Вкл/Выкл изображения Шрифт A A A Фон Ц Ц Ц Ц Настройки
Интервал между буквами(Кернинг) СТАНДАРТНЫЙ СРЕДНИЙ БОЛЬШОЙ
Интервал между между строками ОДИНАРНЫЙ ПОЛУТОРНЫЙ ДВОЙНОЙ
Выберите шрифт ARIAL TIMES NEW ROMAN

Технолого – фармацевтический
колледж Таджикистана

Меню
Муассис

investor

Акбар Асадулло 5 феврали соли 1981 таваллуд шудааст. Соли 2002 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос, соли 2007  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак.М.С.Осимиро бо ихтисоси сохтмончӣ ва соли 2013 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст.

Директори силсилакорхонаҳои "Ғаюр Семент", ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва узви Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад.


Директор

izzatov

Изатов Субҳиддин Икромиддинович 1 январи соли 1995 дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2019 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси “Журналист” хатм намудааст.

Дар вазифаҳои зерин кору фаъолият намудааст: нозири шуъбаи кадрҳо дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон (2016-2018), муовини директори Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон оид ба тарбия (аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи ноябри соли 2021).

Аз моҳи ноябри соли 2021 ба вазифаи директори Коллеҷи технологӣ - фарматсевтии Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Почтаи электронӣ: izatov-2017@mail.ru

Телефон: (83141) 2-12-29


Муовини директор оид ба таълим

yakubova

Якубова Саида Хайруллоҷоновна Соли 1985 дар шаҳри Душанбе дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2008 факултети математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгор намудааст.

Дар вазифаҳои зерин кору фаъолият намудааст: омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дар Гимназияи “Хуршед”-и шаҳри Турсунзода (2009-2010), омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дар Гимназияи “Ворисон”-и шаҳри Турсунзода (2010-2011), омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дар Гимназияи “Хуршед”- и шаҳри Турсунзода (2011-2014), омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ёвон (2014-2018).

Аз моҳи августи соли 2018 ба вазифаи муовини директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон оид ба таълим таъйин гардидааст.


Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ

yakubova

Раҷабзода Файзиддин Маҳмадӣ6 декабри соли 1966 ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар мактаби рақами 10-и ноҳияи Ёвон гирифтааст.

Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад (1991).

Дар вазифаҳои зерин кор кардааст: омӯзгори фанҳои забону адабиёти тоҷик ва матни классикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 10, 1, Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ва Гимназияи хонандагони лаёқатманди ноҳияи Ёвон (1991-2009), сармутахассиси Бахши фарҳанги ноҳияи Ёвон (2009-2011), мутахассиси пешбари Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон (2011-2012), мудири Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон (2012-2013), сармутахассиси Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон (2013-2019), мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвон (2019-2022).

Аз 2 феврали соли 2022 ба вазифаи муовини директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ таъйин гардидааст.

Намунаи ашъораш дар маҷмӯаҳои дастҷамъонаи «Армуғони ғазал» (2012), «Дурдонаҳои Ёвон» (2014), “Кохи паймон” (2017), “Суханварони водии Ҳисор” (2021) ва очерку мақолаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ба табъ расидаанд.

Мураттиби маҷмӯаи «Дурдонаҳои Ёвон» (2014), муаллифи китобҳои «Зафармандон» (2015) ва «Ахтари иқболи Ёвон» (2016) мебошад.

Китобҳои “Зершуур”-и нависандаи амрикоӣ Ҷон Кехо, “Бемориятро дӯст дор”-и нависандаи рус Синелников В.В. ва “Археологическая карта Таджикистана. Яванский район”-и Академияи илмҳои Тоҷикистонро аз русӣ ба тоҷикӣ баргардонида, дар нашри 7 китоб ҳамчун мусаҳҳеҳ ва муҳаррир иштирок кардааст.


Муовини директор оид ба корҳои тарбия

ibragimov

Ибрагимов Муҳаммадҷон Исломович 06.02.1995 дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар мактаби №1-и ноҳияи Ёвон гирифтааст.

Хатмкардаи факултети фалсафа, ихтисоси менеҷменти сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад (соли 2016)

Дар вазифаҳои зерин кор кардааст: омӯзгори фанҳои фалсафа ва сиёсатшиносии Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон (2016-2017), омӯзгори фанҳои фалсафа ва сиёсатшиносии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон (2018-2019), танзимгар, муовини декани факултети технологӣ-фарматсевтии Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон (2019-2021).

Аз 1 ноябри соли 2021 ба вазифаи муовини директор оид ба корҳои тарбия таъйин гардидааст.


Декани факултети технологӣ - фарматсевтӣ

ibragimov

Бобошоев Бобоёр Каромович 24 августи соли 1962 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Соли 1984 Институти педагогии давлатии Душанбе бо номи Т.Т.Шевченкоро (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) хатм намудааст.

Дар вазифаҳои зерин кор ва фаъолият кардааст: омӯзгори фанҳои забон ва адабиёти рус дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 -и ноҳияи Ёвон (1984-1986), муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 -и ноҳияи Ёвон (1986-2009), директори маркази минтақавии рӯзонаи “Умед” барои маъюбон ва калонсолони ноҳияи Ёвон (2010-2013), мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон (2016-2017), мушовири шуъбаи кадрҳо дар шуъбаи маориф, ноҳияи Ёвон (2017-2018), эдвайзер дар Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон (2019-2020).

Аз моҳи апрели соли 2020 ба вазифаи декани факултети технологӣ-фарматсевтии Коллеҷи технологӣ – фарматсевтии Тоҷикистон таъйин гардидааст.


Декани факултети умумитиббӣ

ibragimov

Раҳмонов Қудратулло Сунатуллоевич 18-уми декабри соли 1994 дар ноҳияи Ёвон ҷамоати Ҳасан Ҳусенов деҳаи Ширинчашма дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. 1-уми сентябри соли 2001 ба мактаби миёнаи умумии рақами 10 ба номи Файз Усмонов ба синфи якум қадам монда соли 2012 ҳамин муассисаро хатм намудааст. Барои идомаи таҳсил соли 2012 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино дохил шуда соли 2018 хатм намудааст. Дар рафти таҳсил ба ҳайси бардори тиб дар муассисаҳои Беморхонаи кудаконаи то мактабӣ ва Қарияи боло фаъолият намудааст. Моҳи августи соли 2018 дар беморхонаи Истиқлол ба интернатурии касбӣ рафта моҳи августи соли 2019 бо касби “табиби Кӯдакона” ин муассисаро хатм намудааст.

Моҳи сентябри соли 2019 ба Коллеҷи технологӣ-фарматсевти Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгори фанни анатомияи одам ба кор шурӯъ намуда аз моҳи августи соли 2021 то инҷоб ба ҳайси декани факултети “Умумитиббӣ” фаъолият менамояд.

Бояд қайд намуд ки Раҳмонов Қудратулло Сунатуллоевич ба ҳайси табиби кӯдаконаи навбатдор дар беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон фаъолият менамояд.


Популярные материалы

Адресс :

Хатлонская область, Яванский район, улица Асаддуло Гуломова 172А
Контактный телефон: (83141) 2-12-29/2-38-78
Электронная почта: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Технолого - фармацевтический колледж Таджикистана