Кафедраи фанҳои “Табиӣ-риёзӣ” аз моҳи октябри соли 2018 бо фармоиши директори ҶДММ “Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон” таъсис дода то ин замон фаъолият намуда истодааст.
Вазифаҳои асосии кафедра:
- баланд бардоштани сатҳи дониш, дараҷаи ҷаҳонбинию хештаншиносӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тарбия намудани донишҷӯён, баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони ҷавон;
- беҳтар намудани сифати машғулиятҳои таълимӣ, бо истифодаи услубҳои муосири таълим;
- тақвият додани кор оид ба тартиб додани модулҳо аз фанҳои алоҳидаи кафедра;
- ҷоннок намудани кор оид ба тартиб додан, тарҷума ва нашри мавод ва дастурҳои таълимӣ;
- иштироки фаъолонаи кормандони кафедра, дар чорабиниҳои фарҳангии дохили коллеҷ;
- гузаронидани конфронсу семинарҳо, озмун ва ҳафтаҳои фаннӣ, машғулиятҳои кушод;
- ташкил намудан ва гузаронидани сӯҳбатҳо ва мизҳои мудаввар оид ба такмил додани тахассуси соҳавии омӯзгорони кафедра;
- иштирок намудан дар корҳои ҷамъиятии коллеҷ, ноҳия баҳри ободонию гул-гулшукуфоии кишвар.