Имрӯз дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ибтикори садорати Коллеҷ маҳфили илмӣ-адабӣ бо ширкати муҳаққиқ, донишманди адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон доир карда шуд, ки дар он довталабони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз саросари ноҳия, омӯзгорон ва донишҷӯён КТФТ бо шумораи 100 нафар иштирок доштанд.
Дар ифтитоҳи ҳамоиши илмӣ-адабӣ директори КТФТ Субҳиддин Иззатов баромад намуда, таъкид доштанд, ки маҳфили илмӣ-адабии мо бо мақсади тарғиби адабиёт, бедор намудан ва тақвият додани рӯҳияи китобдӯстӣ дар ниҳоди насли наврас ва омодагии хонандагону донишҷӯён ба даврҳои навбатии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” созмон дода шудааст.
Маъмурияти Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ин робита ба таври мунтазам тадбирандешӣ карда, бо намояндагони маъруфи илму адаби диёр суҳбату мулоқотҳо доир менамояд.
Ин навбат мо тасмим гирифтем, ки дар доираи баргузории озмуни болозикр донишманди муътабар, адабиётшиноси фарҳехта ва бисёр пурҳавсала, устоди муҳтарам Ҳафиз Раҳмонро ба ин даргоҳи илму маърифат даъват намуда аз файзи суҳбати он кас баҳравар гардем.
Хушбахтона, устоди гиромӣ даъвати моро пазируфтанд ва аз рӯйи лутфу меҳрубонӣ ба ноҳияи Ёвон ташриф оварданд:-иброз доштанд Субҳиддин Иззатов.
Ҳамзамон Субҳиддин Иззатов зимни суханронии хеш аз замони дониҷӯӣ ва усули ҷаззобу муассири таълиму тадриси Ҳафиз Раҳмон ёдовар гашта таъкид доштанд, ки шахсан худи ман дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таълимдидаи мактаби адабии Шумо ҳастам ва аз ин ҷиҳат худамро хушбахт меҳисобам, ки имрӯз Шумо меҳмони муассисаи мо гаштаед. Ҳар як дарс, ҳар соате, ки Шумо дар рӯ ба рӯйи мо- донишҷӯёни онрӯза истода, бароямон илму маърифат меомӯхтед, беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти мо маҳсуб мешаванд:-баён доштанд Субҳиддин Иззатов.
Сипас адабиётшиноси шинохтаи кишвар Ҳафиз Раҳмон баромад намуда нахуст аз роҳбарияти Коллеҷ ҷиҳати истиқболи гарму самимӣ ва қадршиносиву эҳтироми хоса изҳори сипос намуданд. Устод Ҳафиз Раҳмон вобаста ба вазъи имрӯзаи адабиёт, фазои адабии Тоҷикистони азиз, аҳаммияти китоб дар ҳаёти инсон, манфиати китобхонӣ барои ташаккули шахсият ва ҷойгоҳи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ҳаёти адабию иҷтимоии аҳолии кишвар ва зарурати роҳандозӣ гардидани он аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як суҳбати озод ва таҳрикдиҳанда анҷом доданд.
Пас аз суханронӣ чанде аз донишҷӯён ва дигар иштирокдорони ин ҳамоиши адабӣ суолҳои хешро манзури муҳаққиқ намуда посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар поёни ҳамоиши илмӣ-адабӣ садорати Коллеҷ барои ҳузур ва як суҳбати пураҳаммияту хотирмон меҳмони маҳфили хешро бо ифтихорномаи муассиса ва дигар армуғонҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд.