Кафедраи “Умумитиббӣ” моҳи октябри соли 2018- ум таъсис дода шудааст. Кафедра дорои Низомнома буда, дар асоси он кору фаъолият намуда истодааст. Дар кафедра 70 нафар омӯзгорон аз ҷумла 40 нафар омӯзгорони асосӣ, 4 нафар омӯзгорони ҳамкор ва 26 нафар омӯзгорони соатбайъ кору фаъолият намуда истодаанд.
Зери роҳбарии мудири кафедра барномаҳои таълимии ҳамаи фанҳо нашр карда шудаанд. Доир ба ҳамаи фанҳо китобу модулҳои таълимӣ омода гаштаанд, ки аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён мавриди истифода қарор доранд.
Кормандони кафедра ба дигар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ доир ба таъмин намудани онҳо бо адабиёти зарурӣ, барномаҳои таълимӣ, корбасти усулҳои муосири таълим, ҳуҷҷатҳои методӣ ва ғ. кумак мерасонанд. Дар кафедра маҳфили фаннии «Ҳамшираи тиббии оилавӣ» фаъолият мекунад. Аз тарафи омӯзгорони кафедра ҳамасола бо истифода аз усулҳои муосири таълим машғулиятҳои кушоду намунавӣ, семинару конфронсҳо, озмуни «Беҳтарин ҳамшираи тиббии оилавӣ» ва ғайра баргузор мешаванд.
Кафедра бо мақсади беҳтар кардани сифати омодасозии кадрҳои соҳаи тиб бо Маркази саломатии ноҳияи Ёвон, Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон, Маркази санитарӣ ва эпидемиологии ноҳия ҳамкории зич дорад.
Вазифаҳои асосии кафедра тайёр кардани мутахассисони ботаҷриба, ташкили беҳтартари раванди таълим, таъминоти донишҷӯён ва омӯзгорон бо маводи таълимӣ мебошанд. Аз ин рӯ, вобаста аз имкониятҳои мавҷуда, роҳбарият ва устодони кафедра муносибати дарсҳоро аз наздик риоя мекунанд ва аз рӯи барномаи таълимӣ кор мебаранд. Дар кафедра донишҷӯён фанҳои зеринро меомӯзанд: “Анатомияи одам”, “Физиологияи инсон”, “Анатомия ва физиологияи инсон”, “Патологияи умумӣ”, “Гистология”. », Физиологияи муқаррарӣ. Ва патология (муқаррарӣ ва патологӣ “),” Асосҳои анатомия ва физиологияи патологӣ “.