Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

Кафедраи “Гуманитарӣ” соли 2018   баробари таъсисёбии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон  таъсис дода шудааст.  Кафедра дорои Низомнома буда, дар асоси он кору фаъолият менамояд.

Алҳол дар кафедраи “Гуманитарӣ” 37-нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд.  Аз ин шумора 13 нафар муаллими калон, 26 нафар  ассистентон  ва ду нафар коромўз-тадқиқотчӣ ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд.   Аз шумораи онҳо 5 нафар ҳамкор, 3 нафар соатбайъ, 34 нафар омӯзгорони асосӣ мебошанд.

Ҳамзамон нақшаи кории мукаммали кафедраи “Гуманитарӣ” тарҳрезӣ гардида, дар тули фаъолияташ корҳои назаррасеро дар самти таълиму тарбияи донишҷӯён ба анҷом расонидааст.

Сарварии кафедраро аз замони ташкилшавӣ то ҳозир яке аз омӯзгорони беҳтарини ноҳия ва ҷумҳурӣ, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  унвонҷӯйи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Изатуллоева Сулҳия  ба уҳда дорад.

Мудири кафедра:

Изатуллоева Сулҳия Қудратовна дар деҳаи Чароғчии  ноҳияи Ёвон,  дар оилаи рӯзноманигор  Қудрат Иззатуллоев   ба дунё омадааст. Баъди хатми   мактаби миёнаи № 9  ба Донишгоҳи   давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (ҳозира Донишгоҳи   давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) соли 1982    дохил шуда ,  соли 1986  онро  бо ихтисоси  забон ва адабиёти тоҷик   хатм намудааст.

Изатуллоева Сулҳия Қудратовна унвонҷӯйи кафедраи назария ва таърихи адабиёт, аз рӯи ихтисоси назария ва таърихи адабиёти  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, дар мавзӯи “ Тасвири воқеияти замон дар насри бадеии Гулрухсор Сафиева” кори илмӣ пеш бурда истодааст.

Муаллифи чандин мақолаҳои илмӣ-методӣ дар мавзӯъҳои “Неъмати Истиқлолияту Ваҳдат”,” Нақши Сайидои Насафӣ дар тарғиби касбу ҳунар , бедор кардани эҳсоси меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром  ба касбу ҳунар  дар байни насли ҷавон”,” Нақши “ Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус дар тарбияи    оилавӣ”,”Саразм –мероси фарҳанги умумибашарӣ”, “Саразм ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон” ва ғайраҳо  мебошанд.

Дар кафедра аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русию англисӣ, таърих, ҳуқуқ, фалсафа, фарҳангшиносӣ ва ғ. омӯзгорони собиқадор ва ботаҷриба дарс мегӯянд.

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон