Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

sadriddinov

Садриддинов Муҳаммадҷон,омӯзгори фанни химияи Коллеҷи - технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Пайвастагии элементҳоро бо оксиген «оксид» меноманд. Дараҷаи оксидшавии оксиген дар ҳама пайвастагиҳояш ба -2 баробар буда, бо формулаи ЭnОm ифода меёбад. Оксиген дар ҳама пайвастагиҳояш дувалента буда, молекулааш дуатома мебошад (О2).

Оксиген гази берангу бӯй буда, бе иштироки он ягон модда дар оташ намесӯзад. Қариб тамоми мавҷудоти рӯйи замин аз оксиген нафас мегиранд. Мавҷудияти оксиген дар ҳавои атмосфера 21%, дар таркиби об 88,89% ва дар қишри замин 47,13%-ро ташкил медиҳад.

Ҳама элементҳои химиявӣ оксидҳоро ҳосил карда метавонанд (ба ҷуз аз тилло, платина ва газҳои инертӣ. Бинобар ин, синфи оксидҳо хело зиёд ва гуногунҷабҳа аст.

Оксидҳо, вобаста ба мавқеи элементҳо дар Ҷадвали даврии Д.И.Менделеев ва дараҷаи оксидшавии онҳо бо формулаи намуди умумӣ ин тавр навишта мешаванд:

Гурӯҳи 1-ум: Э2О. Гурӯҳи 2-юм: ЭО. Гурӯҳи 3-юм: Э2О3. Гурӯҳи 4-ум: ЭО2. Гурӯи 5-ум: Э2О5. Гурӯҳи 6-ум: ЭО3. Гурӯҳи 7-ум: Э2О7. Гурӯҳи 8-ум ЭО4.

Вобаста ба таркиб ва хосияташон оксидҳоро ба 2 гурӯҳ ҷудо менамоянд:

  1. Оксидҳои намакҳосилнакунанда.
  2. Оксидҳои намакҳосилкунунда

Оксидҳои намакҳосилнакунанда зиёд нестанд ва онҳо бо асосҳо, оксидҳои асосӣ, кислотаҳо ва оксидҳои кислотагӣ ба реаксия дохил намешаванд, яъне намак ҳосил намекунанд. Оксидҳои намакҳосилнакунанда инҳоянд: N2O, NO, CO, SiO.

Оксидҳои намакҳосилкунанда дар навбати худ ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд:

  1. Оксиди асосӣ: Li2O, Na2O, K2O, H2O, CaO, MgO, CrO, FeO, MnO.
  2. Оксиди кислотагӣ: CO2, SO2, SO3, N2O5, P2O5, B2O3, N2O3, NO2, N2O5, Cl2O7.
  3. Оксиди амфотерӣ: ZnO, PbO, SnO, BeO, Al2O3,Fe2O3, Cr2O3, MnO2.

Баъзе оксидҳои намакҳосилнакунанда метавонанд организмро заҳролуд намоянд. Масалан, оксиди нитрогени яквалента (N2O)-ро дар тиб ба сифати наркоз барои мадҳуш кардани беморон истифода мебаранд; оксиди карбони дувалента (СO) ё  худ, гази ғубори ангишт моддаи заҳрнок буда, организми инсон аз таъсири он заҳролуд мешавад ва ҳатто, агар таъсири ин газ аз ҳад зиёд шавад, метавонад одамро ба ҳалокат расонад.

Оксидҳои намакҳосилкунанда дар ҳаёти инсон ва ҷомеа нақши муҳим доранд. Масалан, бе оксиди ҳидроген, яъне об (Н2О) ягон мавҷудоти олам зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто тамоми реаксияҳои биохимиявӣ бо иштироки об ва ё дар муҳити обӣ мегузаранд (об дар натиҷаи пайвастшавии молекулаҳои ҳидроген бо молекулаҳои оксиген ҳосил мешавад. Ҳатто ҳангоми тақсимшавии ҳуҷайра қариб 90%-и он дар муҳити обӣ мемонад).

Оксидҳои намакҳосилкунанда дар табиат дар ду намуд: озод ва омехта вомехӯранд, ки аксарияти онҳо маъданҳои кӯҳӣ буда, аз омехтаи оксидҳо таркиб ёфтаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин маъданҳо хело зиёданд ва дар натиҷаи коркарди ин маъданҳо (оксидҳо) ашёи хоми саноатӣ ба даст оварда мешавад.

 

Мо бисёр оксидҳоро медонем ва шояд ҳатто дар бораи онҳо маълумоти кофӣ низ дошта бошем, вале формулаҳои химиявии онҳоро на ҳама медонанд. Формулаи рег- оксиди силитсий SiO2, формулаи оҳаксанг (оҳаки ношукуфта)- оксиди калсий CaO, формулаи хок- оксиди оҳан (ІІ) FeO, формулаи санги сурх- оксиди оҳан (ІІІ) Fe2O3, формулаи гематит- омехтаи оксиди оҳан, оксиди оҳан (ІІ) ва оксиди оҳан (магнетит) Fe3O4 (FeO•Fe2O3) ва дар муҳити обӣ гематит (Fe2O3•n Н2О), формулаи хоки кулол- омехтаи оксиди K2O•Na2O•CaO•nSiO2 албит мебошанд.

 

Мувофиқи хосияти физикии худ оксидҳо моддаҳои сахт, моеъ, газшакл ва гуногунранг мешаванд. Масалан, оксиди мис (ІІ) рангаш сиёҳ ва оксиди калсий рангаш сафед мешавад ва инҳо моддаҳои сахтанд. Оксиди сулфур (VІ) SO3, моеи беранги бухоршаванда ва оксиди нитроген (ІV) NO2 гази ҷигарранг аст.

 

Оксидҳоро ҳангоми сӯхтани моддаҳои содда ё таҷзияи моддаҳои мураккаб, аз қабили асосҳои ҳалнашаванда, кислотаҳо ва намакҳо ҳосил менамоянд.

Садриддинов Муҳаммадҷон, омӯзгори фанни химияи Коллеҷи - технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон


Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон