Вкл/Выкл изображения Шрифт A A A Фон Ц Ц Ц Ц Настройки
Интервал между буквами(Кернинг) СТАНДАРТНЫЙ СРЕДНИЙ БОЛЬШОЙ
Интервал между между строками ОДИНАРНЫЙ ПОЛУТОРНЫЙ ДВОЙНОЙ
Выберите шрифт ARIAL TIMES NEW ROMAN

Технолого – фармацевтический
колледж Таджикистана

Меню
Национальная армия - защитник отечества

23.02.2023 дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи идонаи фарҳанги баргузор карда шуд.

Директори муассиса Иззатов Субҳиддин ҷомеаи омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба ин муносибат табрик гуфта, аз ҷумла зикр намуд: “Артиши миллии Тоҷикистон солҳои навадуми асри XX, замоне ки нав ташкил ёфта буду таҷрибаи кофӣ надошт, ба имтиҳони бузурге рӯ ба рӯ гардид. Хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ аз афсарону сарбозони артиш таҷриба ва малакаву маҳорати бениҳоят калонро тақозо мекард. Хушбахтона, бо тадбирандешиҳои роҳбарияти олии мамлакат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки вазифаҳои дар наздаш истодаро сарбаландона ҳаллу фасл карда, сулҳу суботро дар қаламрави Ватани мо таъмин намояд.

Ҳамчунин, ба мову шумо маълум аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон чандин маротиба душманони дохилию хориҷӣ бо мақсади халалдор кардани вазъи сиёсии мамлакат ва ба вуҷуд овардани табаддулоти давлатӣ кӯшишҳои мусаллаҳона анҷом доданд, вале ин қувваҳои бадхоҳ ба муқобилияти шадиди Артиши миллӣ рӯ ба рӯ омада, шармандавор шикаст хӯрданд.

Имрӯз ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи амнияти давлат, таъмини суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакатро шарафмандона иҷро мекунанд ва тавассути фидокориҳои онҳо Тоҷикистони маҳбуби мо рӯз то рӯз ободу зебо мегардад”.

Ба истиқболи ин санаи фархунда як қатор мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили дастхобонӣ, шоҳмотбозӣ, шашкабозӣ, бандкаши ва турниккашӣ баргузор гардида, ғолибон бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Барномаи консертии “Мо ҳомии Ватанем”, ки аз ҷониби донишҷӯён таҳия гардида буд, ба ин чорабинии фарҳангӣ ҳусну таровати тоза бахшид.

Популярные материалы

Адресс :

Хатлонская область, Яванский район, улица Асаддуло Гуломова 172А
Контактный телефон: (83141) 2-12-29/2-38-78
Электронная почта: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Технолого - фармацевтический колледж Таджикистана