Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

shodiev-rajabmurod

Шодиев Раҷабмурод - сардори бахши таҷрибаомӯзӣ.

Чун инсон мавҷуди зинда асту аз лаҳзаи таваллуд то дами марг дар ҳоли инкишофёбист, ҳамеша ҳолати рӯҳию ҷисмонияш тағйирпазир аст.

Тибби халқии тоҷик дар қатори дигар равандҳои таърихии тибби мардуми олам ҳамқадаму ҳамоҳанги рӯзгори ин миллати қадимаву соҳибтаърих буда, барои тақвияти тибби ҷаҳонӣ нақши муносиб гузоштааст. Тӯли қарнҳои дарози таърих равандҳои гуногуни ташхису тадқиқ ва табобату таҷриба дар ин соҳаи муҳими илму фарҳанги миллӣ рушду сайқал ёфта, бо хусусиятҳои хоси миллию мардумӣ дар доираи тибби ҷаҳонӣ ба кулли мардумони сайёра хизмати арзанда намудаанд.

Ривоят аст,ки якчанд афсарони олимақоми шоҳ Фаридун ба шикор мераванд ва сайдеро шикор мекунанд, тири камони як афсар бар бадани сайд мезанад, вале сайд наафтида мегурезад. Афсари дигар ба пои сайд камон мезанад. Сайд лангида худро ба ғоре панаҳ менамояд. Афсарони олимақом сайдро меҷӯянд вале намеёбанд. Баъди якчанд вақт онҳо боз ба шикор мераванд ва ба ҷое мерасанд, ки дар шикори пешина он сайдро захмӣ карда буданд. Мебинанд, ки сайд дар баданаш тири камон дар назди ғор алаф мечарад. Афсарон сайдро мегиранд ва мебинанд, ки дар гирди тири камон дар бадан ӯ буда моеи сиёҳе мисли мум мавҷуд аст.

Шикорчиён ба ғор медароянд ва онҷо дар сурохиҳои ғор моееро, ки дар бадани оҳу буд, мебинанд. Он моеъро ба назди шоҳ Фаридун меоранд. Шоҳ фармон медиҳад, ки ғорро санҷида бароянд. Санҷиш нишон медиҳад, ки дар сурохиҳои ғор моеи сиёҳе ҷорист, ки ҳайвонҳо ва парандагон онро лесида, аз беморҳо сиҳат меёбанд, асосан аз шикастани устухонҳо. Шоҳ Фаридун фармон медиҳад , ки дари ғорро банданд ва он ҷо посбон монанд.

Макони ин ғор дар шимоли Эрон ҷойгир буда, Дароб ном дорад. Аз ин ҷост, ки эрониҳо мумиёро “ мумиёи дароби” мегуянд.

Мумиё калимаи форсӣ буда маънояш “мум”- чарм ( чандир) ва “иё”- монанд яъне муммонанд (чандирмонанд) аст.

Дар китобҳои Афлотун ( Аристотел), ки зиёда 2500 сол пеш навишта шудаанд, дар бораи мумиё чун маводи муолиҷавӣ маълумотҳо мавҷуд аст ва усули муайян намудани сифати он низ тавсия дода мешавад.

Мумиё ҳамчун дору дар асрҳои 9-10, дар даврони шукуфоии илм дар давлати Сомониён, баъди озод шудан аз истилогарони араб, ки илмҳои физика, математика, астрономия, геология, химия, адабиёт ва тибб рушд кард, маълум гашт. Дар ҳамин замон олимони барҷаста ва намоёни миллати форсу тоҷик Абубакр Рабӣ ал-Бухороӣ, Муҳаммад Заккариёи Розӣ, Абуали ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ дар омӯзиши доруҳои табобатӣ мумиёро низ ҳамчун дору омӯхта, ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.

Абубакр Рабӣ ал-Бухороӣ мумиёро барои табобати шикастаги ва латхӯрдагии устухон, пайванди буғумҳоро мустаҳкам кардан тавсия медиҳад.

Муҳаммад Закриёи Розӣ онро дар вақти лат хӯрдани дасту пой, чархзани ва дарди сар, фалаҷи асабҳои косахонаи рӯй, эпилепсия, ва бемории асаб тавсия медиҳад.

