Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон барномаи фарҳангӣ доир гардид.
Директори Коллеҷ Субҳиддин Иззатов ба ин муносибат иштирокдорони чорабиниро табрик гуфта, саҳми донишҷӯёнро дар боло бурдани нуфузу эътибори муассиса арзишманд арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки “дар давоми соли таҳсили ҷорӣ шогирдони муассиса дар ҳама чорабиниҳои муассисавӣ, чандин чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, нуфузи Коллеҷро шарафмандона ҳифз намуданд. Чунончи:
-дар оғози соли таҳсил дастаи волейболбозони Коллеҷ ғолиби мусобиқаи ноҳиявӣ гардид;
-243 нафар донишҷӯён дар даври интихобии олимпиадаҳои фаннӣ иштирок карда, 39 нафар ба даври ноҳиявӣ ва аз ин 10 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд;
-10-11 май дар даври ниҳоии олимпиадаҳои фаннӣ 6 нафар иштирок карда, 1 нафар (Ҷумаев Алишер) соҳиби ҷойи 2-юм ва 2 нафар (Чориев Аслан ва Худойбердиева Мунира) соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд;
-дар даври муассисавии “Илм-фурӯғи маърифат” 103 нафар иштирок карда, 35 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд;
-дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 13 нафар (2 омӯзгор ва 11 донишҷӯ) иштирок карда, 8 нафар донишҷӯён ва 2 нафар омӯзгорони муассиса ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Умед аст, ки донишҷӯён ва омӯзгорони мо дар даврҳои вилоятӣ ва ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муваффақ гашта, обрӯву эътибори муассисаро боз ҳам балантар мебардоранд”.
Дар рафти чорабинӣ ба як қатор омӯзгорони ҷавон, ки дар таъмини фаъолияти бонизоми Коллеҷ саҳми назаррас доранд, инчунин, ба донишҷӯёне, ки дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Барномаи консертии “Ҳоло, ки ман ҷавонам...”, ки аз суруду таронаҳои дилангез иборат буд, ба ин чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.