Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню
Фаъолияти самарабахши маҳфилҳои  фаннӣ - омили рушди зеҳни донишҷӯён

Омӯзгори ҷавону ботаҷриба ва навовару эҷодкори фанни география бо асосҳои демография аз кафедраи табиӣ-риёзии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон - Асоева Дилором аз хисоби донишҷӯёни ҳавасманд дар муассиса маҳфили фаннии "Географҳои ҷавон"-ро ташкил дода, бо аъзоёни маҳфил тибки речаи муайян маҳфилҳо, мизи мудаввар, викторина, Конференсияҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ доир намуда, шавқу рағбати шогирдонро нисбат ба ин фан боз ҳам зиёдтар мегардонад.

Имрӯз низ омӯзгори Коллеҷ Асоева Дилором бо аъзоёни маҳфили худ ВИКТОРИНА ва мусобиқаи зеҳнӣ дар байни гурӯҳҳои ,,Сайёҳон" ва "Кишваршиносон", ки аз хисоби аъзоёни маҳфил ташкил карда буд, баргузор кард, ки хеле ҷолибу шавқангез буд. Дар маҳфили имрӯза роҳбари бахши идоракунии сифати таҳсилот дар муассиса Ғаниев Музаффар мудири кафедраи табиӣ-риёзӣ-Сафаров Хусрав ва сармутахассиси шуъбаи таълим Сатторова Меҳринисо иштирок карда, ба донишу маҳорати педагогии омӯзгор ва шавқу рағбати шогирдонр баҳои баланд доданд.

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон