Кафедраи “Гуманитарӣ” соли 2018 баробари таъсисёбии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Кафедра дорои Низомнома буда, дар асоси он кору фаъолият менамояд.
Алҳол дар кафедраи “Гуманитарӣ” 37-нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 13 нафар муаллими калон, 26 нафар ассистентон ва ду нафар коромўз-тадқиқотчӣ ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Аз шумораи онҳо 5 нафар ҳамкор, 3 нафар соатбайъ, 34 нафар омӯзгорони асосӣ мебошанд.
Ҳамзамон нақшаи кории мукаммали кафедраи “Гуманитарӣ” тарҳрезӣ гардида, дар тули фаъолияташ корҳои назаррасеро дар самти таълиму тарбияи донишҷӯён ба анҷом расонидааст.




