Имрӯз дар анҷоми ҷаласаи Шӯрои педагогии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар баробари қадршиносии омӯзгороне, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, ба директори муассиса Иззатов Субҳиддин Икромиддинович барои фаъолияти пурсамар, гузоштани саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, хизматҳои шоиста дар роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъмини фазои солими корӣ ва боло бурдани нуфузу эътибори муассиса аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони ифтихорӣ ва нишони сарисинагии ,,Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфароз гардонида шуд.
Аҳли устодону омӯзгорони Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо роҳбари ҷавону ботаҷриба, хирадманду қадршинос ва донишманду мактабшиноси худ - Иззатов Субҳиддин ифтихор доранд ва ба ин муносибат роҳбари соҳибэҳтироми худро табрику таҳният гуфта, барояшон унвону нишонҳои олӣ ва фаъолият дар мартабаҳои баланд, фатҳи қуллаҳои баландтарини комебиҳоро орзу менамоянд.
"Ин унвон ва ин нишон аз ҳамаи мост. Инро ҳамаи мо дар сарҷамъиву иттиҳод ва рафоқату якдиливу меҳру садоқат ба касбу кори хеш ба даст овардаем" - гуфт зимни суханронӣ директори муассиса Иззатов Субҳиддин