Субҳиддин Иззатов, директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон
Дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчуни зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халадор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонид. Бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд, ки ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии мамлакат таъкидҳои судманд намудаанд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳои хеш таъкид дошта буданд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Бо мақсади мустаҳкам намудани сиёсати зиддикоррупсионӣ ва таҳкими асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мубориза бо коррупсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул ва мавриди амал қарор дода шуданд. Аз ҷумла, дар амалияи кишвари мо масъалаи мубориза ва муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб сараввал бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва баъдан бо таъсисёбии Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» фазои зиддикоррупсионии кишвар ва заминаҳои ташкилию ҳуқуқии он мустаҳкам карда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки ин зуҳуроти нангини ҷомеа аз қадимтарин замонҳо, ки ҷомеаи башарӣ тағйиротҳои гуногун ва пешравиҳои зиёдро ноил гашт, арзи вуҷуд карда, то имрӯз решаҳои худро мустаҳкам кардааст. Коррупсия, ки он як навъи фасодкорист, маънои табоҳӣ, харобӣ ва вайрониро медиҳад. Ин падидаи зишт ба хилофкорӣ, харобкунӣ ва монеъшавии пешрафти ҳама самтҳои ҷомеа монеъ шуда, аз сӯи ашхосе, ки масъул ва ё соҳибқудратанд, ҷиҳати ба ҳадафҳо ва манфиатҳои шахсии хеш расидан анҷом дода мешавад. Ниёгони мо дар осорашон ҳамеша тарбияи инсондӯстӣ, инсонпарварӣ, поктинатӣ ва беғаразиро талқин намудаанд, мавзӯи ришваро падидаи зишту нангин дониста, бо он ба шиддат бархурд кардаанд.
Саъдии бузургвор, ки ашъораш саросар панду андарз аст, ба инсоният хитоб карда чунин гуфтааст:
Бигӯ он чи донӣ, ки ҳақ гуфта беҳ,
На ришват ситону на ришват бидеҳ.
Воқеан, халқи тоҷик аз қадимтарин замонҳо бо давлатдории хеш арзи ҳастӣ карда, дар рушд ва инкишофи ҷомеаи башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Зикри ин нукта муҳим аст, ки ин халқи тамаддунофар дар бартараф намудани на танҳо ҳодисаҳои коррупсионӣ, балки дар пешгирии ҳамагуна амалҳои номатлуб дар ҷомеа заҳматҳо кашидаанд, то як ҷомеаи солимфикрро бунёд созанд. Маҳз, кӯшишу талошҳои абармардони ин миллат буд, ки то имрӯз ин халқи бунёдкор тавонистаанд дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ мақом ва нақши худро гузоранд. Ба ибораи дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, дар муборизаи бе амон бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, решакан кардани пояҳои он ва тақвият бахшидани тафаккури ахлоқию ҳуқуқии мардум нақши бориз гузоштааст. Аз ин хотир барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои корупсионӣ ҳамаи моро зарур аст, ки дар ин кори басо муҳим бетараф набошем ва дар ин самт бо фаъолияти масъулиятноки хизматӣ саҳми худро гузорем.