Тасвир фаъол/хомӯш Шрифт A A A Фон С С С С Танзимотҳо
Фосилаи ҳарф (Кернинг) СТАНДАРТ МИЁНА КАЛОН
Фосилаи сатр ЯК ЯКУНИМ ДУ
Шрифт интихоб кунед ARIAL TIMES NEW ROMAN

Коллеҷи технологӣ -
фарматсевтии Тоҷикистон

Меню

Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба қоллеҷи технологӣ - фарматсевтии Тоҷикистон

Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба  коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон   барои соли таҳсили 2020-2021 дар асоси моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳия карда шудааст.

Қабули  довталабонро тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Ба коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон  хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, (шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ ва шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон) қабул  карда мешаванд.

  1. Довталабон дар як вақт танҳо ба як муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқи ҳуҷҷат супориданро доранд.
  2. Қабули донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои шартномавӣ дар доираи замимаи иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки дар он теъдоди қабул муқаррар карда шудааст, амалӣ менамоянд.
  3. Бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабон комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабули муассисаи таълимӣ директори  он  мебошад.   Дар вақти набудани раис ваколатҳои  ӯ ба зиммаи ҷонишини раис (ҷонишин оид ба корҳои таълим) гузошта мешавад.
  4. Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбиро дар хориҷа гирифтаанд, баъд аз эътирофи баробарарзишии ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (шаҳодатнома), метавонанд ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.
  5. Довталабони гурӯҳҳои шартномавӣ баъди пардохт намудани маблаѓи таҳсил  тибқи  талаботи  қарордод ба муассисаи таълимӣ қабул карда мешаванд.

Суроға :

Кӯчаи Асаддуло Ғуломов 172А, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон
Телефон барои тамос: (83141) 2-12-29 / 2-38-78.
Почтаи электронӣ: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон