Кафедраи “Фарматсевтӣ” моҳи сентябри соли 2020-ум бо фармоиши директори ҶДММ “Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон” таъсис дода то ин замон фаъолият намуда истодааст.
Вазифаҳои асосии кафедра
- баланд бардоштани сатҳи дониш, дараҷаи ҷаҳонбинию хештаншиносӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани донишҷӯён, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони ҷавон;
- беҳтар намудани сифати машғулиятҳои таълимӣ бо истифодаи услубҳои муосири таълим;
- тақвият додани кор оид ба тартиб додани модулҳо аз фанҳои алоҳидаи кафедра;
- ҷоннок намудани кор оид ба тартиб додан, тарҷума ва нашри мавод ва дастурҳои таълимӣ;
- иштироки фаъолонаи кормандони кафедра дар чорабиниҳои фарҳангии дохили коллеҷ;
- гузаронидани конфронсу семинарҳо, озмун ва ҳафтаҳои фаннӣ, машғулиятҳои кушод;
- ташкил намудан ва гузаронидани сӯҳбатҳо ва мизҳои мудаввар оид ба такмил додани тахассуси соҳавии омӯзгорони кафедра;
- иштирок намудан дар корҳои ҷамъиятии коллеҷ, ноҳия баҳри ободонию гул-гулшукуфоии кишвар.