Донишу маърифат, таҷрибаи ғанӣ, малакаву маҳорати касбӣ, истифода аз воситаҳои фаровони аёнӣ, дастрасӣ ба технологияи муосир, эҳсоси масъулияти бузург ва муҳимтар аз ҳама муҳаббат ба касби пуршарафи омӯзгорӣ омилҳоеанд, ки барои рушду нумӯъ, сифати баланди кори таълиму тарбия ва андӯхтани илму дониши воқеӣ мусоидати тамом доранд.
Аз мушоҳидаи дарси кушоди омӯзгори кафедраи гуманитарии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Боронова Фазилат аз фанни забони русӣ дар гурӯҳи 2409 , ихтисоси кори тиббӣ-ташхисии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон чунин хулоса ба миён меояд, ки дар баробари шароит ва заминаи моддиву техникӣ дар раванди дарс садоқат ба касб ва муҳаббат ба шогирдон нақши бузург дорад.