Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

izatov-subhiddin

Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Ҳомии сулҳи ҷаҳон, Сарвари маҳбуби тоҷикон, Сиёсатмандори сатҳи ҷаҳонӣ, абармарди оқилу оянданигар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози эҳёи табиат, фасли рӯстанҳову шукуфтанҳо бо хиради созандаи худ барои мардумони дӯсти тоҷику қирғиз баҳор оварданд. Баҳори шодиву нусрат, баҳори бепоёну бехазони ҳамдиливу ҳамҷавории нек.

Воқеъан, дар оғози ин фасли нозанин ба имзо расидани Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ миëни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва боз гардидани гузаргоҳҳои сарҳадиву ба ҳам пайвастани қалбҳои ду миллат, рӯйдоди беназиру фараҳбахш аст. Зеро сулҳу ваҳдату якдилӣ баҳорест, ки садҳо баҳори дигар ба армуғон дорад. Сарвари маҳбубу гиромии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо фаъолияти созандаи хеш исбот намудаанд, ки сулҳ ва ҳамдилӣ беҳтар аз ҷангу нофаҳмиҳост ва "Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг".

Вақте роҳбари ду кишвари ҳамсоя ба ҳамдигар оғӯш мекушоянду аз ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва марзкушоиҳо мегӯянд, худ нишони ғалабаи хиради воло ба эҳсосот аст.

Пешвои муаззаму хирадманди мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин амали хирадмандонаю инсондӯстонаи хеш бори дигар ба ҷаҳониëн собит намуданд, ки сулҳу ваҳдат мароми ҳамешагии тоҷикон аст.

Ва шиори ҳар тоҷики хирадварз ҷустуҷуи дӯстиву рафоқат аст, ҳамзистии осоиштаи мардумони олам орзуву ормонаш буду ҳаст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки таъмини сулҳу оромӣ, дӯстии байни ҳамдигарӣ файзу баракатро афзун менамояд. Дар замони муосир, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле мураккабу печида гардидааст, хушбахтона дар Тоҷикистони азизи мо ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як омили созандаю таҳкимбахш мардуми кишвар гардидааст. Халқи шарифи тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар кӯшиши он аст, ки на танҳо дар дохили кишвар, балки мамлакатҳои ҳамҷавор ва дар дигар давлатҳо низ сулҳу дӯстӣ барқарору ҳукмрон бошад. Халқи бомаърифати тоҷик ҳамеша ба дигар халқу миллатҳо паёми дӯстӣ равон мекунад.

Поянда бод сулҳу ҳамдилии мардумони ҷаҳон, ба хоса тоҷикони фарҳангпарвару тамаддсоз бо ҳамсоягони муҳтарами худ. Шукуҳат то ҷовидон бод Тоҷикистон!.

Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон