Садриддинов Муҳаммадҷон,
омӯзгори фанни химияи Коллеҷи
технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон.
Маълум аст, ки нафт маҳлули карбоҳидрогенҳои газӣ ва сахт мебошад. Он аз ҷумлаи сарватҳои пурарзиштарини ҷинсҳои зеризаминӣ ба шумор рафта, дар кору зиндагии одамон зиёд истифода мешавад.
Оё медонед, ки ин маъдани фоиданок чӣ гуна ба даст меояд? Он дар вақти парма кардани конҳои зеризаминӣ, таҳти фишори газҳои таркиби худаш фаввора зада ба болои замин мебарояд.
Конҳои калонтарини нафт дар Руссия, Озарбойҷон, Чеченистон, Қазоқистон, Қувайт, Арабистони Саудӣ, Ироқ ва чанд кишвари дигар мавҷуданд. Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурии мо низ конҳои истеҳсоли нафти “Конибодом”, “Ниёзбек”, “Хоҷабойқирғон”, “Қичикбел”, “Оқбо- шадирва”, “Кӯлоб” (Бештентак) мавриди коркард қарор доранд.
Хосиятҳои физикавии нафт. Ин маъдани зеризаминӣ моеъи равғанмонанд аст ва ранги сиёҳу ҷигарӣ ва сабзчатоб ва бӯйи махсус дорад. Аз об қадре сабуктар буда, дар он ҳал намешавад. Азбаски аз омехтаи карбоҳидрогенҳои гуногун таркиб ёфтааст, бар хилофи моддаҳои холис на дар ягон ҳарорати муайян, балки фақат дар ҳудуди васеи ҳарорат буғрон мешавад. Ҳангоми сӯхтан нафт гармии зиёд хориҷ мекунад.
Таркиби нафт. Дар таркиби ҳамаи нафтҳо асосан се навъи карбоҳидрогенҳо дида мешавад: сер (алканҳо), ҳалқагӣ (сиклопарафинҳо) ва бӯйдор (аренҳо). Таносуби ин карбоҳидрогенҳо дар таркиби нафтҳои конҳои гуногун ҳар хел аст. Нафтҳои шимоли Тоҷикистон аз ҷумлаи нафтҳои сабук ба ҳисоб рафта, асосан барои гирифтани сӯзишвории муҳаррикӣ истифода мешаванд. Дар минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон бошад, нафтҳои вазнини сулфурдор мавҷуданд, ки бисёртар барои ҳосил кардани битум ва нафтҳои сабук ба кор мераванд ва аз онҳо то 50% бензин гирифтан мумкин аст.
Ба ғайр аз карбоҳидрогенҳо, дар таркиби нафт ба миқдори камтар пайвастагиҳои органикии оксигендор, нитрогендор ва сулфурдор (пайвастагиҳои ҳетероатомӣ) низ мавҷуданд; пайвастагиҳои калонмолекула дар намуди зифт ва моддаҳои асфалтӣ дучор мешаванд. Умуман, дар таркиби нафт садҳо пайвастагиҳои гуногун дида мешавад.
Маҳсулоти нафтӣ ва доираи истеъмоли онҳо. Азбаски нафт омехтаи карбоҳидрогенҳо мебошад, аз он маҳсулоти гуногуни пураҳаммият ҳосил мешавад. Аввал аз таркиби он карбоҳидрогенҳои газмонандро ҷудо карда, баъдан нафтро гарм мекунанд. Дар ин маврид аввалин шуда карбоҳидрогенҳое, ки массаи молекулавии нисбатан хурд ва ҳарорати ҷӯшиши паст доранд, буғрон мешаванд. Баробари баланд кардани ҳарорат, оҳиста-оҳиста карбоҳидрогенҳои баландмолекула буғрон низ мешаванд.
Бо чунин усули буғронкунӣ, ҷузъҳои муҳимтарини таркиби нафтро ҷудо мекунанд:
- -баъд аз ҷудо шудани чор намояндаи таркиби нафт, яъне аз метан (СН4 ) то бутан (С4Н10), ки онҳо дар ҳолати газӣ қарор доранд, карбоҳидрогенҳои моеъ ва сахти он боқӣ мемонад;
- -таркиби боқимондаи нафтро дар ҳароратҳои аз 40 то 300°С гарм карда, аз таркиби он аз пентан (С5Н12) то ҳексадекан (С16Н34) маҳсули ҳосилшударо таҳти ҳароратҳои гуногун, дар дохили табақаҳои махсуси коркарди нафт ҷудо мекунанд;
- -агар ҷузъҳои ҳосилшударо минбаъд буғрон кунем, он гоҳ аз моддаҳои атомҳои карбондор (С5Н12-С11Н24) дар ҳароратҳои аз 40 то 70°С бензин ҳосил мекунанд ва дар ҳарорати аз 70 то 120°С барои автомобилҳо ва самолётҳо каросин ҳосил карда мешавад;
- -аз таркиби боқимондаи карбоҳидрогенҳое, ки адади атомҳои карбонашон зиёдтар аст, яъне аз октан (С8Н18) то тетрадекан (С14Нзо) дошта дар ҳарорати ҷӯшишашон аз 150 то 250°С лигроин (сӯзишворӣ барои тракторҳо) ҳосил карда мешавад;
- -аз таркиби боқимондаи карбоҳидрогенҳое, ки адади атомҳои карбонашон аз додекан (С12Н26) то ҳексадекан (С18Н38)-ро дар бар мегирад, дар ҳарорати ҷӯшишашон аз 180 то 300°С керосинро баъди тоза кардан ҳамчун сӯзишворӣ барои тракторҳо, самолётҳои реактивӣ ва ракетаҳо истифода мебарад. Газойл- соляркаи дизелӣ мебошад, ки таҳти ҳарорати аз 275°С боло буғрон мешавад;
- -баъд аз буғронкунӣ мазут боқӣ мемонад, ки аз он бо роҳи буғронкунии иловагӣ равғанҳои молидании автотракторӣ, авиатсионӣ, дизелӣ, вазелин ва ғайра ба даст меоранд. Ба ғайр аз ин, мазутро таҳти коркарди химиявӣ қарор дода, аз он бензини иловагӣ ҳосил мекунанд. Мазут дар оташдонҳо ё дегҳои махсус ҳамчун сӯзишвории моеъ мавриди истифода коркард мешавад;
- -аз баъзе навъҳои нафт омехтаи карбоҳидрогенҳои сахт- парафин ҷудо мекунанд, ки он дар тиб барои табобати бемориҳои илтиҳоби мушакҳо, илтиҳоби ғадуди прастата, илтиҳоби ғадудҳои лимфавӣ (остеохондроз) истифода мешавад;
- -баъди буғронкунӣ дар охир аз нафт гудрон боқӣ мемонад, ки онро дар сохтмони роҳҳо барои мумфаршкунӣ истифода мебаранд.
Чунонки маълум аст, мо моддаҳои аз таркиби нафт ҷудогардидаро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ба сифати сӯзишвории нақлиёт ва ҳавопаймоҳо, маводи сӯзишвории муҳаррик ва равғанҳои муҳаррикӣ мавриди истифода қарор медиҳем.
Маҳсули аз нафт боқимондаро дубора коркард карда, аз он моддаҳои дигар карбоҳидрогенҳои носер ва аз онҳо бо роҳҳои гуногун спиртҳои якатома, бисёратома ва ҳалқагӣ истеҳсол мекунанд.
Баъди аз крекинг дар ҳарорати ҷӯшиши аз 320-350°С карбоҳидрогенҳои сер ва карбоҳидрогенҳои носер, аз қабили этилен (С2Н4) ҳосил мекунанд. Аз этилени ҳосилшуда бо роҳи коркард спирти этил (С2Н5ОН) ҳосил карда, онро ҳамчун маводи антисептикӣ барои безарар кардани пӯст дар мавриди сӯзандоругузаронӣ ва ҷойи ҷарроҳӣ, таҷҳизотҳои тиббӣ васеъ истифода мебаранд.
Дар натиҷаи коркарди нафт дар зинаҳои гуногун, садҳо маҳсулотҳои саноатӣ ҳосил менамоянд.
Дар нафт метан, этан, пропан, бутан, пентан, ҳексан, ҳептан, октан, нонан, декан, ун декан, додекан, тридекан, тетрадекан, пентадекан, ҳексадекан, ки дар ҳолати газ ва моеъ мавҷуданд, истеҳсол мешавад.
Аз пентан ҳангоми крекинг дар зери таъсири катализатор (реаксияи изомеризатсия) 2-метил бутан ба даст оварда, дар натиҷаи коркард дар зери таъсири катализаторҳо 2-метил 1,3-бутадиен (каучуки сунъӣ) ба даст меоваранд ва дар натиҷаи коркарди минбаъда аз каучуки сунъӣ резина истеҳсол мекунанд.
Ҳангоми крекинги маҳсули таркиби нафт аз карбоҳидрогенҳои ҳаднок карбоҳидрогени қатори этиленӣ ва атсетиленӣ ҳосил менамоянд, ки аз онҳо моддаҳои гуногунӣ саноатӣ ба даст оварда мешавад. Аз карбоҳидрогенҳои қатори этиленӣ ва атсетиленӣ дар зери таъсири катализаторҳои гуногун спиртҳо, алдеҳиду кетонҳо, кислотаҳои карбонӣ ва ҳангоми реаксияи полимершавӣ бошад, ҳалқаи бензол ва ҳангоми оксид кардани карбоҳидрогенҳои ҳаднок (сер) спиртҳо, кислотаҳои карбонӣ, алдегиду кетонҳоро ҳосил менамоянд.
Баъд аз ҷудо намудани ҳама маҳсулоти зикршуда аз нафт фақат моддаҳои сахти таркиби он боқӣ мемонад. Аз таркиби карбоҳидрогенҳои сахт вазелин, шамъ, собун ва ҳатто чарбҳо ҳосил карда мешавад.