта, онро то соли 1982 таҳсил намудааст.

Солҳои 1982-1987 дар Техникуми геологии Душанбе таҳсил карда, онро бо дипломи сурх, бо ихтисоси муҳандис-геолог хатм кардааст.

Солҳои 1984-1986 дар сафи Артиши Иттиҳоди Шуравӣ хизмати ҳарбиро адо намудааст.

Аз соли 1988 то соли 1990 дар Донишгоҳи кӯҳии Санкт Петербурги Федератсияи Россия таҳсил намуда, соли 1990 тариқи гузариш ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсилро давом додааст. Донишгоҳи мазкурро соли 1994 бо ихтисоси муҳандис-геолог хатм кардааст.

Аз соли 1990 ҳамчун мутахассис дар ташкилоту муассисаҳои гуногун фаъолият кардааст.

Аз соли 2020 дар Коллеҷи технологи-фарматсевтии Тоҷикистон ҳамчун омӯзгори фанҳои табиӣ-риёзӣ фаъолият дорад. Аз соли 2022 то инҷониб вазифаи сардори бахши таҷрибаомӯзиро ба зимма дорад.

Бахш асосан донишҷӯёнро мувофиқи теъдоди соатҳои дар нақшаи таълимӣ мавҷуда ба корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳо табобатӣ ва дигар ширкату ҷамъиятҳои саҳҳомӣ вобаста ба самти фаъолияти касбии донишҷӯён аз рӯи мавҷудияти шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ оиди гузаронидани таҷрибаомӯзӣ сафарбар менамояд.

Сармутахассис:
Ҷаҳонбек Нарзуллоев

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон