Имрӯз садорат ва аҳли омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон дар қатори дигар ташкиллоту муассисаҳо Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорро бо доирнамудани чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ истиқбол намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ, директори Коллеҷ Субҳиддин Изатов суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки забон пояи асосии миллат ва воситаи интиқоли дониш, фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ мебошад. Омӯзгор бошад шахсе маҳсуб мешавад, ки ин забон ва донишро ба наслҳои оянда бе газанд бурда мерасонад. Гиромидошти забон ва омӯзгор дар як рӯз тасдиқи он аст, ки миллат бе забон ва бе муаллим наметавонад рушд кунад ва ояндаи пойдор дошта бошад.
Гуфташуд, ки ин рӯз натанҳо як сана дар тақвим, балки рӯзест барои ба ёд овардани бузургии шахсиятҳое, ки бо меҳру муҳаббат ва дили соф рисолати олии омӯзгориро бар дӯш доранд. Омӯзгор шахсияти муқаддасест, ки на танҳо илм меомӯзад, балки шахсият тарбия мекунад, ахлоқ меомӯзад ва ба шогирдонаш роҳи зиндагиро нишон медиҳад.
Дар қисмати фарҳангии ин чорабинии сатҳи баланд, саҳнаи театркунонидашуда, қироъати шеърҳо дар васфи забони модарӣ ва шахсияти муътабари омӯзгор, суруду рақсҳои дилнишину диданӣ, ки аз ҷониби донишҷӯёни КТФТ манзури ҳозирин карда шуд, ба чорабинии Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор шукӯҳи дигар зам намуд.