Абӯалӣ ибни Сино мефармояд; ” Мумиё яке аз доруҳои пуртаъсир ва қимматбаҳо аст “ . Ӯ дар асари безаволу оламшумули худ “Қонуни тибб “ мумиёро барои табобати бемориҳои шикастан ва лат хӯрдани устухон, ҷароҳат гирифтан, дарди меъда, гулӯ, ҷигар ва ҳамчунин барои муолиҷаи бемориҳои беруна, яъне пӯст ва газидани ҳашаротҳо тавсия медиҳад.

Абурайҳони Берунӣ сифати мумиёро барои муолиҷаи беморӣ чунин тавсия кардааст: “ Онро мо бояд ҳамчун як гавҳаре нигоҳ дорем ва дар вақти шикастани устухон истифода барем”.

Баъдан дар асри 18 духтури шинохта Муҳаммад Ҳусейн Шерозӣ ( 1762 с)дар китоби “ Махзан – ул-адвия” овардааст, ки мумиё хосияти давобахшӣ ба бемориҳои асаб, дил, роҳи нафаскашӣ, дарди меъда ва рӯда, касалиҳои занона, дарди сар, дарди гӯшу гулӯ, берун баровардани зардоб ва барқарор намудани шунавоиро дорад.

Таркиби мумиё аз 28 микроэлемент бой аст. Ташхисҳо нишон додаанд, ки дар таркиби он калсий, фосфор, алюминий, кремний, оҳан, марганес, кобалт, магний, сурб, титан ва никел, кислотаҳои органикӣ, аминокислота ва гормонҳо, хамирмояҳо мавҷуданд.

Дар баъзе мамлакатҳои Шарқ мумиёро бо дигар номҳо мешиносанд. Масалан, дар Ҳиндустон онро “ салоҷит”, Арабистон “арақи куҳ”, Муғулистон ва Байкал ( Русия) “бракшун” (афшурдаи кӯҳ) дар Бирма “чаотуй” (хуни кӯҳ) ном мебаранд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ҳама номҳо калимаи “кӯҳ” истифода бурда мешавад. Яъне мумиё дар баландкӯҳҳо, дар шароите, ки консентратсияи пасти дохили оксиген, тағйирёбандагии ҳарорати ҳаво, барзиёд таъсиркунии афканишоти нурҳои ултрабунафш пайдо мешаванд. Дар ин маҳал фаъолияти микробҳо барои табдил намудани аломатҳои органикӣ ниҳоят паст мешавад.

Тоҷикистони мо кишвари куҳсор буда, дар он маконҳои мумиёдор хело бисёр аст. Дар Бадахшон мумиёи Гармчашма, Бодҷӯ, Роштқалъа ва дар ноҳияи Панҷикент мумиёи Амшнуд, Зимтут ва Некнот, умуман зиёда аз 20 макони мумиёдор вуҷуд дорад.

Дар замони муосир мумиёро дар соҳаи фарматсевтӣ васеъ истифода мебаранд. Шикастани устухон, ёзиш ва латхӯрии пайвандҳо, бемориҳои захми меъда ва рӯдаи 12-ангушта, бемориҳои рӯдаҳо, ҷигар, бемории бавосир ва тарбод,бемориҳои хун ва камхунӣ, захми сироятии чиркбастаи пӯст, сӯхтагӣ, дарди сар ва нимсара, хунравӣ аз шушҳо, бемориҳои стоматологӣ, табларза ва баландшавии таби баданро бо ин неъмати бебаҳо муолиҷа кардан мумкин аст.

Мумиё дар ҳолати заҳролудшавӣ, газидани каждум, сактаи забон ва мустаҳкамкунии умумӣ низ истифода бурда мешавад. Пайвастшавии шикасти бандҳои устухон тез мегузарад ва шифоёбиро то 8-17 рӯз метезонад.

Табиати Тоҷикистони мо бо ҳама гулу гиёҳ ва хоку сангаш дорухонаи нодиреро мемонад. Мо сокинони ин кишвари биҳиштосоро лозим аст, ки ба қадри ҳар як кафи хок ва гулу гиёҳи он бирасем.

Шодиев Раҷабмурод - сардори бахши таҷрибаомӯзӣ.

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон