Имрӯз дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар доираи амалигардонии "Барномаи давлати такмил ва таълими забонхои русӣ ва англисӣ то соли 2030" ва дар ин замина дар амал татбиқ намудани фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.09.2022 ,N -1337 оид ба омӯзиш ва аз ёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ , англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ(синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф бо ташаббус ва мусоидати сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот Ғаниев Музаффар дар байни донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои муассиса озмуни "Луғатдони беҳтарин" баргузор карда шуд.
Муовини директор оид ба таълим Раҳимов Фазлиддин, сардори шуъбаи таълим Акрамов Акмал, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Иззатуллоева Сулҳия, сармутахассиси шуъбаи таълим Сатторова Меҳринисо шаффофияти раванди озмунро зери назорати ҷиддӣ гирифтанд.
Ин гуна тадбирҳо дар баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва тақвияти нерӯи зеҳнии донишҷӯён мусоидат менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ҳамин нуқтаро қайд карданд, ки насли имрӯзаро зарур аст, ки ба хотири ояндаи неку дурахшон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои, дақиқ, табиӣ ва риёзӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Бо ҷонибдорӣ аз ин дастурҳои хирадмандонаи Пешвои миллат маъмурияти Коллеҷ дар асоси нақшаи чорабиниҳои мушаххас тадбирҳои самарабахшро анҷом медиҳанд.




