Вкл/Выкл изображения Шрифт A A A Фон Ц Ц Ц Ц Настройки
Интервал между буквами(Кернинг) СТАНДАРТНЫЙ СРЕДНИЙ БОЛЬШОЙ
Интервал между между строками ОДИНАРНЫЙ ПОЛУТОРНЫЙ ДВОЙНОЙ
Выберите шрифт ARIAL TIMES NEW ROMAN

Технолого – фармацевтический
колледж Таджикистана

Меню

Колледж

ҶДММ "Коллеҷи технологӣ - фарматсевтии Тоҷикистон" Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Акбар Ғуломов дар доираи дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, 6 сентябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.

Колледж

Коллеҷ аз ду бинои панҷошёна иборат буда, дар он 78 синфхонаи таълимӣ, 8 утоқи корӣ барои омӯзгорон, 8 утоқи кории мудирони кафедра, 8 маҷлисгоҳи хурду калон, 6 озмоишгоҳ, 2 китобхона, ошхона, бойгонӣ ва майдончаи варзишии тобистонаю зимистона сохта шудаанд. Имрӯз Коллеҷ аз рӯи 14 ихтисосҳо фаъолият менамояд. Дар муассиса ба ҳар як кафедра як синфхона вобаста шудааст, ки онро вобаста ба моҳият ва хусусиятҳои ихтисосҳое, ки аз рӯи он кафедра мутахассис тайёр мекунад, ҷиҳозонида, аз ҷиҳати методӣ низ бо лавҳаю овезаҳо оро дода шудааст. Инчунин дар назди кафедраи “Табии–риёзӣ” синфхонаи электромеханика ва дар назди кафедраи “Умумитиббӣ” лабораторияи таҷҳизонидашуда, лабораторияи кори дандонсозӣ, синфхонаҳои кори ҳамширагӣ, момодоягӣ ва фарматсевтӣ бо тамоми таҷҳизотҳои лозима ташкил карда шуда, дарсҳо амалӣ гузаронида мешаванд.

Колледж

То ба имрўз барои беҳтар гардидани раванди таълим дар коллеҷ 87 синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла синфхонахои “Химия”, “Биология”, “Биофизика”, “Кимиёи биологӣ ва биоорганикӣ”, “Баҳисобгирии бухгалтерӣ”, “Технологияи иттилоотӣ”, “Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсоли химиявӣ”, “Анатомия ва физиологияи одам”, “Физика”, “Алгебра”, “Забони русӣ”, “Забони хориҷӣ”, “Забони тоҷикӣ”, “Таърих”, “Ҳуқуқ”, “Ботаника”, “Анатомияи одам”, “Лабораторияи таҳлилӣ”, “Технологияи дорусозӣ” ва “Технологияи мошинсозӣ” мувофиқи таъиноташон бо ашёи таълимӣ ва лавҳаю овезаҳо таъмин мебошанд.

Популярные материалы

Адресс :

Хатлонская область, Яванский район, улица Асаддуло Гуломова 172А
Контактный телефон: (83141) 2-12-29/2-38-78
Электронная почта: ktehfarm@mail.ru
© 2024 Технолого - фармацевтический колледж Таджикистана