Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

Бахши назорат ва таъмини сифати таҳсилот дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон (минбаъд бахш) дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти Агентӣ, Низомнома ва Оинномаи таълимиро ба роҳбарӣ мегирад.

Бахш дар асоси Низомнома ва нақшаи кори солонаи худ, ки он дар Шурои педагогӣ баррасӣ гардида, аз ҷониби директори Коллеҷ тасдиқ карда шудааст, фаъолият менамояд.

Бахш бо мақсади таъмини татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилотро вобаста ба равияҳои таълими ихтисосҳои дар муассисаи таълимӣ амалкунанда назорат намуда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар паҳлуҳои фаъолияти муассисаи таълимӣ баҳо медиҳад.

Сардори бахш:

Ғаниев Музаффар Ҳомидович 10 феврали соли 1960 дар деҳаи Зулмободи ноҳияи Ёвон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаи асосиро дар муассисаи таҳсилоти асосии №57 ва таҳсилоти миёнаи умумиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 гирифтааст. Соли 1977 ба факултети таъриху филология, шуъбаи филологияи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, онро соли 1981 бо ихтисоси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст.

Солҳои 1981-1988 ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар МТМУ №15 фаъолият карда, соли 1988 ба вазифаи директори МТМУ №57 таъйин гардида, то соли 1997 дар ин вазифа фаъолият намудааст. Солҳои 1997-2003 омӯзгор ва солҳои 2003-2005 дар вазифаи директори МТМУ №57 кор карда, солҳои 2005-2013 чун омӯзгори фанни забон ва адабиёти ҳамин муассиса фаъолият намудааст. Аз соли 2013 дар шуъбаи маорифи ноҳия ба сифати мушовир ва соли 2018-2020 дар вазифаи директори маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон кор кардааст. Аз соли 2021 то ҳол дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон фаъолият дорад. Барои хизматҳои арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардонида шудааст. Оиладор ва соҳиби 8 нафар фарзанд аст.

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон