Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

Ҳамасола халқи Тоҷикистон ҷашни фархундаи қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози худ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунад.

Қабули Конститутсия, агар аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҳар як кишвар аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

Калимаи “Конститутсия” аз калимаи лотинии “constitution” гирифта шуда, маънояш барпо намудан, бунёд гузоштан, таъсис додан мебошад. Истилоҳи “Конститутсия” ҳанӯз дар Рими қадим маълум буд. Дар он давра зери ин мафҳум баъзе санадҳои сиёсӣ-ҳуқуқии шоҳон фаҳмида мешуданд, ки онҳо муносибатҳои ба сохтори марзӣ – давлатӣ алоқаманд, тартиби ворисии таҳти илоҳӣ ва усулҳои ба тарзи идоракунии давлат вобастаро муқаррар ва танзим мекард. Дар шакл ва мазмуни ҳозира Конститутсия дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазӣ-демократӣ ва ба сари ҳокимияти давлатӣ омадани синфи нави буржуазия пайдо гардид.

Конститутсия дар шаклу мазмуни ҳозира дар ИМА соли 1787 қабул гардид ва соли 1789 ба амал даромад. Соли 1791 дар Полша ва Фароса коститутсияҳои аввалин дар қитъаи Аврупо қабул карда шуданд. Минбаъд раванди гузариш ба низоми идораи коститутсионӣ инкишоф ёфта, дар асри Х1Х дар аксарияти давлатҳои Аврупо, Амрико ва баъзе давлатҳои қитъаи Осиё ин раванд асосан ба анҷом расид.

“Конститутсия” вожаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ мебошад. Он калимаи лотинӣ буда, муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомотҳои он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсонро ифода менамояд. Вожаи “Конститутсия” дар ҷаҳон маъмулу мақбул буда, ба ҳама фаҳмо ва истифодаи он роиҷ гаштааст. Калимаи “Сарқонун” сохта буда, маънои “қонуни асосӣ” ё “қонуни болоӣ”-ро ифода мекунад ва дар айни замон “асос”, “муайянкунанда” ва “муқарраркунанда” будани онро ифода карда наметавонад. Меъёрҳое, ки дар Конститутсия мустаҳкам шудаанд, хислатҳои таъсиснамоӣ, муқаррарсозӣ, муайяннамоӣ ва танзимнамоиро доро мебошанд, аммо калимаи “Сарқонун” ин гуна хислаҳоро доро намебошад. Аз ҳамин ҷиҳат буд, ки соли 2016 калимаи “Сарқонун” аз ном ва матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуд.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз конститутсияҳои қаблии кишвари мо фарқи куллӣ дорад. Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондӯстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст; поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали он асосҳои сохтории давлат муқаррар шудааст; тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад.

Дар Конститутсия иродаю манфиати қувваҳои сиёсии дар ҷамъият ҳукмрон, асосҳои сохтори конститутсионӣ, сохтори ҳудудӣ - давлатӣ ва ҷамъиятӣ, вазъи ҳуқуқӣ - коститутсионии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил, шаклҳои фаъолият ва салоҳияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ муқаррар ва танзим карда шудааст. Конститутсия дар танзимсозии муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим дошта, роҳнамокунандаи ҷамъият ба самти рушд ва пешрафти давлат мебошад.

Вобаста ба рушди устувории пайдарпайи ҷомеа, мусоидат намудан ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи ҳифзи онҳо, таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо, инчунин бо дарназардошти рушди забони давлатӣ тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ворид карда мешаванд. Бо ин мақсад ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба, бори аввал 26-уми сентябри соли 1999 ба 24 моддаи он ва маротибаи дуюм 22-юми июни соли 2003 ба 54 моддаи он ва маротибаи сеюм 22-юми майи соли 2016 ба 40 моддаи он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Тағйиротҳое, ки ба Конститутсияи кишвари мо ворид гардиданд, меъёрҳои онро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаҳои навбатии инкишофи худ ворид гардид.

 

Қурбонов Насимҷон Маҳмадюсуфович, омӯзгори коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон