Барномае театрикунонидашудаи идонае, ки ба муносибати ҷашни Наврӯзи дилафрӯз таҳти коргардонии ҳунарманди хушсалиқа Аҳлиддин Нурзод дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон рӯйи саҳна оварда шуд, чунин унвон дошт.
Имрӯз аз субҳи саҳар саҳни муассисаи мазкур қабои наврӯзӣ ба бар кардаву аз файзи баҳор муаттар гашта буд; ҳама донишҷӯву омӯзгорон бо табъи болида ва чеҳраҳои гарму нуронӣ бо фазои наврӯзӣ ҳамово менамуданд.
Намоишгоҳҳои “Ҳафтсин”, “Ҳафтшин”, “Табиати зинда”, “Осори Наврӯз”, “Ҳунарҳои мардумӣ”, “Хони наврӯзӣ”, “Варзишгарон” ва “Дастовардҳо муаррифгари моянд”, ки аз ҷониби кафедраҳои коллеҷ оро ёфта буданд, ҳавлии муассисаро мунаққашу дилработар ҷилва медоданд.
Саҳнае, ки барои барномаи театрикунонидашуда таҳия шуда буд, рӯҳ ва мазмуни Наврӯзу баҳорро дошт ва саҳифаҳои таърихи миллатро ба ёд меовард.
Барномаи рангину ҷаззоби консертӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи оламоро аз ҷониби меҳмонон ва ҳозирини дигар истиқболи хуш ёфт.
Дар ин чорабинии пуршукӯҳ раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин иштирок ва суханронӣ кард. Мавсуф зимни табрикоти худ зикр намуд, ки Наврӯз ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист ва ҳамчун ҷашни сатҳи байналмилалӣ миллати моро ба таври шоиста дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Насли наврас, бахусус, донишҷӯён бояд барои боз ҳам вусъат ёфтани арзишҳои миллии мо, аз қабили Наврӯз, дар оянда саъю талоши бештар ба харҷ диҳанд.
Директори муассиса Иззатов Субҳҳиддин бо изҳори хушнудӣ аз ташрифи меҳмонон қайд кард, ки намояндагони муассиси КТФТ Акбар Асадулло, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, директорони ташкилоту муассисаҳо ва дигар меҳмонон бо ҳузури худ ҷашни наврӯзиро шукӯҳи тоза бахшиданд.