Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

izatov-subhiddin

Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Барҳақ, бузургтарин дастоварди халқи тоҷик дар поёни садаи 20 ва оғози асри 21 дар масири таърихи ҳазорсолаи баъд аз сукути давлати Сомониён бешубҳа барқарор кардани ҳамин сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки асосгузори он Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сулҳу ваҳдати миллӣ моро аз фоҷиаи талхи миллӣ раҳоӣ намуд ба Истиқлолияти давлатӣ таҳким бахшид. Миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол маҳз тавассути сулҳу ваҳдати миллӣ дар сарагҳи роҳи давлатдорӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва ба сӯи ояндаи нек қадам гузошт. Ҳамаи ин аз он корномоиҳо ва дастовардҳои бузурги сарвари муаззами мост, ки дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ ба даст овардааст. Пешвои миллат эътироф гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии ӯст.

Воқеан, набояд фаромӯш сохт, ки Сарвари муаззами давлатамон бо бузургӣ ва хираду фаросати воло аз замони ба ҳайси Президенти кишвар фаъолият карданаш танҳо барои ҳифзу истиқлолияти миллӣ, муттаҳидиву ягонагии миллату халқиятҳои сокини кишвар, сулҳу ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватан, осоиштагӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, барқарор кардани шохаҳои фалаҷгаштаи ҳукумати онвақта, пешгирии парокандашавии миллату давлат, интихоби самтҳои стратегии рушд дар замони бурҳони сиёсиву иқтисодӣ пешниҳод ва амалисозии ҳадафҳои стратегӣ дар кишвар ва монанди инҳо барин корҳоеро ба сомон расонид, ки он боиси афзоиш ёфтани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон гардид. Ҳамаи ин аз хизматҳои арзанда барои миллат ва давлат аз фарзанди содиқу вафодор будани роҳбари муаззами мо- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Маҳз ба тасвиб расонидани Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи саравари муаззами мо, ва бо шарофати Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо мушт ба синаи пуркинаи душманони миллати тоҷик задем ва хатари аз байн рафтани Ватани азизамон - Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ намудем. Новобаста ба ин Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаст, ки таърих бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷик дар масири ҳастияш ҳамчун миллати кӯҳан, ба нангу номус, хирадманду тамаддунофар, адолатхоҳу бунёдкор, заҳматкашу ободгар дар маҷмӯъ дорои хиради азалӣ доштан эҳтирому эътироф гардидааст. Бо ифтихор ва қаноатмандӣ изҳор дошт, ки ҳамаи ин пешравииҳо ва дастовардҳо ба ташаккули давлатдории навин, рушди устувори ҷомеа, соҳаҳои иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии мардуми кишвар бо шарофати сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад.

Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон