Кирдори ҷиноятӣ аз амалҳои бадест, ки зиндагии шахсро тираву тор карда, ӯро миёни аҳли ҷомеа шармсор месозад. Хусусан, ин одати зишт вақте аз ҷониби наврасон содир мегардад, хеле нангину нигаронкунанда аст. Воқеан, дар тафаккури мо наврасон ояндасозони ҷомеа мебошанд, вале вақте мефаҳмем, ки ин ва ё он намояндаи ин қишри аҳолӣ барои содир намудани кирдори баде боздошт гардидааст, моро ҳолати нигаронӣ фаро мегирад. |
9-уми сентябри соли 1991 халқи тоҷик ба орзуи деринаи хеш, яъне соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон расид. Албатта, ин неъмати бузург бо муборизаву талошҳои бепоёни фарзандони фарзонаи тоҷик ва афроди бонангу номус ва озодихоҳу ватанхоҳи миллат баъд аз ҳазор сол ба даст омад ва имрӯзҳо мардуми шарифи кишвар бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии Ватани азизи хеш дар фазои софу субот баҳри ободии ин диёри аҷдодӣ бомаром дар ҷабҳаҳои гуногуни зиндагӣ кору фаъолият доранд.
Аслан, боиси таассуф аст, ки наврасон ба ҷойи таҳсил дар муассисаҳо ва машғул шудан ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ, даст ба ҷинояткорӣ ва хосатан, ба содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин мезананд. Вале ин ҷо ягон ҷойи тааҷҷуб нест, зеро содир гаштани ҷиноят, дар баробари калонсолон, аз ҷониби ноболиғон низ дар ҳама давру замон ба назар мерасид. Ҳанӯз ҳам мушоҳида мешаванд қонунвайронкуниҳо ва ҷинояткориҳое, ки бо иштирок ва айбдории наврасону ноболиғон содир гаштаанд.
Барои он ки ба ин масъалаи муҳим ба хубӣ сарфаҳм равем, қабл аз ҳама, моро мебояд хусусиятҳои психологию физиологӣ ва ҳамчунин, доираи синну соли ин табақаи аҳолӣ, яъне давраи наврасиро дониста бошем. Зеро бидуни донистани хусусиятҳои махсуси табиати наврасон ба дарки табиати ҷиноятпешагии онҳо сарфаҳм рафтан душвор аст ва ҳарф задан атрофи қазияи мазкур ба мақсад мувофиқ нест. Бо ин ҳадаф, ин ҷо каме таваққуф намуда, ба шарҳи мухтасари мавзӯъ мегузарем.
Давраи наврасӣ дар як қатор адабиёти илмӣ ҳамчун давраи гузариш ва ҳамзамон, марҳилаи душвор арзёбӣ гардидааст. Чунки гузаштан аз айёми кӯдакӣ (бачагӣ) ба ҷавонӣ маҳз ба ҳамин давраи хеле кӯтоҳ рост меояд. Аз ин рӯ, он бо душвориҳои зиёд, ҳам барои наврас ва ҳам барои калонсолон мегузарад. Худ қазоват намоед, дар як давраи нисбатан кӯтоҳ аз cap гузаронидани тамоми тағйиротҳои куллию ҷаҳишӣ, ки дар организми наврас ба вуҷуд меоянд, аз ҷумла дар кори системаҳои дилу paг, нафаскашӣ, такяву ҳаракат, системаи асаб, кори нимкураҳои майнаи cap, фаъолияти мушакҳои бадан, ғадудҳои ҷинсӣ, мубодилаи моддаҳо, ҳамчунин, ба кори худ шуруъ намудани ҳормонҳои ҷинсӣ ва ғайра албатта, таҳаввулоти зиёд ба миён меоянд. Илова ба ҳамаи ин дар баробари тағйироти физиологӣ, як қатор дигаргуниҳои равонӣ низ мушоҳида мегарданд. Аз ҷумла, дар ҳамаи ҳодисаҳои равонӣ, чӣ дар равандҳои психикиву (маърифатӣ), эмотсионалӣ-иродавӣ ва чӣ дар хусусиятҳои психикиву ҳолатҳои шахс.
Барои мисол, танҳо ҷараёни инкишофи ирода ва сифатҳо ё худ, хусусиятҳои иродавии характерро дида мебароем. Зеро даст задан ва ё назадани наврасон ба аъмоли бад (ҷинояту қонуншиканиҳо) бештар вақт аз инкишофи дараҷаи он вобастагӣ дорад. Бояд изҳор дошт, ки сустиродагӣ назар ба тамоми дигар давраҳои таҳсил маҳз дар давраи наврасӣ ба чашм мерасад. Ногуфта намонад, ки ирода дар ин давра худ аз худ суст намешавад, балки тағйир ёфтани мавқеи наврасон дар муҳити атроф (хосатан дар оила) ва мураккаб гаштани фаъолияти таълимӣ, инчунин, дигар намудҳои фаъолият, ҳамчунин, зиёд шудани талабот нисбати онҳо чӣ аз тарафи омӯзгорону волидон ва чӣ аз муҳити атроф дараҷаи баланди ташаккули сифатҳои иродавиро тақозо мекунад ва ҳамзамон, ҳолати мазкур боиси он мегардад, ки дар назари одӣ гуё ирода дар ин давра худ аз худ суст мешуда бошад.
Ба ҳамин монанд тағйирот дар дигар тарафҳои ҳодисаҳои равонӣ низ ба амал омада, барои содир гаштани ҷиноят аз ҷониби наврасон замина мегарданд. Дар натиҷаи баамалоии тағйироти номбаршуда ахлоқи наврасон низ дигар мешавад ва дар рафтори онҳо бисёр вақт баъзе аз хислатҳои манфӣ падид меоянд. Ин раванд иродаи наврасонро ба ҷинояткорӣ моил мегардонад ва аз ҳамин ҷост, ки онҳо аксар вақт бо таъсири атрофиён, бахусус ҳамсолон дода шуда, илова бар ин, аз сабаби таъсири баъзе омилҳои иҷтимоӣ даст ба ҷинояту халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар қонуншиканиҳо мезананд.
Лозим ба таъкид аст, ки қисми зиёди ҷиноятҳое, ки бо айбдории ноболиғон ба вуқӯъ мепайванданд, аз ҷониби наврасони ба қавле «душвортарбия» ба амал меоянд. Илми равоншиносӣ кайҳо боз собит намудааст, ки набояд тағйироти дар организми наврас бавуҷудомада сабаби «душвортарбия» гаштани наврасон ва ба қонуншиканӣ даст задани онҳо дониста шаванд, зеро онҳо фақат ҳамчун замина барои каҷрафторӣ хизмат мекунанду халос.
Илова бар ин, илми криминология низ дар навбати худ исбот намудааст, ки ҳеҷ гоҳ дар вуҷуди инсон табиати ҷинояткорӣ дида намешавад, балки ин падидаи номатлуб танҳо дар натиҷаи тарбияи нодурусти падару модар ва таъсири бади шароити муҳити иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд.
Аз ин хотир, тарбиятгаронро мебояд бо дарки амиқи ҳамин гуфтаҳо дар айёми наврасӣ ба хотири ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли наврас пайваста тадбирҳои судманд андешида, баҳри дар ниҳоди онҳо пайдо шудан ва инкишоф ёфтани ахлоқи накӯ ва рафтору одоби ҳамида саъю талош варзанд. Ба ин маънӣ Абушакури Балхӣ фармудааст:
Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон
Бигардонад ӯро, чу хоҳад чунон.
Чу гардад калон, боз натвонадаш,
Ки аз кажжию хам бигардонадаш.
Илми ҳуқуқшиносӣ ба ҷойи истилоҳи “наврас” бештар мафҳуми “ноболиғ”-ро ба кор мебарад. Аз нигоҳи ин илм давраи ноболиғӣ синну соли 14-18-соларо дар бар гирифта, кӯдакони ҳанӯз ба синни 14-солагӣ нарасида хурдсол маҳсуб меёбанд. Вале новобаста аз ин даврабандиҳо, чӣ аз нигоҳи улуми педагогию исихологӣ ва чӣ аз нигоҳи илми ҳуқуқшиносӣ, тибқи моддаи 1, қисми якуми «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак» ашхоси ба синни 18-солагӣ нарасида кӯдак дониста шудаанд.
Мувофиқи таълимоти илми ҳуқуқшиносӣ ҳуқуқвайронкунӣ ду намуд дорад: ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ.
Аслан қонуншиканиҳое, ки аз тарафи наврасону ноболиғон ба қайд гирифта мешаванд, бештари онҳо характери маъмурӣ доранд, вале ҳуқуқвайронкуниҳои характери ҷиноятидошта, низ кам нестанд.
Бояд гуфт, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуқуқвайронкунии нисбатан сабук буда, зарари он ба давлат, ҷамъият ва шахсият камтар аст, аз ин рӯ, содиркунандагони он соҳиби доғи судӣ намегарданд.
Ҷиноят намуди вазнини ҳуқуқвайронкунӣ буда, ба давлат, ҷамъият ва шахсият зиёни ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, содиркунандаи он дар ҳолати мукаллафӣ ва ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синну соли муқарраршуда расидан аз рӯи дараҷаи вазнинии ҷиноят тибқи қонунгузории ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Тавре аз маводҳои тафтишотиву суҳбати мутахассисон ва таҳлили манбаъҳо бармеояд, ҷиноятҳое, ки аз ҷониби наврасону ноболиғон, чӣ дар алоҳидагӣ ва чӣ аз тарафи гурӯҳи наврасон содир мешаванд, маъмулан дуздии амволи ғайр, ғоратгарӣ, роҳзанӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ ба шахсони алоҳида, таҷовуз ба номус, авбошӣ ва баъзан одамкушӣ мебошанд. Ин ҷо лозим ба тазаккур аст, ки одатан дар наврасон, вобаста аз тарбияи оилавӣ, хислати худпарастӣ ва молпарастиву пулпарастӣ дида мешавад, ки ин аз сабаби дар чунин рӯҳия тарбия ёфтани наврасон, яъне дар натиҷаи аз тарафи волидайн манбаи хушбахтӣ дониста шудани пулу мол, ҳамчунин, аз тарафи аъзоёни оила барои ба даст овардани даромади бештар пайваста талош варзидан, ки инро сохти ҷомеаи сармоядорӣ тақозо мекунад, ба ғайр аз ин, тамошо кардани филмҳои ҳунарие, ки тарғибгари ҳамин хислат ҳастанд, падид меоянд.
Наврасоне, ки бо ҷурми даст доштан ба содир кардани ҷиноят боздошт мешаванд, аксаран ба дуздии амволи ғайр даст мезананд. Табиист, ки ин намуди ҷиноят неруи зиёди ҷисмониро талаб намекунад, аз ин рӯ, он метавонад ҳанӯз аз хурдсолӣ дар рафтори бача мушоҳида гардад ва саривақт аз ҷониби калонсолон ислоҳ нагардидани ин амал ва борҳо такрор ёфтани он, метавонад тадриҷан ба одат табдил ёбаду дар солҳои наврасӣ боиси бештар ба ин намуди ҷиноят даст задани ноболиғон гардад.
Сабаби асосии рӯ овардани наврасон ба ҷинояткорӣ бекорӣ аст. Дар ин робита педагоги машҳури рус А.С.Макаренко ба муаллимон муроҷиат карда изҳор доштааст, ки шогирдонро ҳаргиз бекор нагузоранд, доимо аз онҳо илму дониш талаб кунанд.
Дар радифи ин сабабҳо яке аз омилҳое, ки аз ҳама бештар боиси ҳуқуқвайронкунии наврасон мегардад ва ин ҷо онро мебояд махсус таъкид кард, дар сатҳи ниҳоят паст қарор доштани донишу фаҳмиши ҳуқуқии онҳо ва дар хусуси аъмоли характери ҷиноятидошта тасаввуроти кофӣ надоштанашон мебошад.
Хело зарур аст, ки шуруъ аз таҳсили хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ ба тарбияи ҳуқуқии онҳо диққати ҷидди дода шавад. Зеро хонандагони хурдсол ҳанӯз аз ҷиҳати психологӣ сусту ноустувор ҳастанд ва ба ҳар гуна рафтору кирдор зуд майл мекунанд. Бинобар ин, аз ҷиҳати ахлоқию ҳуқуқӣ инкишоф додани онҳо амри зарурист. Ин гуфтаҳоро бо мақоли халқии «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» тақвият бахшидан мумкин аст.
Наметавон як чизро нодида гирифт ва ин ҳам бошад, нақши воситаҳои ахбори омма дар болоравии савияи дониши ҳуқуқии наврасон мебошад. Воқеан, имрӯз васоити ахбори омма дар ҳаёти аҳли ҷомеа аҳамияти ниҳоят калон доранд. Дар ҳамин замина, нақши онҳоро дар тарбияи ҳуқуқӣ ва боло рафтани дараҷаи дониши ҳуқуқии наврасон махсус бояд таъкид намуд. Агар дар бораи шабакаҳои интернетӣ андеша кунем, мебинем, ки қариб ҳамарӯза аз тариқи шабакаҳои гуногуни хориҷӣ барномаву филмҳои ҳуҷҷативу бадеии зиёд намоиш дода мешаванд, ки дорои мазмуну мундариҷаи ҳуқуқии криминилистикӣ ҳастанд. Албатта, тамошо кардани ин қабил наворҳо, аз як тараф, манфиатбахш бошад ҳам, аз тарафи дигар, метавонанд ба ахлоқи наврасон таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, падару модаронро зарур аст, ки истифодаи дурусти интернетро ба фарзандон фаҳмонанд, дар ин маврид ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд ва дар ин робита тадбирҳои мушаххасро амали кунанд.
Акрамов Акмалҷон – сардори шуъбаи
таълими муассисаи хусусии таълимии
Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон
дар ноҳияи Ёвон